Айёми навбаҳор ва Наврӯзи хуҷастафол ба сарзамини озодагон қадам ниҳода, бо баҳору Хидирайём ҷаҳон-ҷаҳон суруру нишот ба рӯзгори мо ворид мешавад. Рӯзгори мо рангу ҷилои тоза мегирад, зеро баҳори сабзқабо мерасад, олам мешукуфаду гул мекунад. Расидани баҳори махмалдоман ва Наврӯзи гулпираҳан ба диёри озодагон, ба кишвари асилзодагон, ба Ватани тоҷикон рухдоди басе фархундаю фараҳомез мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ва ориёинажод ягон анъана ва ҳеҷ як расму ойине ҳамчун Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз бо худ пайки баҳорон, навои андалебон, сози чашмасорон, чакомаи борони найсон, рози ниҳони дилдодагон, овои хандаи беғаши тифлон, муждае ба Бобои Деҳқон, шукуфоии дашту гулистон меорад. Шогуни баҳор ва сабзрухсор аз суботу иттиҳод, аз ваҳдату ягонагӣ, аз бахти бедори миллати тоҷик пайғомрасон аст. Ҷашни Наврӯз ҷашни дӯстиву бародарӣ, иди ободию созандагӣ, рамзи ватандорию ватанпарастӣ ва баёнгари муҳаббату садоқат ба халқу Ватан арзёбӣ мегардад.
Барои мо мояи ифтихору сарафрозист, ки Наврӯзи олам дар миёни мардуми эронитабор, махсусан, тоҷикон арзи ҳастӣ намуда, фарҳангу тамаддун, расму ойинҳои сирф тоҷиконаро дар худ ғунҷондааст. Наврӯз овони шукуфоию сарсабзии табиат аст.
Наврӯз мувофиқи солшумории шамсӣ оғози соли нав аст, маънии «Наврӯз» — «рӯзи нав» инро далолат мекунад. Дар бораи таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни кӯҳанбунёд, расму ойин ва суннатҳои наврӯзӣ дар сарчашмаҳои адабию илмӣ маълумоти фаровон дода шудааст. Маълумоти ҷолиб роҷеъ ба он дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ ва дигар адибону олимони маъруф омадааст. Донишманди бузурги асри Х Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» нигоштааст: «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китоби «Ат-тафҳим» чунин овардааст: «…нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Гурӯҳе муҳаққиқон пайдоиши Наврӯзро ба рӯзгори Каюмарс мансуб медонанд. Албатта, дар бораи пайдоиши Наврӯз, ки таърихи зиёда аз панҷҳазорсола дорад, назарияҳои илмӣ, фарзияву ривоятҳои хеле бисёр мавҷуданд ва онҳо то андозае ба таърихи ҷашн равшанӣ меандозанд. Маълум мешавад, ки дар рӯзгор ва аҳди сулолаи Сосониён Наврӯз бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешудааст. Сулолаи Сосониён кӯшиданд, то расму анъана, маросимҳои бостонии мардуми ориёиро эҳё намуда, онро ҷилои тоза бахшанд. Аҷдодони фарҳангофару тамаддунпешаи миллати тоҷик дар дарозои таърих беҳтарин анъанаю маросим ва ҷашну ойинҳои худро маҳфуз дошта, дар густариш ва маъниофаринии онҳо хидмати бебадал анҷом доданд.
Дар бораи азамату шаҳомати Наврӯз таърихномаю китобҳои зиёде таълиф шудааст, аммо ҳанӯз ҳам доир ба ин ҷашни ориёиён, расму оину бузургдошти он, шукӯҳу ҷалоли он иттилои тоза падид меояд, ки бузургии онро собит месозад.
Ҷангибеки Улфатшоҳ,
«Омӯзгор»