СОЛИ ХУРШЕДӢ

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик ба шумор рафта, таърихи бештар аз 5-6-ҳазорсоларо дорост. Ба таъкиди доктори илми фалсафа, профессор Абдулвоҳид Шамолов, «Наврӯзро ҷашни табиат гуфтаанд, зеро дар робитаи мустақим бо гардиши Замин ба даври Офтоб буда, рӯзи аввали моҳи Фарвардин маҳсуб мешавад ва ба қавли донишмандони пешин, «расидани Офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал ва ибтидои баҳор аст». Мутобиқ ба эътиқодоти бостонии мардуми мо одоби ин ҷашн бар асоси ангезаи накудошт ва посдорӣ аз муҳити зист бино ёфтааст.

Мувофиқи нишондодҳои таърихӣ, калимаи «Наврӯз» аз забони суғдӣ гирифта шуда, бо истилоҳи «навсард» ё «нувсард» пайвандӣ дошта, маънои он «Соли нав» аст. Ин калима дар забони авастоӣ бо лафзи «Сарзе» бо маънои «Соли хуршедӣ» омадааст. Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон, асли паҳлавии ин калима «нук руҷ» ва ё «нӯг рӯз» мебошад.

Дар баёни сабабҳои баргузории ҷашни Наврӯз андешаҳо бисёранд. Ба қавли баъзе аз муаррихон, дар охирин рӯзи соли кабиса Ҷамшед, подшоҳи пешдодӣ, баъд аз анҷоми як силсила ислоҳоти иҷтимоӣ бар тахти заррин нишаста, фосилаи байни Дамованд то Бобулро дар як рӯз тай менамояд, ки он рӯз «ҳурмуздрӯз» аз фарвардинмоҳ ба шумор мерафт. Дар асоси дастури Ҷамшед ин рӯзи сари сол ҷашн гирифта шуда, ба он «Наврӯз» номгузорӣ мекунанд.

Ба андешаи Абурайҳони Бе­рунӣ, Наврӯз «нахустин рӯз аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷи­ҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии Соли нав аст, он чи паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост». Ба ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки дар асоси солшумории куҳан Фарвардинмоҳ дар ҳар сол чанд соат аз мавқеи аслии худ ақиб афтода, дар муддати 1461 сол боз ба ҳамон маҳал, ки нуқтаи эътидол мебошад, боз мегардад.

Шаби аввали сол бояд ҳама хонаҳо бо шамъ равшан карда мешуданд ва чанд соат қабл аз гусели соли куҳна ва пешвози соли нав аҳли хонавода ва дар маҷмуъ, мардум саропо либоси нав мепӯшиданд ва дар атрофи суфра ё хонча, ки дар даврони Сосониён бо номи «суфраи ҳафтшин» шуҳрат дошт, ҷамъ меомаданд. Ба ҷумлаи ҳафтшин инҳо дохил мешуданд: шамъ, шароб, ширинӣ, шаҳд (асал), шамшод, шарбат ва шақоиқ. Ҳафт хӯрок, ки дар хони наврӯзӣ мениҳоданд, дар зарфҳои чинӣ, ки аз Хитой ворид мегаштанд, чида мешуданд. Ба ҳамин сабаб, суфраи наврӯзиро дар баъзе ҳолатҳо «ҳафтчин» низ мегуфтанд.

Шоҳ дар рӯзҳои наврӯзӣ қудрати давлатдориро ба дас­ти мири Наврӯз медод. Мири Наврӯз ба як даст худро бод медод ва дар дасти дигар бози сафед ва дар бар шамшер мегирифт. Ин намоиши бозгашти мири наврӯзӣ аз набард ва шикаст додани душманон буд. Мардум ӯро бо таблу карнай истиқбол менамуданд.

Мутобиқи эътиқодоти бос­тонӣ, мири наврӯзӣ то поёни «сездаҳ бадар», ки рӯзи охирини ҷашни Наврӯз аст, дар шаҳру деҳот гашта, ҳукумат мекард ва камбудиҳои мавҷударо ба саҳнаи мазҳакаи Наврӯзӣ мекашонд. Вай роҳбарон ва кормандони давлатиро ба адлу инсоф ва покиву садоқат даъват мекард. Хурдҳо ҳатман аз аҳволи бузургони хона бохабар мешуданд ва калонсолон дар навбати худ ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекарданд.

Қобил ба тазаккур аст, ки бахусус, дар гаҳвораи зуҳури тамаддуни ориёӣ ва наврӯзӣ дар шаҳри Балх (бисткилометрии Мазори Шарифи Афғонистон), дар анҷумангоҳи «Навбаҳор» дирафши Ковиёнӣ барафрохта мешуд. Сарбозон бо парчамҳои ифтихорӣ ва пирӯзиву ғалабаҳои хеш вориди ин анҷумангоҳ мешуданд ва дар канори дирафши Ковиёнӣ пойкӯбӣ мекарданд.

Поёни Наврӯз дар рӯзи сез­даҳуми моҳ бо ҷашни «Сездаҳ бадар» ба охир мерасид. Дар ин рӯз тамоми мардуми шаҳр ба кӯҳу пушта рафта, дар байни гулҳову марғзорҳо истироҳат мекарданд. Дар он рӯз, ки бо номи Эзиди Тиштар — оварандаи борон номгузорӣ шудааст ва рӯзи муқаддас маҳсуб мегашт, мардум, бахусус, аз моҳӣ ва сабзавот хӯрок омода мекарданд. Дар давоми ҳамин рӯз сабзаҷоти суфраи идонаи Наврӯзро ба унвони ҳадия ба Аноҳито ба об меандохтанд, то сол аз аввал то охираш дар кишвар сарсабзу хуррам боқӣ монад.

Дар асоси эътиқодоти куҳан Аҳурамаздо дар марҳилаи аввалини офариниши навъи башар Каюмарсро офарид. Каюмарс ва ё Гивмарт-намуна ва истиорае аз нахустин инсон дар рӯйи замин мебошад. Дар китоби «Авасто» омадааст, ки «фараваши (равону руҳи) Гивмарти ашаван (порсо)-ро меситоем. Нахустин касе, ки ба гуфтор ва омӯзиши Аҳурамаздо гӯш фаро дод ва аз ӯ хонаводаи сарзаминҳои эронӣ ва нажоди эрониён падид омад».

Асли мақсади тамоми ин мероси бузурги фарҳангии наврӯзӣ парвариши ҳаёт дар домони табиат ва Модар-Замин аст, ки онро мо бояд муқаддас дорем.

Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар қатори кашфиёти нодири хеш дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ, инчунин, биологҳо дар бахши кишоварзии кишвар, алалхусус, дар самти ба даст овардани навъҳои нави зироатҳои сер­ҳосил, аз қабили гандум, пахта, картошка, ҷуворимакка, офтобпараст, помидор, лӯбиёгиҳо, сабзавоту топинамбур, хӯроки чорво ва ғайра низ саҳми босазои хешро мегузоранд. Ин дастовардҳои олимон дар таъмини озуқавории мамлакат аҳаммияти хоса дошта, дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба дастархони кишоварзон пешниҳод мегарданд.

Олимони тоҷик таманнои онро доранд, ки хонадони ҳар як тоҷик аз Офтоби наврӯзӣ ҳамеша гарму нуронӣ бошад.

А. МИРЗОРАҲИМЗОДА,

ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор,

Қ. ПАРТОЕВ,

доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор