Хонандагони имрӯз – сарбозони фардо

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар баробари омӯзонидани асосҳои илму дониш аз фанҳои гуногун вазифадоранд, ки насли наврасро дар руҳияи далерию шуҷоат, устуворию матонат ва иродату садоқат ба ормонҳои миллӣ ва ватандорӣ тарбия намоянд. Омӯзгор ҳамеша дар мадди назар бояд дошта бошад, ки шогирдони имрӯзаи ӯ ҳам ояндасозони миллатанду ҳам ҳомиёни Ватан. Аз ин рӯ, ҳатмист, ки онҳо ватандӯсту фидокори диёру миллати азизи худ бошанд. Солҳост, ки қисмате аз ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ бо ҳар баҳона саркашӣ мекунанд, майли хизмат дар сафи Артиши миллиро надоранд. Ба назари мо, ин ҷо иллати асосӣ ноқисии сатҳи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Тақозои замон аст, ки ин самти тарбия бештар муассир ва пурмуҳтавою ҷолиб гардонда шавад. Бояд аз давраи мактабхонӣ шуълаи меҳру муҳаббат нисбат ба Ватанро дар дили насли наврас фурӯзон кард. Барои ин омӯзгорон, махсусан, роҳбарони синф метавонанд аз методҳои гуногуну судманди тарбия васеъ истифода намоянд. Бояд гуфт, ки ба тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии хонандагон муаллимони ҳамаи фанҳо масъуланд ва вобаста ба фанни таълимиашон барои тарбия дар ин самт имконоти зиёд доранд. Агар омӯзгорон аз усулу воситаҳои зерин дар ҷараёни тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шогирдон ба мавриду муассир истифода намоянд, он натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард:

  1. Муҳим аст, ки хонандагон (махсусан, ҷавонписарон) дар бораи Артиши миллӣ – Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, вази­фаҳо, сохтор ва фаъолияти асосии он маълумоти саҳеҳ дошта бошанд. Шогирдони мо бояд дарк кунанд: дош­тани Артиши миллӣ барои ҳар давлату миллат, муҳим аст. Пеш аз ҳама, онҳо бояд хуб донанд, ки Артиши миллӣ ҳомии асосии Ватан аст.
  2. Дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас адабиёти бадеӣ нақши муҳим мебозад. Мавзуи ватандӯстӣ яке аз маъмултарин ва машҳуртарин мавзуъҳои адабиёти тоҷик мебошад. Масалан, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, асосан, ба мавзуи ватанпарварӣ бахшида шудааст. Таҳлилу баррасии танҳо як байти зерини ин асари бузург барои хонандагон хеле муассир хоҳад буд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Дар адабиёти муосири тоҷик низ мавзуи ватандӯстӣ дар меҳвари асосӣ қарор дорад.

  1. Баргузор намудани ҷашнвораю маҳфилҳо, вохӯрию нишастҳо, дарсҳои тарбиявӣ вобаста ба мавзуи ҳарбӣ – ватандӯстӣ дар тарбияи шогирдон хеле манфиатбор аст.

Ташриф овардан ба қисмҳои ҳарбӣ ва мулоқот бо афсарону аскарон, албатта, барои хонандагон шавқовару таъсиргузор хоҳад буд.

  1. Ташкили тамошои филмҳо оид ба мавзуи ватандӯстӣ ҳисси ифтихори миллии шогирдони моро бештар боло хоҳад бурд.

Аслбӣ Саидова,

омӯзгори мактаб-интернати №4-и шаҳри Душанбе