Соли ҳафтум аст, ки дар фазои илму маориф ва фарҳанги Тоҷикистон бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома ёфта, барои дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, баланд бардоштани завқи китобхонӣ миёни ҷомеа, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва даҳҳо масоили марбут ба худогоҳию худшиносии ҷомеаи Тоҷикистон нақш мегузорад.
Озмун нишон дод, ки нигоҳи ҷомеаи кишвар дар ин муддат нисбат ба китобу китобхонӣ даҳҳо маротиба беҳтар гардида, мутолиаи осори бадеӣ ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Асолати таърихӣ, ки аз муҳаббат ба китобу китобхонӣ ва китобдӯстӣ тӯли ҳазорсолаҳо дар байни халқи тоҷик арзи ҳастӣ дошт, акнун аз нав эҳё гардида истодааст.
Фазои мусоид, оромию субот, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии мардум ва ҳавасмандгардонии ғолибони даврҳои озмун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо раванди бештар мутолиа ва азхуд намудани шеъру тарона, қиссаву достонҳо ва рӯ овардан ба омӯзиши осори ниёгонро миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа таҳрик бахшид.
Аз соли 2019 то соли 2024 барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 миллиону 301 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо гардид. Дар давоми 6 соли баргузории озмун (солҳои 2019-2024) 1153616 нафар довталаб дар ин озмун иштирок намуданд. Аз ин теъдод дар даври ҷумҳуриявӣ 509 нафар соҳиби ҷоизаҳо, аз ҷумла, 8 нафар ғолиби шоҳҷоиза (7 нафар духтар) гардида, ҳамзамон, аз соли 2021 ба омӯзгорони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки шогирдонашон соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ё шоҳҷоиза мегарданд, мукофоти пулӣ ба маблағи 10000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шудаанд.
Аз 1153616 нафар иштирокчии озмун дар давоми 6 сол 772923 нафарашон занону духтарон буданд, ки
67%-и довталабонро ташкил медиҳанд. Таъкид намудан баҷост, ки ин озмун барои вақт ҷудо намудан ва китоб хондани калонсолон, махсусан, омӯзгорон воситаи хубе гардида, фазои мусоидро барои баргардон шудани садҳо китоби осори ниёгон аз алифбои форcӣ-тоҷикӣ ба алифбои имрӯз, инчунин, тарҷума ва нашри садҳо асари адабиёти ҷаҳон шароит фароҳам овард.
Дар озмуни соли сипаришуда дар 5 номинатсия 20 нафар омӯзгор ғолиб омаданд.
Даври якуми озмун дар соли 2024, тибқи талаботи банди 12 Низомномаи озмун аз 13 то 18 март дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баргузор гардида, раванди баргузории он дар бештари ноҳияҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар муҳлатҳои муайян назорат карда шуд. Таъкид намудан зарур аст, ки дар як идда шаҳру ноҳияҳо тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва роҳнамоӣ намудани ҷомеа ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нест.
Дар даври якуми озмун дар соли 2024 дар муассисаҳои таълимӣ нисбат ба соли 2023 омодагӣ ва сатҳи маҳорату малакаи иштирокчиён хубтар бошад ҳам, дар баргузории даврҳои якум ва дуюми озмун бо саҳлангории мақомоти дахлдори бархе аз шаҳру ноҳияҳо доварони озмун ба камбудию норасоиҳо роҳ дода буданд, ки мавриди муҳокимаи ҷиддии Вазорати маориф ва илм қарор гирифтанд.
Аз шумораи 1153616 ғолиби даври якуми озмун дар соли 2024 49267 нафар, аз ҷумла, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1557 нафар (1023 зан/духтар), шаҳри Душанбе 5001 нафар (2992 зан/духтар), вилояти Суғд 19933 нафар (12609 зан/духтар), вилояти Хатлон 11445 нафар (7105 зан/духтар) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11331 (8132 зан/духтар) ба даври дуюм роҳхат гирифта буданд. Теъдоди мазкур дар даври аввали озмун аз ин миқдор метавонист зиёд бошад, агар шуъбаҳои фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, нашрияву дигар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ дар раванди тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва китобдӯстӣ фаъолтар амал мекарданд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои талаботи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2 январи соли 2025, №АП-709) ба тасвиб расидааст, нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ ва ситоди ҷумҳуриявии иҷрои низомномаи мазкурро (аз 10 январи соли 2025) тасдиқ намудааст.
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ба сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуда, дар сомонаи Вазорати маориф ва илм низ дар шакли электронӣ ҷой дода шудааст.
Ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмуни мазкур машварати дастурдиҳӣ барои ҳайати комиссия ва ҳакамон дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Бохтар, Хуҷанд, Ҳисор ва ноҳияи Рашт аз 18 март то 2 апрел ба нақша гирифта шуда, гурӯҳҳои тарғиботӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма ташвиқу таблиғи озмуни мазкурро ба роҳ мондаанд.
Таъкид менамоем, ки нисбат ба довароне, ки дар раванди баргузории озмун дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба дағалӣ роҳ дода ва ё ягон рукни тартиби баргузории озмунро вайрон сохтаанд, чораандешӣ ва дигар ба рӯйхати доварон ворид намегарданд.
Раванди баргузории ҳарсолаи озмуни мазкур нишон медиҳад, ки дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мутахассисони масъул нисбат ба баргузории он маълумот ва тасаввуроти хуб дошта, барои иҷрои саривақтӣ ва дурусти он кӯшиш менамоянд.
Ҳамзамон, дар ситоди онлайнӣ, ки бо иштироки сардорони раёсат ва мудирони бахшу шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ректорон ва директорони муассисаҳои таълимӣ баргузор мегардад, ҷиҳати таъмини иштироки хонандагон, донишҷӯён (бакалавр, магистр, аспирант) ва омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъкид карда мешавад.
Дар Низомномаи озмун тағйироту иловаҳо ворид гардида, соли 2025 озмун аз рӯйи 4 номинатсия доир ва номинатсияи эҷоди назм ва наср аз рӯйхати номинатсияҳо бо дарназардошти кӯтоҳ будани вақт барои эҷодкорӣ аз рӯйхат хориҷ карда шуда, ҳар ду ва ё се сол пас ворид мегарданд.
Даври дуюми озмун аз 1 май то 15 май гузаронида шуда, маълумот то 25-уми май бояд ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод гарданд.
Имсол озмун дар 4 номинатсия баргузор мегардад ва дар доираи талаботи низомномаи озмун бештар ба китобҳои хондаи довталабон аҳаммият дода мешавад. Махсусан, асарҳои насрӣ ва таъсири онҳо ба мафкураи хонандаи китоб, фикру назари шахсии довталаб дар бораи қаҳрамони асар, баҳо додани довталаб ба рафтору гуфтор ва ҳаракатҳои қаҳрамони мусбат ва ё манфии асар аз он талаботҳоеанд, ки довталаб дар озмун дарк карда тавонад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз марзанд ва тоҷикони бурунмарзӣ дар озмуни мазкур метавонанд тариқи ҳузурӣ ва ё онлайнӣ ширкат варзанд. Бо дарназардошти иштироки васеи тоҷикони бурунмарзӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ умр ба сар мебаранд, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тартиби иштироки онҳо дар Вазорати маориф ва илм таҳия гардида, тариқи сомонаи вазорат пахш хоҳад шуд.
Дар соли 2025 барои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 6 миллиону 670 ҳазор сомонӣ маблағ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Вобаста ба масъалаи мазкур сомонаи Вазорати маориф ва илм доимӣ фаъол буда, маводи марбут ба озмунро нашр ва фикру назари мутахассисон, андешаҳои ҷолиб ва манфиатовари марбут ба озмунро тарғиб хоҳад намуд.
Ҷалолиддин АМИР,
корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон