Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» (аз 6 феврали соли 2025, №6 (12491)) мақолаи Шаҳбоз Рустамшоҳзода таҳти унвони «Таҷрибаи судмандро бояд омӯхт» чоп шуд. Муаллиф дар оғоз қайд мекунад: «Дар аксар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони соҳибистеъдоду собиқадор ва муваффақе фаъолият менамоянд, ки омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи ғании онҳо муфиду муҳим аст». Дар ҳақиқат, гуфтаи муаллиф дуруст аст ва дар бештари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзгорони навовару эҷодкор ва соҳибтаҷриба кор мекунанд. Ҳамзамон, вазифаи раисони шурои методӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, мушовирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ он аст, ки таҷрибаи ибратбахши чунин омӯзгоронро мавриди омӯзиш қарор диҳанду дастраси умум гардонанд. Зеро омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар рушду такомулу маҳорати касбии омӯзгорон, бахусус, мутахассисони ҷавону коромӯзон мавқеи муҳимро касб менамояд.
Омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ махсусиятҳои худро дорад, ки шахси масъул ҳангоми ҷамъбасту дастрас намудани таҷрибаи пешқадам омилҳои асосии онро бояд ба эътибор гирад. Яъне, шахси масъул вазифадор аст, ки усулҳои фаъолу самарабахш, рушддиҳанда ва ҳамкорӣ (интерактивӣ)-ро пайдо карда, омӯзаду ба низом дароварда, дастраси мутахассисони ҷавон гардонад, ки ин ҳам дар баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо ва ҳам дар рушди дониши хонандагон нақши муассир дорад.
Ин кор дар муассисаи таълимӣ, асосан, ба зиммаи муовини директор оид ба корҳои таълим аст, ки дар як вақт ӯ раиси шурои методӣ мебошад. Вай бояд омӯзгореро интихоб намояд, ки дониши назариявии хуб, истеъдоди баланди касбӣ ва қобилияту маҳорати эҷодкорӣ дошта бошад. Методикаи таълимро хуб донад, асбобҳои аёнӣ, воситаҳои техникии муосирро моҳирона истифода бурда тавонад. Пайваста аз пайи ҷустуҷӯйи эҷодӣ, дарёфти роҳу усулҳои ҷадиди беҳтар кардани технологияи таълиму тадрис ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон аст. Барои ҳаматарафа босавод кардани шогирдон, ташаккул додани неруи зеҳнӣ, нутқи хаттӣ ва шифоҳии онҳо дарсҳои худро эҷодкорона гузаронад. Аз усулҳои фаъоли таълим моҳирона истифода бурда, ҳамкории педагогиро хуб роҳандозӣ намояд.
Мақсади омӯзиш, ҷамъбаст ва дастраси ҳамкасбон гардонидани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони навовару эҷодкор, баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони ҷавон, ҳавасманд намудани онҳо ба пешаи интихобкардаашон мебошад. Агар омӯзгор бо дастовардҳои педагогӣ, навгониҳои усулҳои тадрис ва таҷрибаи пешқадам мусаллаҳ бошад, фаъолияташ пурсамар гардида, дастовардҳояш бештару беҳтар мешаванд, дар натиҷа ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегардад. Шогирдонро дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия карда, неруи зеҳнию ақлонӣ ва маҳорати эҷодкории онҳоро рушд дода метавонад.
Ҳамин тариқ, таҷрибаи пешқадам дорои як қатор талаботи педагогӣ мебошад, ки шахси масъул вазифадор аст, онҳоро ба эътибор гирад:
— ба талаботи илмҳои педагогика, методика, психология, физеологияи муосир ҷавобгӯ бошад;
— таҷрибаи пешқадам тарзе тасниф гардад, ки истифодабарии он имкони тағйирдиҳии самтҳои таълиму тарбияро дошта бошад;
— дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон нақши муассир гузошта тавонад;
— ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва дониши хонандагон нақши калидӣ дошта бошад.
Бояд зикр намуд, ки омӯзиш, паҳн намудану татбиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ ҳатман дар нақшаҳои Шурои педагогӣ ва Шурои методӣ ба эътибор гирифта шавад.
Шахсе, ки ба омӯзишу ҷамъбасти таҷрибаи пешқадам сарукор дорад, бояд ба ин масъалаҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд:
— истифодаи самараноки асбобҳои аёнию дидактикӣ, таҷҳизоти техникии ҳозиразамони таълимӣ ва ғайра;
— истифодаи навгониҳои илми педагогика, психология ва методикаи кишвар ва ҷаҳон;
— эҷодкорӣ, навоварӣ, ихтироъкорӣ, истифодаи усулҳои гуногуни фаъоли таълим;
— сифатан беҳтар намудани сифати таҳсилот ва ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон;
— таҷдиди назар намудани нақшаю барномаҳои таълимӣ, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии таҳсилот мутобиқ кардани онҳо ва таҳияи дастурҳои методӣ;
— дар руҳияи инсонпарварӣ, ватандӯстӣ, илмомӯзию забондонӣ тарбия намудани насли наврас;
— дарёфти методу усулҳои муосири таълим бо дарназардошти истифодаи ҳадафманди таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони ҷумҳурӣ;
— такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгор;
— инкишофи неруи ақлонӣ, зеҳнӣ ва ҷаҳонбинию худшиносии хонандагон дар раванди таълим;
— эътибори омӯзгор ба маданияти сухани шогирдон, инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳо;
— иштироки шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
— коркарди мавзуъҳои таълимӣ, нақша, барномаҳои фаннӣ, иштироки омӯзгор дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ;
— фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба омӯзгорон, ҳавасманд намудани заҳмати онҳо аз тарафи маъмурияти таълимгоҳ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо.
Шахси масъул роҳу воситаҳои ҳозиразамони таълимиро бояд дарёфт намояд, онро ҳаматарафа омӯзаду тариқи дастуру мақола, буклету ва гӯша дастраси омӯзгорон гардонад ва тавассути ин ҳама маҳорати касбии мутахассисони ҷавонро сайқал диҳад. Ҳадаф аз ин кор дастгирии онҳо ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, инчунин, дарёфти омӯзгорони боистеъдоду қобилиятнок ва эҷодкору навовар аст.
Б. ҲАЙДАРОВ,
корманди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