Наврӯз аз ҷумлаи писандидатарин идҳои миллии халқи тоҷик аст. Мардум онро ҳамасола бо омад-омади баҳор бесаброна интизор мешаванд. Табиат аз хоби ноз бедор шуда, барои расондани ризқу рӯзии мардум мусоидат менамояд. Халқи тоҷик Наврӯзро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо ин ҷашни хуҷастапай пайванд медонад. Тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва воситаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.
Наврӯз ба як рукни барҷастаи истиқлоли кишвар табдил ёфтааст. Ҳамвора густариш ва шуҳрат ёфтани Наврӯз нишонаи безаволию бузургии ин ҷашни аҷдодии мост. Хушбахтона, бо қарори бонуфузтарин ташкилоти умумиҷаҳонӣ – СММ ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид шуд ва 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Дар ин самт, кӯшишу заҳмат ва ташаббусҳои доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи мусбат ба бор оварданд.
Ҳамин тариқ, соли нави аҷдодии мо – Наврӯзи оламафрӯз иди байналмилалӣ эълон шуд. Ин, бегуфтугӯ, ифтихори ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонист. Ин ҷашни фархундаро аксари халқҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Наврӯз нишонаи покию хубӣ, дӯстиву рафоқат ва иди сафову эҳёи табиат аст.
Ҳамасола дар саросари кишвар ин ҷашн бо тамоми расму оинҳои азалиаш ҷашн гирифта мешавад. Маълум, ки яке аз суннатҳои наврӯзӣ тоза кардани хона, манзилҳои истиқоматӣ мебошад. Ин иқдоми миллати куҳанбунёди мо нишонаи тозагиву озодагӣ, дар ниҳоди хонандагон сифатҳои беҳтарини инсонӣ-тоза нигоҳ доштани табиат, манзили зист, ашёи рӯзгор, хониш ва сару либосро парвариш медиҳад. Дар ниҳоди хонандагон ҳангоми тозаву озода намудани гирду атрофи муассиса малакаҳои меҳнатӣ меафзояд.
Дар дарсҳои технологияи меҳнат (таълими меҳнат) бошад, ба наврасон суннатҳои дигари наврӯзӣ — пухтани ҳар гуна таомҳои миллӣ, бахусус, таомҳои бо истифода аз гулу гиёҳҳои баҳорӣ аз ҷониби омӯзгорон фаҳмонида мешавад, ки манфиатбор аст. Дар раванди таълиму тарбия омӯзгорон, ҳамчунин, вобаста ба синну соли шогирдон пайдоиши суннатҳои наврӯзиро номбар карда, онҳоро бо таъриху оинҳои ин ҷашни ниёгон ошно месозанд. Хуллас, дар Наврӯз ҷанбаҳои ахлоқӣ-тарбиявӣ басо зиёд буда, таблиғи онҳо ба дониш, маҳорат ва истеъдоди ҳар як омӯзгор вобастагии амиқ дорад.
Марям САНГОВА,
муовини директор оид ба таълими МТМУ №92-и шаҳри Душанбе