Наврӯз ҷашни миллии мардуми ориёӣ, аз ҷумла, тоҷикон буда, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ собиқаи беш аз шашҳазорсола дорад. Муаллифони сарчашмаҳои таърихӣ Ҷамшедро бунёдгузори ин ҷашн медонанд. Доир ба таъриху рамзҳо ва оинҳои наврӯзӣ дар «Осор-ул-боқия» ва «Китоб-ут-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём маълумоти ҷолиб дода шудааст.
Чунончи, Абулқосими Фирдавсӣ фармудааст:
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чу моя бад-ӯ гаҳвар андар шинохт.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «Рӯзи нав» хонданд.
Подшоҳони сосонӣ Наврӯзро як моҳи тамом ҷашн мегирифтанд. Одатҳое низ маълум буд, ки 5 рӯзи аввалро шоҳон, 5 рӯзи дуюмро ашрофон, панҷ рӯзи сеюмро ходимону ақрабои шоҳон, панҷ рӯзи чорумро надимону дарборон, панҷ рӯзи панҷумро тӯдаи мардум ва панҷ рӯзи шашумро барзгарон (кишоварзон) таҷлил мекарданд.
Дар рӯзи аввали Наврӯз шоҳони сосонӣ барномаҳои умурӣ хайрияи худро эълон намуда, рӯзи дувумро бо қабули деҳқонон (заминдорон) мегузарониданд.
Як силсила оинҳои наврӯзӣ, аз қабили ороиши дастархони наврӯзӣ ва бо низому тартиби муайян гузаронидани намоишҳои ҳунарию варзишии ҷашни мазкур, эҷоду иҷрои аввалин сурудаву мусиқиҳои наврӯзӣ аз ҷониби Борбад маҳсули ҳамин давраанд.
Абубакр Муҳаммад Ҷаъфари Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» менависад, ки дар Варахша «ҳар понздаҳ» рӯзе бозор аст ва чун бозор дар охири сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бистуякум рӯз Наврӯз кунанд ва онро «Наврӯзи муғон» баъд аз он (яъне, рӯзи охири бозори кишоварзон) 16-уми март ва 21-уми март Наврӯзи муғон баргузор мегардидааст.
Наврӯз ҷашнест, ки дар дараҷаи ҳамеша мақоми давлатии худро ҳифз намуда, дар такомули фарҳанг ва расму оинҳои гуногун мусоидат кардааст.
Ин ҷашн дар замони Шуравӣ баъд аз солҳои 70-уми асри ХХ тадриҷан ба ҳукми анъанаи умумихалқӣ даромада, ниҳоят мақоми давлатӣ пайдо карда, бо ворид гардидани як силсила анъанаву русуми тоза эҳё ва такомул ёфт.
Имрӯз Наврӯзро баробари соҳибони аслии он-тоҷикону эрониён, халқҳои гуногуни ҷаҳон истиқбол мегиранд.
Бо ташаббуси як силсила давлатҳои қаламрави Наврӯз, ки дар он нақши Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст, 23-юми феврали соли 2010 дар сессияи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома доир ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул ва Наврӯз ҳамчун беҳтарин ганҷинаи маънавии башарият ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид.
Мавриди қайд аст, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯзи фархундапай барои боз ҳам амиқу дақиқ, возеҳу равшан таҳқиқ ва ба таври васею доманадор бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардидани он шароити мусоид муҳайё мекунад.
Ҳамин тавр, матни қатънома бо иштироки муаррихону олимону шоирон, фарҳангиёни зиёд, ки узви созмонҳои байналмилалии Осиё ва Америка мебошанд, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо забонҳои гуногун тарҷума гардид. Намояндаи кишварҳое, ки узви СММ мебошанд, қатъномаро дастгирӣ карданд ва ба ҳайси вижагии тозаи «Фарҳанги сулҳ» пазируфтанд.
Дар ҳақиқат, таҷлили Наврӯз, «фарҳанги сулҳ»-ро дар худ таҷассум кардааст. Ин ҳамон сулҳест, ки имрӯз олам ба он аз ҳарвақта дида бештар ниёз дорад.
Бояд қайд кард, ки оину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз зиёданд, яке аз онҳо, ки то ба имрӯз боқӣ мондааст, гулгардонӣ мебошад.
Оини дигари неки наврӯзӣ ҷуфтбаророн мебошад. Дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус, дар Бадахшон деҳқонон фарорасии ҷашни Наврӯзро аз маросими ҷуфтбаророн оғоз менамоянд: як рӯз пеш аз Наврӯз хӯроки миллӣ-боҷ (як намуд хӯроке, ки аз каллаву почаи гӯсфанд бо гандуми нимкӯфта ва боқило пӯхта мешавад) омода намуда, деҳқонон дар як хона дар гирди дастархон ҷамъ меомаданд, баъди боҷ ба сари замин рафта, ба шохҳои барзаговҳо равған мемолиданд ва ба сари барзаговҳо орд мепошиданд. Сафедӣ рамзи покию хурсандӣ ва файзу баракат ва фаровонии ҳосил дониста мешуд. Мӯйсафедони ботаҷриба бо ният ба замин дона мепошиданд ва ҳамагон даст ба дуо мебардоштанду бо ҳамин кори Бобои деҳқон оғоз мешуд.
Бозиҳои варзишӣ, бузкашӣ, таронаҳои наврӯзӣ, хонабаророн ва дигар расму оинҳои Наврӯзи оламафрӯзанд. Наврӯз ҷашни зебоипарастӣ, ҷашнест, ки табиат онро ба танзим медарорад. Суннатҳои ибратомӯзи Наврӯзро хотирнишон намудан вазифаи мост.
Ҳамин тариқ, Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад. Онро метавонд ҳамчун шиносномаи фарҳанги халқи куҳанбунёди тоҷик номид.
Сафарбӣ ҚАРАЕВА,
омӯзгори Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе