Аз манфиати адабиёти бадеӣ то роҳу равиши мутолиаи китоб

Як ҳақиқати бебаҳс: маҳз китоб аст, ки инсонро донишманд мекунад ва ҳар қадар миқдори донишмандон афзуд, ҷомеа низ ба сӯйи зиндагонии шоиста таҳаввул хоҳад кард. Ҳадафи ниҳоӣ аз китобхонӣ ҳамин аст. Аммо чаро маҳз тавассути адабиёти бадеъ — осори мансуру манзум ва намоишиву саҳнавии мардумони гуногуни олам? Чунки маҳз каломи бадеъ имкони бозтоб додани воқеиятро ба воситаи тафаккури образнок ё нақши парвардаи хаёл дорад, ки дар дигар соҳоти фарҳанги маънавӣ чунин нест.

Адабиёт тақлиду муҳокоти зиндагист ва ин сухани Арасту то кунун пойбарҷост, ки «одамон аз дигар мавҷудоти олам аз он ҷиҳат тафовут доранд, ки бештар ба муҳокот майлу рағбат доранд», маърифати ибтидоиву аввалияи ҳаёт тавассути муҳокот ва тақлид сурат мегирад, ки натоиҷи он ҳамин аст, ки «ба ҳамагон ҳаловат мебахшад».

Осори ҳунарӣ аз он ҷиҳат ба инсон таъсир мекунад, ки тавассути покизагардонӣ ё тамизи қалбу руҳ одамро аз асорати шавқу шӯр ва эҳсосоти баду ногувор раҳо мекунад. Яке аз хадамоти бузурги Арасту ин буд, ки робитаи ҳунарро бо маънавияти инсонӣ дар мадди назар мегузошт. Гумон мекунам, ки чизи аз ҳама муҳим дар осори фикрии ин нобиғаи башарият ҳамин аст, ки аҳаммияти тарбиятӣ доштани адабиётро махсус таъкид карда, такмил додани инсонро аз нигоҳи ахлоқ рисолати аслии адабиёт мешуморид.

Мутафаккири бузурги олмонӣ Иммануил Кант ҳам дар замонаш бузургии адабиётро дар он медид, ки маҳз адабиёти бадеӣ иқоъ ё гармонияи миёни озодиву заруратро дар кайҳони одамӣ таъмин мекунад. Дигар бузургони андеша аз мактаби инсоншиносӣ ва беҳтарин коргоҳи шахсиятсозӣ будани каломи бадеъ сухани бисёр гуфтаанд.

Албатта, дар мавриди он ки хеле аз ҳунарҳои эҷодӣ, аз қабили манзаранигориву муҷассамасозӣ, мусиқаву наққошӣ ва меъмориву театру синамо ва ғайра инсонҳоро яксар ба дунёи зебоиҳо раҳнамун месозанд, сухан афзун аст, аммо дар ин миёна адабиёти бадеӣ вижагиҳои хосса дорад, ки беҳтару рӯшантар аз дигар ҳунарҳост: одамро ба кореву амале такон медиҳад, ахлоқи ӯро мукаммал месозад, ба ваҷд меорад ва тадбирҷӯ мекунад.

Дар ин дунёи тасовир инсон ҳамеша худро меҷӯяд ва дарёфтан мехоҳад. Ва, ҳамчунин, ҳалли он масъалаҳоеро меҷӯяд, ки мудом дар хаёли ӯст: чаро инсонҳо чунинанд, на чунонки бояд бошанд, чаро асли зиндагии одамӣ бо вуҷуди чиҳил ҳазор соли мавҷудияти фарҳанг то кунун ба нафъи як инсони хокӣ ва одӣ нест ва ғайра.

Адабиёт арсаи афсункориҳост ва инсон ҳамеша ба афсуну орзуву хушиҳои хаёлӣ майлеву рағбате дорад. Вақте ки «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте манзури мардум шуд, бисёр ҳамзамононаш ба ин ақида устувор буданд, ки ин шоири рангинхаёл бояд дӯзахро худаш дида бошад. Зеро тасвир фавқулода табиӣ ва боварбахшу пурэътимод буд.

Аксар иқтисоддонҳои Аврупо қабл аз он ки аз масъалаҳои мубрами ин соҳа биандешанд, аввал ба осори Балзак рӯ меоварданд ва ҳамчун китоби дарсӣ романҳои ӯро аз бар мекарданд, чунки ҳама шикасту рехти дунёи сармояро ин нависанда бо хурдтарин ҷузъиёташ манзур мекард.

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро маҳз дар садаи ахир, дар рӯзгори мо жарфтар маърифат карданд ва хулоса бароварданд, ки агар зиндагии бидуни кину адоват, разму набард ва ҳамзистии осоишта мехоҳед, марҳамат, ин аст дастури зиндагии ростини башарият.

Бад-ин хулоса меоем, ки ҳоло беҳтар аз адабиёти бадеӣ дастури дигаре барои таъмиру тармими дунёи ботинии инсонҳоро надорем. Он ҳунарест ҳамагонӣ, ҳам барои суханшиносон, ҳам барои дигар ихтисосмандон, хоҳ физик бошаду хоҳ кимиёгар, хоҳ меъмор бошад, ё каси дигар…

Одамон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ (дар кадом шакл ё жанре бошад, хоҳ шеър бошад, хоҳ роман, хоҳ ҳикояи хурд ва ё масал…) аз он ҷиҳат саъй ва вақти қимат сарф мекунанд, ки дар он асарҳо бозтоби бадеии ҳама чизҳоест, ки барои одамон муҳим ва аҷиб аст.

Дар ҷумҳурӣ барои ба мутолиаи осори бадеъ ҷалб кардан мардум (аз хонандаҳои синфҳои 1-4 сар карда, то бознишастаҳо) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шаш сол боз идома дорад ва аллакай соли ҳафтуми ин сабқат оғоз шудааст. Ба ҷуз озмуни «Фурӯғ…», яъне, адабиёти бадеӣ боз даҳҳо озмуни дигаре ҳам ҳаст, ки мардум ба он ҷалб мешаванд, масалан, озмуни шавқмандони кимиёву физика, дигар улуми таҷриботӣ, суруду ашъори меҳандӯстона, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра.

Ба ин озмунҳо ҳам одамони зиёд меоянд, аммо танҳо онҳое меоянд, ки ба ҳамин соҳаҳо шавқу завқ ва назари худро доранд. Аммо ба озмуни адабиёт ҳама меоянд, ҳам намояндагони улуми табииву дақиқ ва ҳам ғайри онҳо, ҳам навраси мактабхон ва ҳам бознишаста. Чунки адабиёт табиатан ҳунари зебоиофаранда аст ва мардум ба зебоӣ аз Одам то ин дам таваҷҷуҳ доштанд ва то ҷомеаи башарӣ ҳаст, ҳамчунин, таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Ҳамин аст посухи кӯтоҳ ба суоли он ки чаро мардум ба адабиёти бадеӣ завқи бештар доранд ва чаро китоб хондан бисёр муҳим аст.

Суоле рӯ мезанад, ки чӣ тавр бояд китоб хонд. Хондан танҳо ба хотири хондан бадтарин кор аст. Китобро (фарқе надорад, ки асари бадеист ё фалсафӣ, ё чизи дигар) барои он мехонанд, ки касро андешаманд кунад, мисли он ки шумо шиновариро намедонед ва ғаввоси моҳире ин ҳунарро ба шумо ёд медиҳад. Яъне, бояд аз он ҳолате, ки доред, беҳтар зеҳну шуур ва тафаккури шумо рушд кунад, ба олами ашё назаратон густардатар бишавад. Баъди сад китоб хондан шумо бояд одами дигар бишавед, агар тағйире дар пиндору гуфтору рафторатон ба амал наомад, филфавр мутолиаро бас кунед, пас, роҳи шумо дигар аст, китоб барои шумо нест.

Пас чӣ навъ китоб бояд хонд, ки то дер (то дами марг, албатта) дар ёду хотира ҳифз шавад? Аввалин кор ёддошт (конспект) кардан аст: дафтари алоҳида гирифта, ҳар чизе, ки дар ёд мондааст, навиштан лозим аст, бигзор 2 саҳифа шавад ё 20 саҳифа, аҳаммият додан ба ин кор умуман даркор нест, ин кор худ аз худ бо гузашти айём танзим мешавад. Ёддошт кардан аз он ҷиҳат хуб аст, ки зеҳну ҳофиза ва умуман, мағзро баъди маризиҳои сар аз нав эҳё мекунад, набояд фаромӯш кард, ки бемории сар хатарноктарин маризӣ барои инсонест, ки заҳмати фикрӣ мекунад.

