ҲАМАЛ – ҲАМА ЧИЗ ДАР АМАЛ

Наврӯз аз суннат­ҳои барҷастаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳар сол на танҳо дар сарзамини Тоҷикистон, балки дар Эрону, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия… низ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ, аз ҷумла, ниёгони мо – тоҷикон аст, ки то ба имрӯз дар сатҳи баланд ва шодиву нишот таҷлил мегардад. Воқеан, Наврӯз аз қадимтарин ва муҳимтарин ҷашнҳои миллии мардуми эронитабор ба шумор рафта, дар ҳар давру замон таҷлил мешудааст.

Суннатҳои наврӯзӣ, ки дар китоби «Авесто» зикр шудааст, дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд. Ин ормонҳо аз покии зоҳир, ботин, некӣ, ростӣ, адлу дод иборат буда, ишора ба пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек аст.

Гузаштагони мо ин ҳарсеро меъёри амали худ қарор додаанд. Аслан, маросими ҷашни Наврӯз бо ин суннатҳо оғоз меёбад. Мо бояд хонаи дилро аз гарди ғам пок намоем ва боғи хотирро аз гулҳои ишқу умед ва некӣ сабзу хуррам гардонем.

Бинобар ин, қабл аз ҷашн, аз рӯйи одати ниёгон, хонаҳоро аз чангу ғубор тоза карда, палосу либос, бистару болинро мардум берун мебароранд. Баъди тозаву пок кардани хона, оростани дастархони наврӯзӣ бо ҳафтшин ё ҳафтсин шуруъ мегардад. Дар рӯйи хони пурнозу неъмат ҳар гуна таомҳои наврӯзӣ ва меваҳои гуногуни хушку тар гузошта мешавад. Дар ин рӯзи фирӯз пиру барно либосҳои наву тоза ба бар карда, ба кӯчаву гулгаштҳо ва теппаю боғу майдонҳо ба сайругашти наврӯзӣ мебароянд. Духтарон либосҳои миллӣ-куртаи чакан ва атлас ба бар карда, ба арғунчакбозӣ, ҷавонон дар майдон ба гӯштингирӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкбозӣ ва дигар намуди бозиҳои анъанавӣ машғул мешаванд. Шодиву сурур, сурудхониву хушҳолӣ ва ҳаёти созандаи инсонҳо зинатбахши зиндагист.

Ҳоло, ки ин ҷашни бузурги миллӣ ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст, боиси ифтихор аз гузаштаву имрӯзи мост. Бидуни шак, дар адабиёти тоҷик дар бораи Наврӯз шеърҳои зиёд эҷод гардидааст. Ҳанӯз дар асри Х устод Рӯдакӣ тасвири баҳорро хеле нозукона ва бо обу ранги бадеӣ чунин ба риштаи назм кашида буд:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб…

Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и безаволи худ дар боби подшоҳии Ҷамшед ибтидои расм шудани ҷашни Наврӯзро ба замони вай нисбат дода, менависад:

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чи моя бад-ӯ гавҳар андар шинохт.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монд аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвардин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифурӯз,
Бар он тахт биншаст фирӯзрӯз.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.

Дар хусуси таъсири Наврӯз ба инсоният устод Айнӣ мефармояд: «Ба сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми рустаниҳо омадани ин ид табиати инсон ҳам ба ҳаракат меояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон «Ҳамал-ҳама чиз дар амал» мегӯянд». Имрӯз бошад, пос доштани анъанаҳои ниёгон ва ҳифз намудани истиқлоли Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Гулноз МАҲКАМОВА,

корманди Осорхонаи маорифи АТТ