Наврӯз ҷашни қадимтарини халқи тоҷик аст. Онро «иди сари сол» низ меноманд. Наврӯз зиёда аз 6 ҳазор сол қабл дар робита ба соҳаи кишоварзӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.
Наврӯз иди эҳёи табиат буда, ҳамчун ҷашни Соли нав низ шинохта мешавад. Ин ҷашн мақоми байналмилалӣ дарёфтааст ва онро акнун дар баробари мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон тамоми ҷаҳониён таҷлил мекунанд.
Дар давраи Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуд ва мо, тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои сулҳу ваҳдат бо шукргузорӣ таҷлил менамоем.
Наврӯз дар он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд,
Ёрон ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд,
Наврӯз дар он ҷост, ки аз кина асар нест,
Ёрон сари сархони фаровон ҳама ҷамъанд.
Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони муътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин, бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.
Яке аз анъанаҳои наврӯзӣ оростани хони «ҳафт син» мебошад. Ба таркиби ҳафтсин инҳо дохил мешаванд: сирпиёз, себ, сабзӣ, санҷид, сирко, суманак, сипанд.
Хӯрокҳои анъанавии наврӯзии мардуми тоҷик бештар аз анвои ғалладона пухта мешаванд. Чунончи, дар шаҳри Ҳисор аз гандуми кӯфта, нахӯд, лӯбиё ва баъзе гиёҳҳои хуштамъ, ба монанди райҳон, пудина, шулха, пиёз ва ғайра гандумкӯча мепазанд, ки онро дар дигар минтақаҳо далда (Кӯлоб), кашк (Яғноб), бон (Бадахшон), гуча (Панҷакент) ва ғайра ном мебаранд.
Омӯзишу таҳқиқи ҳаматарафаи Наврӯз дар шинохти амиқи тамаддун ва таърихи бостонии халқҳои ориёинажод дорои аҳаммияти махсус мебошад. Он ба мо имкон фароҳам меорад, ки аз моҳияту ҳикмат ва маъниву рамзҳои Наврӯз бештар огаҳӣ пайдо намоем, неруи ҳаётбахшу поксозии онро барои рушду такомули маънавию фарҳангӣ истифода созем .
Мақсудҷон ГУЛОВ,
сармутахассиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино