Боз фасли зебову гулбасари баҳор ба кишвари мо омад. Табиат қабои сабз ба бар карда, манзараҳои дилангези он чашмро мебарад, дидаҳоро пурнур ва дилҳоро пурсурур месозад. Беихтиёр ин мисраҳо ба ёд меоянд:
Ҷӯши тӯфон аст, олам, эй аҷаб тӯфони сабз,
Медамад бар шохаҳои хушк инак ҷони сабз.
Марҳабо, Наврӯзи хушпай,
Марҳабо, меҳмони сабз!
Оре, ба кишвари соҳибистиқлоламон Наврӯз қадам мениҳад. Ҷашни ниёгон саршор аз фалсафаи бузурги ҳастии инсон аст. Фаро расидани Наврӯз, ки армуғони бузурги ниёгон барои мост, бо талошҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварда шуд. Имрӯз Наврӯз дар ҳама ақсои олам таҷлил мешавад ва башорат аз он медиҳад, ки ин ҷашни миллати фарҳангпарвару хирадбунёди тоҷик омили ҳамбастагиву муттаҳидии тамоми мардуми сайёра мебошад.
Наврӯз шиносномаи миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷикон аст. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём оғози ҷашнгирии ин ид бо шоҳигарии Ҷамшед рабт мегирад.
Воқеан ҳам, Наврӯз чашни бостонии диёри қадимаи мост. Фарҳанги ориёӣ, ки аз сарчашмаҳои куҳантарини таърихӣ бармеояд, давоми ҳазорсолаҳо муаррифи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек буду ҳаст.
Ин ҳама шаҳодати он аст, ки имрӯзиён гузаштаи пурифтихори худро қадр мекунанд, эҳтиром мегузоранд ва ба оянда бо назари нек менигаранд.
Фарорасии баҳорро, пеш аз ҳама, кишоварзон интизоранд. Зеро фасли пошидани донаи умед бар мазраъҳост, фаслест, ки деҳқони тоҷик барои фардои серу пури кишвар ва барои фаровонии дастархони мардум кишт мекунад. Имрӯз шоҳид мегардем, ки дар гӯшаву канори мамлакат аз гандуми худии марди деҳқон таомҳои наврӯзӣ пухта мешаванд, дасти бобаракати деҳқон ниҳолакони навро мешинонад, ки то баҳорони дигар кишвар сарсабзтару хуррамтар гардаду диёри арҷманди мо аз заҳмати кишоварз ободтару пурфайзтар бошад.
Наврӯзро аз оғози таҷлилаш то кунун дар шеъру тарона васф намудаанд, русуми наврӯзӣ шеърхониву таронасароист. Аз ҷумла, устод Бозор Собир хеле хуб фармудааст:
Ба мижгон осмонро офтоб аз қуллаҳо бардошт,
Шумо ҳам дилбарони осмонӣ чашми раъноро
Ба мижгонҳо бибардоред.
Баҳор омад, баҳор омад.
Агар бо чашм дуриро намебинед,
Дурбини чашмаро бинед,
Ҳар он чи аз шумо дур аст, мебинед.
Чароғи лолаҳо равшан
Чароғи дидаҳо равшан.
Баҳор омад, баҳор омад.
Дарвоқеъ, бӯйи баҳор ба димоғ мерасад. Дар ин рӯзҳои эҳёи табиат дил мехоҳад, ки ба тамошои саҳро равем. Имрӯзҳо табиат қабои идона ба бар дорад, сайри диёри нозанинамон на танҳо ҳаловати баҳорӣ мебахшад, балки барои шиносоӣ бо гӯшаву канори гуногун ва таърихи бойи кишвари соҳибистиқлоламон заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Баҳори нозанин дар кишвари мо, ки барҳақ Ватани ҷовиди Наврӯз аст, ҳукм меронад. Фасли гулу сабза ва ҷонбахши баҳор бо бӯйи гулу гиёҳ ва нам-нами борони баҳорӣ ба машом ҳавои тоза ва фазои идонаро меорад. Дар гӯшаву канори диёр тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Наврӯзу баҳор оғоз меёбанд ва сурури мардуми кишвар аз шукронаи расидан ба баҳори нави рӯзгори кишвари соҳибистиқлол поён надорад.
Наргис Муқимзода,
корманди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