Асари бузурги Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» дорои 60 ҳазор байт буда, дар давоми 30-35 сол таълиф шудааст. «Шоҳнома» дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун асари қаҳрамониву ҳамосӣ эътибори зиёд дорад. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ба мавзуъҳои панду ахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некиву накукорӣ, ростӣ, донишу хирад, ҷаҳолат, ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат аҳаммияти бузург додааст.
Ба ақидаи Фирдавсӣ, некиву накукорӣ яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Ӯ ба аҳли башар тавсия медиҳад, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва танҳо некӣ кунанд. Зеро амали нек ҷовидонӣ аст:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем,
Некиву накукорӣ ба ақидаи шоир аз беҳтарин хулқу атвори инсонӣ ба шумор меравад:
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Фирдавсӣ чунин андеша дорад, ки ҳар як аъмолро бо подоши мувофиқ қадр бояд кард:
Чу некӣ кунад кас, ту подош кун,
В-агар бад кунад, низ пархош кун.
Васфу ситоиши хирад, илму дониш дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ҷойи аввал меистад. Аз ин ҷост, ки Фирдавсӣ асари бузурги худ «Шоҳнома»-ро бо ситоиши хирад шуруъ намудааст. Донишу хирад ҳамчун чароғи раҳнамои ҳаёти инсонӣ одамонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ин ақлу хирад ва дониш ба шумор меравад. Тавоноӣ, обрӯ ва эътибори инсон маҳз ба илму дониши ӯ вобастагии қавӣ дорад:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Фикру андешаҳои ватандӯстӣ дар «Шоҳнома» мавқеи муҳим дорад. Ҳар як инсон ҳамчун шахси ватанпарвару ватандӯст бояд барои муҳофизати марзу буми кишвар ва ватани худ ҳамеша омода бошад:
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Имрӯз аҳаммияти тарбиявии ахлоқии «Шоҳнома» мақоми меҳвариро касб кардааст ва барои тарбияи насли имрӯза, бахусус, ҷавонон судманд мебошад:
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
Бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 дар қатори дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Ҳамчунин, аз номи Пешвои миллат ба ҳар як оилаи тоҷик китоби «Шоҳнома» туҳфа карда мешавад, ки ин боиси ифтихору сарафрозист.
Гулистон ЗОКИРОВА,
омӯзгори МТМУ №3-и деҳаи Ҳушёрӣ, ноҳияи Варзоб