СИФАТИ ТАҲСИЛОТРО БАЛАНД БАРДОРЕМ

(Мусоҳиба бо сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илм Айниддин Холиқзода)

— Нахуст мехостам дар хусуси ҳадаф ва вазифаҳои Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 маълумот медодед.
— Бояд зикр намуд, ки Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 дар заминаи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29 апрели соли 2024, № 240) тасдиқ гардидааст, таҳия ва ҳамчун воситаи амалисозии консепсияи мазкур дар самти такмили низоми маориф бо мақсади таъмини сифати таҳсилот бо ба роҳ мондани низоми арзёбӣ равона шудааст. Стратегия ба такмили раванди таълим равона шуда, ба таъмини сифати таҳсилот дар кишвар мусоидат ва барои иштирок дар арзёбии байналмилалии сифати таҳсилот замина мегузорад. Сифати таҳсилот бо дарназардошти шароити мусоиди таълиму тарбия, иқтидори кадрӣ, адабиёти таълимӣ мутобиқ ба неруи зеҳнӣ, қобилияти физиологии тарбиятгирандагону таълимгирандагон, воситаҳои таълимӣ, методию аёнӣ ва азхудкунии барномаҳои таълимию тарбиявӣ вобаста ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Мақсади таҳияи стратегия баланд бардоштани сифати таҳсилот, ба танзим даровардани низоми миллии арзёбӣ ва мутобиқсозии низоми маорифи кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мебошад. Стратегия ба рушди зеҳнии омӯзгорону мураббиён бо мақсади такмили фаъолияти таълимӣ-методӣ (дастгирии методӣ, такмили ихтисос, омода намудани омӯзгорони оянда дар зинаи таҳсилоти касбӣ) мусоидат намуда, барои амалишавии ҳадафҳои зерин дар назар гирифта шудааст: мутобиқати барномаҳои таълимӣ бо стандартҳои фаннӣ, таъмини арзёбии барномаҳои таълимӣ, таъмин намудани сифати адабиёти таълимӣ (барномаву китобҳои дарсӣ), арзёбии натиҷаи фаъолияти таълимии тарбиятгирандагон ва таълимгирандагон, мониторинги дастовардҳои тарбиятгирандагон ва таълимгирандагон, ташкили механизми муосири баҳогузорӣ ва арзёбии мониторинги стандартҳои давлатии таҳсилот, заминагузорӣ ба арзёбиҳои миллӣ ва байналмилалӣ, ба низом даровардани идоракунии раванди таълим ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ.
Вазифаҳои стратегия аз такмил бахшидани раванди таълиму тарбия, стандартҳои таҳсилот ва фаннӣ, нақша, барномаҳои таълимӣ, гуза­ронидани арзёбӣ барои самаранокии сифати таълим, иштирок дар арзёбиҳои байналмилалӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зич миёни омӯзгорону хонандагон, падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди арзёбии сифати таҳсилот, таҳияи барномаву модулҳо, дастурҳои методӣ, омода намудани тренерони сатҳи миллӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои арзёбӣ, марҳала ба марҳала аз омӯзиш гузаронидани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба истифодаи механизми миллии арзёбии сифати таҳсилот ва ғайра иборат мебошад.
— Дар масъалаи муайян намудани сифати таҳсилот ва донишазхудкунии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чӣ мушкилиҳо мавҷуданд?
— Воқеан, ин масъала тайи солҳои охир боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст, зеро то ҳол нишондиҳандаҳо (индикаторҳо)-и ягона ҷиҳати ба таври воқеӣ муайян намудани сифати таҳсилот вуҷуд надоранд. Бар замми ин, риоя нагардидани принсипҳои арзёбии сифати таҳсилот, мукаммал набудани меъёрҳо, воситаҳо ва таснифоти дараҷаҳои арзёбӣ, аз ҷониби омӯзгорон мунтазам истифода нагардидани усулҳои муосири арзёбии кишварҳои пешрафта дар раванди таълим сабаби дақиқ нагардидани сифати таҳсилот мебошад. Инчунин, таҳлили нопурраи натиҷаҳои арзёбии фаъолияти таълимии хонандагон аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф ва дар сатҳи зарурӣ омода накардани ҳисобот ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масоили арзёбӣ дар соҳаи маориф, коркард нашудани моделҳои арзёбӣ вобаста ба намуд ва зинаҳои таҳсилот, инчунин, таълимгирандагони имконоташон маҳдуд, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкориҳои сохторҳои дахлдори соҳаи маориф бо сохторҳои марбутаи кишварҳои пешрафта оид ба масъалаҳои арзёбии сифати таҳсилот, ба таври зарурӣ маблағгузорӣ нагардидани гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилоти муас­сисаҳои таҳсилоти умумӣ дар масъалаи арзёбии сифати таҳсилот мушкил эҷод мекунанд.
— Тавре маълум аст, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ шуъба, бахш ва гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот амал мекунанд. Фаъолияти онҳоро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?
