Гирифти Моҳ, ки мувофиқи «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ Аҳмади Дониш пешгӯӣ карда буд, кадом рӯз аст?
Дар таърихи инсоният ҳамеша ҳодисаҳои гуногуни табиӣ рух медоданд, ки одамонро ба тафаккур ва андеша водор месохтанд. Ин ҳодисаҳо на танҳо ҳайратангез буданд, балки сабаби тарсу ваҳм шуда, боиси пайдоиши тасаввурот ва боварҳои мухталиф мегардиданд. Аз ҷумла, гирифти Офтоб (Кусуф) ва гирифти Моҳ (Хусуф) ҳамчун падидаҳои астрономии ҷолибу асроромез дар фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногун мавқеи хосса доштанд. Дар замонҳои гузашта одамон ин рӯйдодҳоро бо иродаи қувваҳои фавқуттабиӣ ва аломатҳои рамзӣ пайванд медоданд. Бо вуҷуди ин, пешрафти илм ва астрономия имкон дод, ки мо сабабҳои воқеии ин ҳодисаҳои кайҳониро фаҳмем ва онҳоро ҳамчун қисмати табиии ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ дарк намоем.
Дар омӯзиши ин ҳодисаҳои табиӣ ва кайҳонӣ мутафаккирони тоҷику форс нақши муҳимму арзишманд гузоштаанд. Онҳо бо мушоҳидаҳои тӯлонӣ, таҷриба ва донишҳои астрономии худ дар кашфи ин падидаҳо саҳми бориз доранд ва асоси илмҳои ситорашиносӣ ва кайҳоншиносиро гузоштаанд. Бо истифода аз асбобҳои одӣ тавонистанд ҳаракати ҷирмҳои осмониро таҳқиқ намоянд, вақти рух додани гирифти Офтоб ва Моҳро пешгӯӣ кунанд ва донишҳои худро ба наслҳои баъдӣ интиқол диҳанд.
Махсусан, Абурайҳони Берунӣ омилҳои гирифти Моҳ ва паҳлуҳои гуногуни онро хеле дақиқ омӯхта буд. Худи ӯ 5 гирифти Моҳро мушоҳида кардааст. Ҳодисаи гирифти Моҳ 24 майи соли 997-и мелодиро, ки дар шаҳри Хоразм мушоҳида карда, бо мушоҳидаҳои астрономи дигар Абулвафо Бузҷонӣ, ки дар шаҳри Бағдод сурат гирифта буд, муқоиса намудааст. Мушоҳидаҳои дигаре, ки Берунӣ анҷом додааст, инҳоянд:
- 20 феврали соли 1003 дар шаҳри Ҷурҷон – оғозу анҷоми гирифти Моҳро мушоҳида кардааст.
- 15 августи соли 1003 дар шаҳри Ҷурҷон – ситораҳои Насрин ва Айюқро барои андозагирӣ истифода кардааст.
- 5 июли соли 1004 дар шаҳри Хоразм фазаи миёнаи гирифтро мушоҳида кардааст.
- Сентябр-октябри соли 1018 дар шаҳри Ғазна – оғози гирифт дар соати 7:30 дақиқаи шаб рух додааст.
Тасаввуроти Берунӣ дар бораи ҳодисаи гирифти Моҳ ингуна буд:
- Гирифти Моҳ замоне рух медиҳад, ки Моҳ ба сояи Замин ворид шавад, бинобар ин, гирифти Моҳ ҳеҷ гоҳ аз ғарб шуруъ намешавад, балки ҳамеша аз шарқ оғоз мегардад.
- Сояи Замин ба мисли сояи дарахт ба масофаи хеле дур меравад.
- Моҳ ҷисмест, ки нур намеафканад, равшании он аз нури афтандаи Офтоб вобаста аст. Вақте ки Замин байни Офтобу Моҳ қарор мегирад, нури Моҳ гум мешавад ва ин ҳодисаро «гирифтагӣ» меноманд. Барои дуруст дарк кардани тасаввуроти Берунӣ вобаста ба ҳаракати Моҳ ва фазаҳои он ҳодисаи гирифт кофӣ аст, ки ба нақшаи кашидаи Берунӣ дар «Китобут-т-тафҳим ли авоили синоъати-т-танҷим» назар андозем (Расми 1).
Ҳамчунин, ситорашиноси машҳури дигари тоҷик Ҷамшеди Кошонӣ гирифти Моҳро 2 июни соли 1406 дар шаҳри Кошон мушоҳида кардааст.
Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» чунин навиштааст: «Моҳ ба гирифтан даромада буд, кам-кам гирифтагии моҳ зиёд шуда, ба аҳолии шаҳр маълум гардид. Дар кӯчаҳо овози табли шабгардон (одамони политсияи амирӣ) баланд гардид, аз ҳавлиҳо садои лаълиҳо, лаъличаҳо, дегҳои мис ва сатилҳо баромадан гирифт. Дар муддати якчанд дақиқа шаҳр аз овози дамбар-дамбур, ҷаранг-ҷунгур пур гардида, ба дили шунавандагон як навъ даҳшат меандохт. Ман дар мавридҳои моҳигирӣ дар деҳаамон ҳам садои «мисинакӯбӣ»-ро шунида будам. Лекин ғулғулаи он ҷо ба муносибати камии аҳолии он ҷо паст ва суст буд. Аммо дар шаҳри Бухоро, ки якбора аз ҳазорҳо ҳавлиҳо ва садҳо таблҳо садои нофорами ғайримунтазам мебаромаданд, асабҳои касро ба ҳаяҷон меовард.»
Ин ҳодиса маро водор кард, ки дар асоси донишҳои астрономӣ, рӯзу соати аниқи ин ҳодисаро муайян кунам. Ҳодисаи мазкур дар мадрасаи Мири Араб, дар соли аввали таҳсили устод Айнӣ (1890-91) рух додааст:
«Дар соли 1890 ман ҳамроҳи акаи худ барои хондан ба Бухоро омадам. Дар он ҷо домуллои кунҷакии акаам Мулло Абдусалом аз мадрасаи Мири Араб як ҳуҷра ёфта дод, ки мо ҳар ду дар он ҷо истиқомат кардем (саҳ. 142).
«Дар баҳорони соли якуми истиқоматам дар мадрасаи Мири Араб маро дидани ҳавлии Аҳмад-махдуми Дониш муяссар шуд (саҳ. 177).»
«Боре воқеа рӯй дод, ки ман овози Аҳмад-махдумро шунидам ва ба донишманди бузург будани ӯ ақида пайдо кардам: намедонам, дар ҳамон сол буд, ё соли дигар, ки Дониш бо одати муқаррариаш дар байни асру шом ба мадраса омад» (саҳ. 175).
«Таҳсили соли 1890–91 ба охир расид. Баробари тамом шудани таҳсил озуқа ва харҷии акаам ҳам тамом шуд» (саҳ. 182).
Ин маълумоти «Ёддоштҳо»-ро ба назар гирифта, ба ҳисобу китобҳои астрономӣ муроҷиат мекунем, то дақиқ муайян созем, ки кадом ҳодисаи гирифти Моҳ ба навиштаҳои устод Айнӣ мувофиқат мекунад. Тибқи маълумоти астрономӣ, дар соли 1890 чаҳор ҳодисаи гирифти Моҳ рух додааст, аммо онҳо пурра набуданд. Ин нишон медиҳад, ки дар ин сол ҳеҷ яке аз гирифтанҳо наметавонист таваҷҷуҳи хосаи донишмандонро ба худ ҷалб кунад. Вале дар соли 1891 ду ҳодисаи гирифти пурра ба қайд гирифта шудааст: 23 майи соли 1891 ва 16 ноябри соли 1891.
Бо дарназардошти он ки таҳсил дар мадрасаҳо одатан аз моҳи октябр оғоз мешуд, метавон натиҷагирӣ кард, ки агар устод Айнӣ ин ҳодисаро дар соли таҳсили 1890-1891 мушоҳида карда бошад, пас он, бешубҳа, ба моҳи майи соли 1891 рост меояд, ки он давраи поёни соли таҳсил ба ҳисоб мерафт.
23 майи соли 1891 ба вақти Бухоро, мувофиқи тақвими григорианӣ, соати 21:41 гирифти Моҳ шуруъ гардида, соати 22:49 Моҳ пурра зери сояи Замин меравад ва гирифти пурра оғоз мешавад, соати 24:09 Моҳ аз сояи Замин ба баромадан шуруъ карда, соати 01:17-и рӯзи 24 май пурра тамом мешавад.
Дар аксҳои зер ҳолати ҷойгиршавии Моҳро нисбат ба ситораҳо ба вақти 23 майи соли 1891 барои шаҳри Бухоро меорем. Яъне, айнан ҳолате, ки устод Айнӣ ва Аҳмади Дониш мушоҳида карда буданд.
Расми 2. Дар ҳолати оғози гирифт.
Расми 3. Дар ҳолати охири гирифт.
Расми 4. Ҳолати наздик шудани Моҳ.
Расми 5. Нақшаи гирифт ва минтақаҳое, ки аз он ҷо ин ҳодиса мушоҳида карда мешуд.
Аз аксҳо маълум мегардад, ки аз сабаби чандин соат давом кардани ҳодисаи гирифт, мавқеи Моҳ дар охир нисбат ба оғози ҳодиса хеле дигар шудааст.
Ризои БАҲРОМЗОД,
ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АМИТ