Баҳор фасли нахустин ва зеботарини сол, айёмест, ки дар он осмони нилгун бо боронҳои пайдарпай фазо ва табиатро беш аз пеш муаттар мегардонад. Оби дарёҳо ва рӯдҳо ба хурӯш меоянд. Парандагоне, ки аз сардии ҳавои зимистон ба ҷойҳои гарм парвоз карда буданд, дубора ба маҳалли пешинаи худ бармегарданд. Оҳанги дилангези суруду таронаҳои кору меҳнат ва баҳор дар доманаи кӯҳу дараҳо, дашту водиҳо ва саҳроҳои паҳновар танин меандозад. Мурғони хушилҳон ба наво медароянд.
Наврӯз на фақат ба унвони аввали сол ва қосиди баҳор ва айёми пурбори тароватҳо ҷашн гирифта мешавад, балки ба ҳайси як падидаи паёмовари сарсабзиҳо, шодмониҳо, зебоиҳо, маҳзари ягонагӣ ва ҳамдилию ҳамфикрии одамон мебошад. Ҷашни Наврӯз инсонро ба ояндаи хушоянду фараҳбахш дилбаста месозад, завқи ӯро нисбат ба зиндагӣ ва кору меҳнат афзун мегардонад. Мардум чунин мешуморанд, ки тамоми ҳодисаву рӯйдодҳои фараҳбахш, ки дар давоми сол ҳам дар табиат ва ҳам дар ҳаёти ҷомеа ба вуқуь мепайвандад, аз Наврӯз маншаъ мегиранд.
Хулоса, мардуми Тоҷикистон баҳор ва нахустин рӯзи фарвардинмоҳ Наврӯзро ҳамеша арҷ мегузоранд ва гиромӣ медоранд. Агар баҳор айёми маҷмуи шодмониҳо, хушбахтиҳо ва фасли талошу тапишҳо, ишқу ошиқӣ ва таровату тозагиҳо бошад, Наврӯз иди сароғози муҳимтарин таҳаввулоти сол аст.
М. НИЁЗОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи инноватсия ва психологияи таҳсилоти АТТ,
номзади илмҳои филологӣ