— Соли 2007 фармоиши вазири маорифи ҷумҳурӣ «Дар бораи таъсиси бахшҳо ва гурӯҳҳои назорати давлатии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ташкил ёфта, фаъолияти худро ба роҳ монданд. Бояд зикр намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ шуъба, бахш ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гурӯҳҳои сифати таҳсилот амал мекунанд. 1-уми сентябри соли 2023 дар Рӯзи дониш, ки дар Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супориш доданд, ки Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад. Ҳамин тавр, консепсияи зикршуда тасдиқ карда шуд. Гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолияти худро аз рӯйи се санади расмӣ – Низомномаи намунавӣ оид ба фаъолияти шуъба, бахш ва гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, Барномаи идоракунии сифати таҳсилот ва барномаи меъёрҳои санҷиши идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 ба роҳ монда, соле 2 маротиба мониторинги сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаҳои таълимиро натиҷагирӣ мекунанд ва ба раёсату шуъбаҳои маориф ва баъдан ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод менамоянд. Бояд гуфт, ки натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ тавассути баҳоҳои 3, 4, 5 ва натиҷаи сифати таҳсилот аз рӯйи баҳоҳои 4 ва 5 таҳлил, муайян ва натиҷагирӣ карда мешавад. Айни ҳол меъёрҳои асосии муайян кардани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамин аст. Шуруъ аз соли 2025 барои беҳбуд бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.02.2025) Нақшаи амали солҳои 2025-2027-и Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 қабул гардид, ки дар соли равон иҷрои бандҳои 1,2 ва 11-и нақшаи мазкур пешбинӣ шудааст. Банди 1-и нақша таҳия ва тасдиқи санадҳои танзимкунандаи раванди мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот, банди 2 таҳия ва омода кардани воситаҳои арзёбӣ барои муассисаҳои таълимӣ ва банди 11 таҳия ва тасдиқи индикаторҳои арзёбии сифати таҳсилот барои ҳамаи зинаҳои таҳсилотро дар бар мегирад. Ба сабаби ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар арзёбиҳои байналмилалӣ ширкат меварзад. Аз ҷумла, арзёбии Pisa-Барномаи байналмилалии арзёбии дастовардҳои хонандагон (барои синфҳои 9) ва PIRLS-Барномаи байналмилалии арзёбии сифати хониш ва дарки матн (барои синфҳои 4). Арзёбии Pisa соли 2025 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва соли 2026 арзёбии PIRLS дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.
Бояд таъкид кард, ки минбаъд фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот тариқи платформаи ягона ба роҳ монда мешавад. Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 дар заминаи эълон гардидани технологияи рақамӣ амалӣ карда мешавад. Илова бар ин, маълумот дар хусуси натиҷаҳои ҳар як чоряки соли хониш аз раёсату шуъбаҳои маориф аз тариқи мактуби расмӣ ба шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Дар зимн, бояд изҳор намоем, ки бо тафовут аз гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар донишгоҳу донишкадаҳо барои фаъолияти бахшу шуъбаҳои арзёбии сифати таҳсилот воҳидҳои корӣ дар ҳайати 4-5 нафар ташкил карда шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бошад, гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот то соли 2025 аз рӯйи нақшаи Шурои педагогии таълимгоҳҳо ҳамчун вазифаи ҷамъиятӣ амал мекарданд. Соли 2025 тибқи пешниҳоди Вазорати маориф ва илм ба раҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳар як муассисаи таълимӣ 10 фоиз маблағ ба маоши вазифавии ӯ илова карда мешавад. Ин омил яке аз роҳҳои ҳавасмандсозии роҳбарони гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар макт­абҳо маҳсуб меёбад.
— Ҳамчун масъули самт роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилотро дар чӣ мебинед?
— Бо қабули Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии кишвар ба таври воқеӣ арзёбию натиҷагирӣ хоҳад шуд. Барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ бояд заминаҳои моддӣ-техникии онҳо мустаҳкам, синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои аёнию техникӣ бо моддаҳои реактивӣ, маҳлулҳо ва амсоли инҳо таъмин гардонда шаванд. Ҳамчунин, сатҳи касбии омӯзгорону устодон вобаста ба истифодаи технологияи муосир баланд бардошта шавад. Дар ин самт таҳия ва таҷдиди назар намудани адабиёти таълимӣ, барнома ва китобҳои дарсӣ зарур мебошад. Пайваста тақвият бахшидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбӣ (тахассусӣ)-и омӯзгорон низ тақозои замон аст.
Маҳз ҳамин масоилу мушкилот дар Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044, ки маълумоти заруриро барои рушди зеҳнии таълимгирандагон бо мақсади такмили фаъолияти таълимӣ тавассути муайян кардани мушкилот ва имконот дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд, инъикоси худро ёфтааст.
— Ташаккур барои суҳбат.
— Саломат бошед!
Мусоҳиб
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»