Ватан, озоданаврӯзат муборак!
Шукӯҳи бахти пирӯзат муборак!
Ту ҳастию ҳавас дар синаҳо сабз,
Баҳори оламафрӯзат муборак!
Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб дода, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаъриху тақдирро таҳким мебахшад ва яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Дарвоқеъ, ҷашни бузурги Наврӯз ваҳдатгарои халқу миллатҳои гуногун буда, дар тӯли таърих на фақат халқу миллатҳо, балки андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам алоқаманд намудааст, ки мо инро, пеш аз ҳама, дар мисоли муштаракоти маросими ҷашнгирии он дар байни тамоми миллату халқиятҳои Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем.
Фарҳанги асили ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, бо ривояту устура, андешаҳои мардумӣ, анъанаҳои миллӣ, эътиқодоти динию фазилатҳои ахлоқии дар тӯли асрҳо шаклёфта аз назари таърихию фарҳангӣ шомили мазмунҳои рамзию тамсилҳои дорои хусусияти табиию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию кайҳоншиносӣ мебошад, ки онҳоро тавассути таҷлили ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ арзёбӣ намудан мумкин аст.
Наврӯз дар оини мардуми ориёитабор ҳамчун соли нав ё эҳёи табиат ба ҳисоб рафта, реша дар давру замонҳои дури ниёгонамон дорад.
Он дар бисёр маъхазҳои таърихӣ ҳамчун «Рӯзи нав» тафсир гардида, ифодагари ҳувияти миллию фарҳангӣ мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои ниёгон, ҳамчунин, таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳимми худшиносиву хештаншиносӣ ва комёб шудан ба умқи ниҳодҳои фарҳангу тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси мо хоҳад буд.
Фархундапаю муҳташам Наврӯз аст,
Милоди дубораи Ирам Наврӯз аст.
Аз оли худу миллати худ мефахрем,
Мероси сафобахш зи Ҷам Наврӯз аст.
Наврӯз аз зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида, ба қавле, пайдоиши он ба замони Каюмарс ва даврони Ҷамшед рост меояд. Аллома Димишқӣ дар китоби «Наҳбат-уд-даҳр» қайд намудааст: «Наврӯз иди бостониест, ки ҳавзаи фарогирии он борҳо тағйир хурда, хеле фарох аст. Наврӯз аз айёме, ки чархи гардун ба гардиш омадааст, яъне, аз он даврае, ки ҷамъияти инсонӣ пайдо шудааст, таҷлил мешавад».
Дар асари машҳури Умари Хайём – «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни Наврӯз чунин нигошта шудааст: «Сабаби ниҳодани Наврӯз он буд, ки чун бидонистанд, офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ ибтидо карданд».
Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон, ки гаҳвораи Наврӯз ба ҳисоб меравад, бо руҳияи болидаву ифтихор аз фарҳангсолорӣ ҷашн гирифта мешавад. Инчунин, дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин ҷашнро бо сабку шеваҳои ба худ хос таҷлил мекунанд. Дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Насаф, Тирмиз, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доштанду мардуми таҳҷоии ин манотиқ ҳастанд, суннатҳову анъанаҳои хоссаи наврӯзӣ то замони ҳозира ҳифз шудааст ва ҳамасола онро таҷлил менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар радифи ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосаро пайдо кардааст. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии руҳияи замони нав созгор карда, имрӯз мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон – Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро дар тӯли асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд.
Имрӯзҳо Наврӯз ба ҳайси ҷашни байналмилалӣ дар сатҳи олӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ҷашни Наврӯз арзишҳое чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстӣ миёни қавму миллатҳоро таҳким мебахшад.
Меҳриддин ХОЛОВ,
сардори раёсати робитаҳои байналмилалии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода