Бояд зист…
Лозим ба тавзеҳу шарҳи зиёдатӣ нест, ки ҷавонон неруи асосии пешбаранда дар ҳар кишвар ба ҳисоб мераванд. Пешрафти ҳар соҳае, чи иқтисод, чи иҷтимоъ, чи фарҳангу маънавиёт бе ҷавонон имкон надорад. Бо вуҷуди ин, мо гоҳе ба ҷавонон, ба зисту зиндагии онҳо сатҳӣ назар меафканем. Равшан аст, ки буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодию маънавӣ, ки ҷаҳонро печидааст, ба ҳама, хоса, ба ҷавонон сахт таъсиргузор аст. Хоҳ – нохоҳ, на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ маҷбуранд, ҳампойи замон қадам бардоранд. Ин раванд ба руҳия, тафаккур, зиндагии мардум (қатъи назар аз хосту омолашон), аз ҷумла, ҷавонон тағйирот ворид месозад. Тавре ҳар рӯз мушоҳида мекунем, дар ин шароиту муҳит пешбурди зиндагӣ мушкилаҳои зиёде дар пай дорад, аммо ба ҳар сурат, зиндагӣ бояд кард.
Яъне, ба ҳар ҳол, инсон бояд руҳафтода нашавад, руҳан ва ҷисман худро дар муқобили мушкилоти ҳаёт омода кунад ва зимоми зиндагиро аз даст нагузорад.
Зиндагӣ, мушкилот, калонсолон ва…
Аслан ин ҷо гап дар сари муносибати миёни солдидагону ҷавонон, муносибати онҳо ба зиндагӣ, мавқеи онҳо сари мушкилоти зиндагӣ меравад. Агар кӯтоҳ карда гӯем, зиндагӣ бе мушкилот, бе сафеду сиёҳ, бе пастию баландӣ намешавад. Гоҳе иддае аз калонсолон сари ҳамин нукта ба хато мераванд. Масалан, яке мегӯяд, ки писарам, парво накун, ман ҳама чизро бароят муҳайё мекунам. Аввалан, ҳама чизро муҳайё кардан на аз дасти ҳама меояд ва ҳама чизро муҳайё кардан ҳам кори андак – мундак нест. Дуюм, ҷавононро ба чизи тайёр одат кунондан бадтарин кор ё хидмати хирсона ба онҳост. Вобаста ба ин, мо аксаран ҷавононро таъна мезанем, ки онҳо танҳо роҳи зиндагии осонро меҷӯянд. Вақте ҳидояти мо чунин бошад, ҳамин натиҷаро метавон чашм дошт, яъне, «ҳар чӣ корӣ, ҳамон даравӣ».
Кӣ гунаҳкор?
Бисёр иштибоҳоти мо дар кору муносибат бо ҷавонон аз худи солдидагон сар мезананд. Агар масъала бо таъна задану танқид кардани ҷавонон ҳал мешуд, дарди бахайре мебуд, аммо аслан чунин нест. Ин ки қисмате ҷавонон ба зиндагӣ омода нестанд, дар баробари душвориву мушкилоти зиндагӣ худро гум мекунанд, роҳҳои нодурустро интихоб менамоянд, ҷомеа ва калонсолон гунаҳкоранд. Як чизи одӣ, вале ниҳоят муҳимро мо дар майнаи ҷавонон ҷо карда наметавонем: зиндагӣ ҳаргиз бе душворӣ, бе мушкилот нахоҳад буд. Маҳз ҳамин мушкилот, ҳамин душворӣ аст, ки инсонро ба зиндагӣ кардан водор месозад. Биёед, ба масъала аз сӯйи дигар назар кунем: тасаввур намоем, ки барои инсон ҳамаи шароит мавҷуд аст, ягон ниёзу эҳтиёҷ надорад, ӯ фақат хӯрдану хобидану сайр карданашро медонаду халос. Пас, чӣ мешавад? Ҳангоме ки чунин шароит бошад, инсон дигар маънии инсон буданашро гум мекунад. Яъне, ҳама чиз бошад, одам дигар фикр намекунад (зеро эҳтиёҷ нест, барои фикр кардан замина намемонад, ба ин маънӣ майнаю каллаи одам вазифаашро аз даст медиҳад), даст ба коре намезанад (дар ин сурат неруи ҷисмонӣ дигар даркор намешавад, дасту пойи инсон бекор мемонад). Мо шояд сари ин масъала ҳеҷ фикр накардаем. Пас, бояд ҳамин андешаро талқин намоем, то ҳама, дар ин радиф, ҷавонон низ донанд, ки ҳаёт худ аз ниёзу мушкилот иборат буду ҳасту мемонад. Яъне, ҷавонони мо бояд фаҳманд ва дарк кунанд, ки бе душворӣ зиндагӣ буда наметавонад. Бигзор, кишвар мутараққӣ бошад, аммо дар ин ҷо низ даст дар киса гашта намешавад, кас маҷбур аст, ба шуғле даст занад, то монеаҳоро паси сар намояд.
