Бо масоили таносуби экологӣ, экосистема, буҳрони экологӣ, фалокати экологӣ на танҳо олимони соҳаи фанҳои табиатшиносӣ, балки ходимони давлатию сиёсӣ низ машғуланд.
Агар дар марҳилаи навини таърихӣ рушд ёфтани илму техника барои инсоният, аз як тараф, шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, башарият дар асри XXI дучори мушкилиҳои зиёди глобалӣ гардидааст. Чунин мушкилот, пеш аз ҳама, тағйирёбии иқлим ва норасоии об дар ҷаҳон мебошад. Ҳалли ин масъалаи муҳим кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳониро бо ҳам овардааст.
Аз нимаи дуюми асри XIX сар карда, таъсири фаъолияти инсон ба табиат хеле афзудааст. Партовҳои газҳои гулхонаӣ афзоиш ёфтааст.
Аз соли 1980 инҷониб ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ дар сатҳи 0,7 дараҷа боло рафт. Гармтарин сол бо аномалияи 0,58 дараҷа соли 1998 буд. Ҳар даҳ сол ҳарорати миёнаи шабонарӯзӣ 0,2 дараҷа баланд мешавад.
Маълум аст, ки проблемаҳои экологӣ, яъне, масъалаҳои марбут ва бадшавии ҳолати муҳити атроф дар бисёр минтақаҳои сайёра аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо мекунанд. Инсоният дар асри XXI дучори мушкилиҳои зиёди глобалӣ гардидааст, ки яке аз онҳо норасоии оби ошомиданист. Таъмини башарият бо оби тоза яке аз масъалаҳои муҳимми глобалие ба ҳисоб меравад, ки имрӯз мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Тайи солҳои охир таъсири тағйирёбии иқлим ва вазъи экосистемаи сайёра ба вазъи кунунии захираҳои обии кишвар, ки дар раванди гармшавии глобалӣ, боришоти бармаҳал, обхезӣ ва хушксолӣ ифода меёбад, таъсири назаррас расонидааст. Афзоиши обшавии пиряхҳо хатари зиёди обхезиро ба вуҷуд оварда, боиси коҳиши захираҳои оби тоза дар кишвар шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳимми сайёра эътироф гардидааст. Дастёбӣ ба чунин мақоми баланд самараи сиёсати оқилона ва одилонаи хориҷӣ аст, ки Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз роҳандозӣ менамояд.
Дар даврони истиқлол яке аз муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷӣ коркард ва пешниҳоди ташаббусҳо баҳри ҳифзи муҳити зист ва таъмини аҳолии рӯйи замин бо оби тоза аст. Аз давраҳои аввали қарни нав Тоҷикистон онро аз тариқи созмонҳои ҷаҳонӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили вобаста ба об ва ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ дар арсаи байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияти роҳбарияшон ташаббускор мебошанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 1 октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ пешниҳод намуда буданд, ки соли 2003 «Соли оби тоза» эълон гардад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи оби тозаро дар кураи Замин ба сифати яке аз масъалаҳои аҳаммияти ҷаҳонидошта ба миён гузошта, таъкид намудаанд: «Тоҷикистон чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити глобализатсия аз муаммоҳои дар назди инсоният истода канор буда наметавонад».
Бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро эълон намуд.
Рамазон ИЗЗАТУЛЛОЗОДА,
корманди Институти илмию таҳқиқотии «Рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и назди ДБССТ