Аз як даст садо наояд

Мусоҳиба бо Баҳрулло Саидзода — номзади илми психология, дотсент, мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

– Устод, ба андешаи шумо, кадом омилҳо боис мегарданд, ки наврасону ҷавонон ба амалҳои ҷиноӣ даст мезананд?

– Омилҳои таъсиррасон ба ахлоқи наврасону ҷавонон гуногунанд, вале баъзе омилҳои асосие ҳастанд, ки боиси ба ҷиноят даст задани онҳо мегардад. Масъалаи муноқишаю низои байни ҷавонон ва ё ба амалҳои хусусияти ҷиноидошта даст задани онҳо як мушкили ҷиддӣ дар ҷомеаи кунунӣ ба шумор меравад. Чунки замони муосир бо дарназардошти фароҳам овардани технологияҳои муосир, аз ҷумла, дастрасӣ ба интернет ва намудҳои гуногуни техникаи муосир ба наврасону ҷавонон имкон медиҳад, ки ба як қатор амалҳои барояшон гӯё писанду ҷолиб рӯ оранд.

Якум, истифодаи барзиёд ва нодурусти телефонҳои мобилӣ. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми кирдору рафтори ғайриахлоқӣ, ба мисли ваҳшонияту зӯроварӣ ва видеороликҳои фаҳшро дидан мумкин аст. Тамошои чунин саҳнаҳо метавонад ба психологияи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расонад. Махсусан, пас аз тамошои кирдорҳои номатлубе, ки дар қонунгузорӣ манъ карда шудааст ва ба фарҳанги миллии мо бегона аст, наврасону ҷавонон кӯшиш менамоянд, ки онро дар доираи ёру дӯстон ё муҳити оила амалӣ кунанд. Дар боби 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» омадааст: «Тамошои филмҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва шаҳвонидошта барои ноболиғон қатъиян манъ аст ва риояи ин қонун бар дӯши волидон аст».

Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки рафтору хислати инсон дар ҳар як давраи синнусолӣ тағйир меёбад. Масалан, дар кӯдакӣ, наврасӣ, навҷавонӣ, ҷавонӣ ва давраи камолот рафтори шахс ба куллӣ фарқ мекунад. Вале аз назари илми психология ин нуқта батафсил шарҳ дода мешавад, яъне, ҳар давраи синнусолӣ бо тағйироти физиологию анатомӣ хусу­сиятҳои хосро доро буда, талаботи махсусро аз ҳар як фард талаб мекунад.

Яке аз омилҳои дигари ин масъала, бепарвоии падару модар нисбат ба фарзандон ба ҳисоб меравад. Чун оила институти аввалини ҷомеа ба ҳисоб меравад, рафтори девиантию делинквентии наврасон низ ба муносибати нодурусти волидайн вобаста аст. Мутаассифона, иддае аз падару модар айни ҳол вазифаҳоеро, ки бар дӯш доранд, ба таври бояду шояд иҷро намекунанд. Онҳо вазифаҳои худро танҳо дар таъминоти моддии фарзанд мебинанд ва то андозае бехатарии ӯро таъмин мекунанду халос. Чаро то андозае? Зеро онҳо фақат фарзандро аз хатари дигарон ҳифз мекунанд, вале хатару зарари фарзанди худро ба дигарон пешгирӣ карда наметавонанд. Ҳатто бояд гуфт, ки худи волидон ба фарзандонашон телефонҳои гаронбаҳо харида медиҳанду маблағи интернети онҳоро мепардозанд. Сарчашмаҳои илмӣ бозгӯйи онанд, ки идеали аввали ҳар як кӯдак падару модараш буда, барои писарон падар ва барои духтар модар мебошад. Ҳамзамон, муносибати бад ба фарзанд низ ба руҳияи ӯ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Илм исбот кардааст, ки 30% амалу рафторе, ки шахс ба фарзанди худ раво мебинад, аз падару модараш мерос аст. Аз ин рӯ, оила дар таълиму тарбияи фарзандон нақши калидӣ мебозад.

– Барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ҷомеа то чӣ андоза нақш мебозад?

– Мутаассифона, ҷомеа низ яке аз омилҳои зиёд гаштани амалҳои номатлуб дар байни наврасон мебошад. Мо мебинем, ки кӯдаке ё наврасе рафтори ноҷо мекунад ё ба амали ношоиста даст мезанад, вале онро пешгирӣ намекунем. Ҷойи таассуф аст, ки қисме аз аҳли ҷомеа бетарафиро пеша кардааст. Онҳо бар ин андешаанд, ки «Ман ба фарзанди каси дигар чӣ кор дорам? Ба ман чӣ? Ин вазифаи падару модарашон аст». Лекин ин андеша ботил ва нодуруст аст, зеро ҳар амали бади нав­расеро мушоҳида намудану кӯшиши пешгирии онро накардан ба он оварда мерасонад, ки рӯзе фарзанди ту низ бо нафари бадкирдоре дӯстӣ намуда, ин рафторро анҷом медиҳад. Ҳамзамон, мо мебинем, ки наврасе боғу гулгаштҳоро ифлос карда истодааст, чаро нагӯем, ки писарам ё духтарам, ин кори хуб нест. Чун таъсири он ба ҳамаи мо мерасад, ифлос кардани муҳити зист боиси паҳн гардидани ҳар гуна бемориҳо мегардад.

– Бо кадом омилу воситаҳо метавон наврасону ҷавононро аз амалҳои номатлуб пешгирӣ намуд?

– Тавре гуфтем, вобаста ба синну сол бояд ба наврасон муносибат кард. Барои мисол, кӯдакию наврасӣ даврае мебошад, ки онҳо мавриди таваҷҷуҳи калонсолон қарор гирифтан мехоҳанд. Новобаста аз он ки амали бад анҷом додааст, ё хуб, бо сабаби буҳронҳои синнусолӣ онҳо завқ мебаранд, аз ин ки ангушти ишора ҳамеша тарафи онҳо бошад. Дар ин маврид, дар асоси илми психология таъсиррасонии огоҳонаю бомавқеъ зарур аст. Агар шабу рӯз насиҳат кунем, вале он бемаврид бошад, ба кӯдак асаре намегузорад. Аз ин рӯ, дар вақти муайян, бо роҳу шеваҳои гуногун бояд ба фарзанд таъсир расонд, ки ӯ худ дарк кунад, ки амали нодуруст анҷом додааст ва кушиш намояд, худро ислоҳ созад. Дар зимн, бо рафтору кирдори худ калонсолон онҳоро бояд тарбия намоянд, зеро тавре дар боло зикр кардем, падару модар идеал (улгу)-и фарзанд аст.

Барои пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ якчанд усуле мавҷуд аст, ки онҳоро бояд дар амал татбиқ намуд. Нахуст, назорати доимию қатъии падару модар нисбат ба фарзанд бояд ба роҳ монда шавад. Зеро агар фарзанд 6 соат дар мактаб бошад, 18 соат дар хона, дар назди падару модар қарор дорад. Дуюм, робитаи мутақобила байни оила ва муассисаи таълимӣ, шуруъ аз кӯдакистон то донишгоҳ бояд дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардад. Агар яке аз инҳо фаъол бошаду дигаре пассив, натиҷа нахоҳад дошт. Яъне, агар дар муассисаи таълимӣ беҳтарин устодонро барои таълим ба мактаб ҷалб кунанд ҳам, аз тарафи оила назорат нашавад ва ё волидон назорат кунанд ва баръакс, аз ҷониби мактаб бетарафӣ зоҳир гардад, ин ҳама самар нахоҳад дод. Аз ин рӯ, робитаи мутақобила ва зич байни оилаю муассисаи таълимӣ шарти муҳимми пешгирии наврасон аз амалҳои номатлуб ба шумор меравад.

Мусоҳиб Хуршеда АЗИЗОВА,

«Омӯзгор»