Терроризм идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбат ба шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва амсоли инҳо равона гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла, терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар суханрониҳои худ ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Президенти кишвар буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои баргардондани онҳо ба Ватан чораҳои қатъӣ андешиданд.
Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз асолати ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор — ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллат ва давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд.
Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI шояд давраи пуртаҳлукатарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Тӯли даҳсолаҳои охир ин зуҳурот торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳимми на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононамонро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мебояд тадбирҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам овард: баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон; ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар; баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон.
Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба паст намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд: муносибгардонӣ ва беҳтар намудани муҳити иҷтимоии ҷавонон, дар он ташкил намудани фазои мусоид барои ҳамкориҳои созанда, тарғиби эҳсосоти мусбат аз иштирок дар амалишавии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон аз натиҷаи бадастовардаи он, инчунин, аз таҷрибаи ҳалли масоили насли ҷавон; ташаккули механизмҳои таҳлили ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷояш ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда; ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди иҷтимоикунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа; баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои олӣ; бо ҷойи кор ва музди хуб таъмин кардани ҷавонон; баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон; таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд; баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Мансурбой Лутфов,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров