Аз сарчашмаҳоии таърихӣ ва адабӣ мо медонем, ки зодгоҳи аслии Наврӯз сарзамини Осиёи бостонӣ (Эронзамини таърихӣ) мебошад. Наврӯз калимаи аслан тоҷикӣ буда, маънои «Рӯзи нав»-ро дорад.
Яке аз луғатшиносони бузурги адабиёти форсу тоҷики асри XVII Муҳаммадҳусайни Бурҳон дар луғатномаи «Бурҳони қотеъ» овардааст, ки «Наврӯз ба маънии рӯзи нав аст ва он ду бошад, яке наврӯзи омма дигарӣ Наврӯзи хосса. Яъне, Наврӯзи омма рӯзи аввали фарвардинмоҳ аст, ки омадани офтоб ба нуқтаи аввали ҳамал бошад ва расидани он ба он нуқтаи аввали баҳор бошад.
Наврӯзи хосса рӯзе, ки номи он рӯз Хурдод аст ва он рӯз рӯзи шашуми фарвардинмоҳ бошад ва дар он рӯз Ҷамшед бар тахт нишаст ва хосонро талабид ва расмҳои неку гузошт. Ва он рӯзро бинобар ин Наврӯзи хосса номиданд. Наврӯзи хосса, ки шашуми фарвардинмоҳ бошад ва номи садое аст аз мусиқӣ.»
Аллома Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ «Ат-тафҳим» гуфтааст: «Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном монданд, зеро ки пешонии соли нав аст».
Ҳамин гуна, Наврӯз иди қадимтарини мардуми ориёинажод ва эронитаборону тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Гузаштагони мо, аслан, солро ба ду фасл ҷудо мекарданд: фасли тобистон ва фасли зимистон. Наврӯз чун оғози соли нав таҷлил карда мешуд.
Дар китобҳои илмию таърихӣ, монанди «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ қайд шудааст, ки таҷлили Наврӯз дар давраҳои қадим дар рӯзҳои гуногун баргузор мешудааст ва чанд рӯз идома меёфтааст.
Мувофиқи ривояте, барои он Наврӯзи бузург мегуфтаанд, ки дар ин рӯз шоҳи сулолаи Пешдодиён Ҷамшед ба одамон шодӣ оварда будаасту ба қавле, дар ҳамин рӯз асосгузори сулолаи Пешдодиён – Каюмарс девро кушта бо тантанаи ороста ба ин муносибат Наврӯзи бузургро асос гузоштааст.
Дар бораи чӣ гуна ҷашн гирифтани Наврӯз дар давраи Ҳахоманишиҳо ва Ашкониён маълумоти дақиқае нест, аммо маълум аст, ки иди соли нав шукӯҳи хоссае дошта, мардум онро бо фараҳмандӣ ҷашн мегирифтаанд.
Иди Наврӯз дар ибтидо як моҳ давом мекардааст ва панҷ рӯзи аввали онро Наврӯзи омма ва рӯзҳои боқимондаро Наврӯзи хосса мегуфтаанд.
Аз рӯйи гуфти Берунӣ, дар аҳди шоҳаншоҳи Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим мешудааст ва чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст: панҷ рӯзи аввалро подшоҳон бо атрофиёни худ, панҷ рӯзи дуюмро ба бахшидани ҳадяҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ ба хидматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ рӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст.
Бояд қайд кард, ки аввалин шахсе, ки Наврӯзи омма ва хоссаро бо ҳам омехта рӯзи мобайни онро рӯзи ҷашн эълон намудааст, шоҳи Сосонӣ Ҳурмузд (писари Шопур) будааст.
Дар китобҳо ривояте оварда шудааст, ки Искандари Мақдунӣ пас аз забти Эрон ва кушта шудани шоҳаншоҳ Доро (331 пеш аз милод) ният кардааст, ки бо анъанаҳои эронӣ Наврӯзро дар Тахти Ҷамшед таҷлил намояд ва худаш дар тахти шоҳӣ нишаста, русуму анъанаро ба ҷо биёрад, аммо мармуми он сарзамин ба ҷойи таҷлили Наврӯз мотам доштанд ва он орзуро Искандари Мақдумӣ ба хок бурд.
Баъд аз зуҳури Абумуслими Хуросонӣ (727-755) ва фаъолияти хилофати Аббосиёну Бармакиёну давлати Тоҳириён ва Саффориён ҷашнҳои миллии эронинажод, аз ҷумла, Наврӯз ривоҷи тоза пайдо намудаанд. Ҳамин тавр, Наврӯз ҳамчун иди бузурги халқӣ дар даврони Сомониён бо ҳама шукӯҳу шаҳомат қайд карда мешуд.
Яке аз суннатҳои дерин ва барои ҳама умумии иди Наврӯз бо шарофати он густурдани дастурхон мебошад, ки ин афзудани баракати хонаводаро мефаҳмонад.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Наврӯз аз соли 2010 ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидааст ва солҳои охир дар саросари дунё таҷлил мешавад. Ин, албатта, боиси ифтихори мо-тоҷикон, ки сарчашмадори Наврӯзем, мебошад.
Омӯзиши анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла, Наврӯз дар ташаккули ҷаҳонбинии мардум, хусусан, ҷавонон нақши муҳим бозида, ҳамагонро ба ваҳдату муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ ва ба сулҳу салоҳ ҳидоят мекунад.
Ҷаваршо ИМАТШОЕВ,
корманди муассисаи нашриявии «Маориф»