Дувум, китоб, ки хонда шуд, як рӯзи дароз дар бораи он фикр кардан лозим, худро маҷбур кардан зарур, ки дар ҳолу ҳавои ҳамон асар бимонед. Дар дафтари алоҳида баъзе ҷойҳо (лавҳаҳо, афкори судманд, такгӯйиҳо (монологҳо), тасвирҳои ҷаззоб, рафтору кирдорҳои ҷолиби шахсиятҳо, вижагиҳои андеша ва забони персонажҳо, сухани муассири муаллиф, эпизодҳо ва ғайраҳоро) сабт кардан ба нафъи кор аст.

Боз дафтари алоҳида гирифта, андешаи худатонро роҷеъ ба ин асар бинависед: чиҳо аз ин китоб ба шумо писанд омад ва чаро писанд омад, чӣ андешае дар шумо пайдо шуд, оё ин асар тақозои маънавии шуморо қонеъ кард ё накард. Агар, фаразан, лозим шуд, ки ин асарро маротибаи дувум хонед, дар ин ҳолат ҳам навиштани хулосаро фаромӯш накунед. Баъдан ҳарду хулосаро ба ҳамдигар қиёс бояд кард: аз қироати аввал то дувум чӣ андешаи тозае дар мағзи шумо пайдо шудааст.

Ниҳоят, дафтари сеюмро гирифта, мухтасар андешаи ноқидони ҳамон асарро ёддошт кардан хеле муфид аст: киҳо дар бораи ин асар чиҳо гуфтаанд, кадом ҷиҳатҳои асарро таҳлил кардаанд, ба чӣ хулоса омадаанд, оё хулосаву баррасиҳои мунтақидон ба андешаи шумо, ё хулосаи шумо дуруст меояд ё на?

Ин корҳо, ки анҷом шуд, баъдан китоби навро барои мутолиа ба даст бигиред.

Барои неруманд кардани ҳофи­заву хотира кӯшиш бояд кард, ки ҳар рӯз як байт (ду мисраи шеър) азёд карда шавад. Ин корро бидуни танаффус, ҳамарӯза иҷро бояд кард. Агар се сол пайиҳам ин амал иҷро шавад, неруи хотираи инсон ончунон қавӣ мегардад, ки дигар шумораи телефонҳоро ҳам дар ёд мегиред ва мазмуни ҳар китоби хондаатон (то номи шахсиятҳо ва лавҳаву эпизодҳо, андешаҳои бикри адиб ва ғайраву ҳоказо) то лаҳзаи вопасини умр аз ёд намеравад.

Ҷавонеро дида будам, ки мегуфт: фалону бисмадон корҳоро кунам, баъд якчанд китоб хоҳам хонд. Сухани мансабдоре то ҳол дар ёдам ҳаст, ки дар нишасте гуфта буд: ҳамин ки ба нафақа баромадам, дар нақша дорам, ки фақат китоб бихонам. Ҳарду ҳам иштибоҳ мекунанд, чун хондани китобро ба таъхир мегузоранд. Дар наврасиву ҷавонӣ китоб хондан айни муддаост, ин ҳамон марҳалаи умр аст, ки маҳз барои хондан муқаррар шудааст.

Бадахлоқиву бефаросатии аксар солмандон, касони ба марҳалаи пирӣ расида натиҷаи бидуни китоб пушти сар кардани ҷавониҳои онҳост. Ин қишр танҳо аз таҷрибаи зиндагӣ дониш гирифтаанд, ки хеле кам аст. Дониш ва таҷриба ду боле ҳестанд, ки агар яке набошад, парвоз кардани паранда имкон надорад. Аммо муқаддамтар аз таҷриба китоб аст, ки донишу фаросат ва маънавияти касро ҳосил мекунад.

Ҳафиз РАҲМОН,

устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон