Баҳор омаду домани теппаҳо сабз аст,
Тарона сабз, сухан сабз, муддао сабз аст.
Фақат на чеҳраи саҳрову синаи талҳо,
Нигоҳи чашму дилу ҷони одамо сабз аст.
Бале, баҳор фаслест аз ҳар нигоҳ сабзу зебо, пур аз нафосат, базму тараб ва шодиву нишот. Ба ҳар тараф нигарӣ, ранги сабз ба чашмҳо нур мебахшад. Баҳор фасли идҳо ҳам ҳаст ва машҳуртарину маҳбубтарину пуршукӯҳтарини он Наврӯзи оламафрӯз аст.
Замони наврасии мо дар бораи Наврӯз иттилоъ ниҳоят кам буд. Дар ҳақиқат, анъанаҳое ба мисли суманакпазӣ, гулгардонӣ, хонатаконӣ, гӯштингирӣ миёни мардум маъмул буданд, ки дарак аз таърихӣ будани ин ҷашни миллӣ медоданд. Аммо фаҳмида намешуд, ки ин чӣ гуна ҷашн аст, чӣ моҳият дорад ва чаро дар борааш маълумоти кофӣ надорем? Дар барномаҳои таълимӣ мавзуи махсусе ҷудо нашуда буд. Хонанда маълумоти мухтасарро аз китоби «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ ба даст меовард, аммо на ҳама ба ин китоб дастрасӣ доштанд. Азбаски таҷлили он дар кишвар мамнуъ буд, мардум иттилои зарурӣ надоштанд.
Бори аввал масъалаи мазкур дар рӯзномаи «Омӯзгор» (давраи сармуҳарририи ба истилоҳи устод Бозор Собир, «қаҳрамони Наврӯз» Бӯринисо Бердиева, садо дод. Ёд дорам, ибтидои солҳои 90-ум таҷлили Наврӯз тавассути телевизиони давлатӣ бо ровигии устодони сухан Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир хеле хотирмону ҷаззоб сурат гирифт. Фикр мекунам, ташкили чунин барномаҳои рангини телевизионӣ бо иштироки аҳли илму адаб аҳаммияти таърихиву фарҳангии ҷашнро бештар мегардонад.
Хушбахтона, бо талошҳои Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии кишварҳои ҳамзабон Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО шомил гашт. Ҳоло Наврӯз чун ҷашни байналмилалӣ бо шукӯҳи бештар таҷлил мегардад. Ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз аз назари шоири шинохта Маҳзун чун муждаи беҳтарини замон чунин ба риштаи тасвир кашида шудааст:
Маҳ гуфт ба маҳвора: «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!»
Эй мардуми сайёра, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!
Эй халқи Аҷам, дигар растӣ зи алам дигар!
Бигрез зи ғам дигар, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!
Доир ба ҷашни Наврӯз ва махсусияти он шоирон шеъру достонҳо эҷод кардаанду мекунанд ва пажуҳишҳо ҳам бамаротиб бештар гаштааст. Мусаллам аст, ки дар китобҳои дарсӣ дар васфи Наврӯз маълумот оварда шудааст, аммо доир ба таърихи он иттилои зиёд пешниҳод нагардидааст. Бинобар ин, зарур аст, ки ҷанбаи таърихии ин ҷашни миллӣ аз ҷониби мураттибони барномаҳои таълимӣ, бахусус, барномаи таълимии таърих ва муаллифони китобҳои дарсӣ ба назар гирифта шавад. Вақте ба хонанда доир ба таърихи ҷашни мазкур маълумот дода мешавад, ба арзиши фарҳангии он бештар сарфаҳм меравад. Дар зимн, дар Наврӯз таваҷҷуҳи мардум ба шеъру шоирӣ бештар мегардад. Ба ин маънӣ, байтбарак, шоҳномахонӣ ва ё қиссахонӣ аз ҷониби омӯзгорони адабиёт ба шогирдон шарҳу тавзеҳ бахшида шавад, манфиатбор хоҳад буд.
Дар Наврӯз ҳунару суннатҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, ки аксаран аз гиёҳҳо тайёр мешаванд, мусиқӣ, шоҳномахонӣ, машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ (паҳлавонӣ, аспсаворӣ, найзапартоӣ, гурзпартоӣ) ва ғайра тарғиб мешаванд. Дар ин замина, вобаста ба аҳаммияти ғизоҳои миллии ин ҷашн дар китобҳои дарсии таълими меҳнат маълумот ворид карда шавад, муфид хоҳад буд. Инчунин, дар бораи муҳиммияти бозиҳои варзишии миллӣ ва намудҳои гуногуни он дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ маълумот додан ба баланд гардидани тарбияи худшиносии хонандагон мусоидат мекунад.
Наврӯз ҷашни миллӣ буда, онро оғози офариниш, зебоиву накуӣ ва нишоту ҷавонӣ меноманд. Он ҷашни покизагӣ ва тамизкорист. Наврӯз ҷашнест, ки хурду бузургро ба ҳам меоварад.
Имрӯз Наврӯз ҷашни ҷаҳонист ва ҳар халқу миллат онро ба таври махсус ва бо риояи унсурҳои миллияш таҷлил менамоянд. Дарвоқеъ, ба ифодаи устод Муҳаммад Ғоиб, «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!»
Саидаи ФАЗЛ,
«Омӯзгор»