Зиндагӣ мактаб аст…
Зиндагӣ худ мактаб аст, сабақи зиндагиро насли калонсол беҳтар аз худ кардааст. Сабақу таҷрибаи зиндагиро ба ҷавонон омӯхтан вазифаи солдидагон аст, мутаассифона, имрӯз ин анъанаи неки кӯҳистон қариб аз байн рафтааст. Бисёр маврид таҷрибадидагони рӯзгор худро канор мегиранд, ё бо дили нохоҳаму узри бисёр ба он наздик мешаванд. Ҳоло имконоти техникӣ бештару беҳтар шудааст, агар солхӯрдагон аз таҷрибаи зиндагии худ ҳикоят кунанд, барои ҷавонон дарси ибрате хоҳад буд. Фаразан, агар телевизиону нашрияҳо барномаю рубрикаеро таҳти унвони «Сабақи зиндагӣ» ё худ «Таҷрибаи ҳаёт» ташкил намоянд, нуран алонур мебуд.
Албатта, ҳар кас зиндагии шоистаро сазовор аст, вале ин ҳам номумкин аст, ки ҳама зиндагии яксону баробар дошта бошад, чун панҷ ангушт баробар нест ва аз рӯзи азал чунин буд, аммо ҳадафи ҳама ин аст. Бе саъйю талош, бе паси сар намудани душворӣ зиндагии хуб ба даст намеояд. Лекин ин ҳаргиз ба он маънӣ нест, ки мо барои даст ёфтан ба зиндагии хубу шоиста амали ношоистаеро анҷом диҳему роҳи нодурустро баргузинем. Бисёр воқеаҳои нохуше, ки ба амал меоянд, ба нафсу зиндагӣ рабте доранд, ҳеҷ коре худ аз худ ба вуҷуд намеояду наметавон онро амри тасодуф ҳисобид. Набояд фаромӯш намоем, ки ҳар амали мо подош дорад. Барои ҳар кирдору рафтори худ инсон ҷавоб медиҳад. Шарт нест, ки кор ҳатман музднок бошад, сангеро аз сари роҳ дур андохтан, ҳавлиро тавора бастан, боғро ҷорӯб задан, сангеро болои санге гузоштан низ кор асту ба ободӣ мебарад.
Дар баъзе ҳолатҳо калонсолон қаҳр мекунанд, ки писар, ё набераам гапи маро нагирифту ба фалонӣ хонадор шуд. Мо дар нисбати худ аз ҷавонон ҳурмату иззат мунтазирем, аммо чаро ба ӯ чун ба инсон, чаро ба интихоби ӯ эҳтиром намегузорем? Магар ӯ иззати нафс надорад?! Вақте зиндагии оилаи ҷавоне ноҷӯр шавад, ин «иззати нафс»-и мо ба чӣ кор меояд? Оё мо ҳақ дорем, ки қисмати ин ду ҷавонро бо якравии нодаркори худ ҳал кунем? Гоҳе ин мавридҳо айб аз мо мегузарад, лекин онро боз ба гардани ҷавонон бор мекунем.
«Писар чӣ гуна, падар намуна»…
Бешак, масъалаҳои ба ҷавонон рабтдошта бисёранд ва яке аз онҳо муносибати миёни калонсолон ва ҷавонон мебошад. Солдида худ бояд шахсе ташаккулёфта, ба як сухан, шахсият бошад. Фарде бошад, ки ба ӯ бо чашми ибрат нигаранд. Ҳастанд мардоне, ки умре ба пушт хоб зиндагӣ ба сар бурдаанд. Аз ҳамин гуна солхӯрдагон ҷавонон чӣ ибрат мегиранд? Вақте дар худ чизе лоиқ ба пайравию ибрат гирифтан набошад, бо кадом забон фарзандро панд медиҳем?
Барои ҳамин, ҳамаи «сиёҳӣ»-ро дар кору рӯзгор ба гардани ҷавонон набояд бор кард, чунки ин ҷавобгарию масъулияти калонсолонро кам намекунад, балки меафзояд. Муносибати самимию дилсӯзонаи солдидагон ба ҷавонон бисёр мушкили рӯзгори ҷавононро метавонад бартараф кунад, ки мо ҳам ба ин умед дорем.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»