Наврӯз рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову покӣ ва саховату некист, саршавии фаъолияти кишту кори зироаткорон, тамоми кормандони соҳаи аграрӣ, бедоршавии табиату ҷомеа, иди баҳору ҷавонӣ, ишқу муҳаббати мардумон, дӯсту рафоқати халқҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон, ки Ватани Наврӯзи хуҷастапай аст, бо истиқболи густурда ва шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар минтақаҳои қадимаи сарзамини тоҷикон аз ҷиҳати мазмун ва моҳият Наврӯзи фараҳбахш бо як маросими таърихи ҷашн гирифта шавад ҳам, ҳар яке он бо хусусиятҳояшон аз ҳам фарқ мекунад. Наврӯз иди қадимаи халқи тоҷик буда, дар баъзе сарчашмаҳо қайд карда шудааст, ки зиёда аз 6 ҳазор сол ва баъзеи дигар 10 ҳазор сол таърих дорад. Омӯзиши таърихи Наврӯзи оламафрӯз аз тарафи олимони ҷомеашинос ва муаррихону муҳаққиқон идома дорад.
Мо ифтихормандем, ки дар кишвари азизамон ҷашн гирифтани иди дӯстӣ, ҷавонӣ, зебоӣ, бедоршавии табиат Наврӯз аҳамияти таърихию умумиҷаҳонӣ дорад. Ҳамасола иди қадимаи тоҷикон Наврӯзи фархундапай дар кишвари азизамон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
Мардумшиносону муаррихон ва муҳаққиқони фолклоршинос роҷеъ ба Наврӯз ва расму одатҳои марбути он китобу мақолаҳо таълиф кардаанд. Дар асарҳои Абуҷаъфар Муҳаммад Ҷарири Табарӣ «Таъриху-р-русул ва-л-мулук», «Зайну-л-ахбор»-и Гардезӣ, Ибни Асир дар «Комилут-т-таворих», Масъудӣ дар «Муруҷу-з-заҳаб», Абубакри Наршахӣ «Таърихи Бухоро», Умари Хайём «Наврӯзнома», Абуалии Балъамӣ ва ғайра маълумоти муфид баён карда шудааст.
Абуалии Балъамӣ ҷашн гирифтани Наврӯзро аз ҷониби Ҷамшед чунин инъикос кардааст: «Ва чунин рӯзе, ки ба подшоҳӣ расид, рӯзи ҳурмузд буд аз фарвардин. Пас он рӯз Наврӯз карданд ва то кунун идома дорад. Ва ҳафтсад сол биншаст, ки андар ин рӯзгор рӯзе дарди сараш нахост ва душмане бар вай берун наёмад ва ранҷе ва ғаме надид». Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу оромиш, осмони соф ва кушоиши кор шуморида, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Даври хонаҳоро қабл аз фарорасии ҷашни Наврӯз сафед ва либосҳои сафед ва бар мекарданд. Рӯйи суфраи Наврӯзи шакар, шир, ҷурғот ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ пухта мегузоштанд. Аз манбаъҳои таърихӣ бармеояд, ки вожаи наврӯзи аз забони қадимаи паҳлавии «нук-нуҷ» ё «нук-рӯз», дар забони муосири тоҷикӣ аз ду калима «нав ва рӯз» таркиб ёфта, маънои рӯзи навро ифода мекунад. Дар забони арабӣ бошад, бо номи «най-рӯз» зикр гардидааст. Дар ҳар маврид моҳияти вожаи «наврӯз» дорои як маъно-рӯзи нав, яъне, нахустин рӯз аз моҳи аввали солшумории хуршедӣ ва оғози фасли баҳор мебошад.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои ҳамҷавор моҳи сентябри соли 2009 бузургтарин ташкилоти байналмилалии фарҳангӣ-ЮНЕСКО Наврӯзи фархундаро ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил ва соли 2010 бошад, ҷашни байналмилалӣ эълон намуд, ки аз нуфузу эътибор ва арзиши ҷаҳонии он дарак медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ин ҷашни миллиро бо ҳисси ифтихор ва шукӯҳи хосса таҷлил намоем ва ба мардуми дунё муаррифӣ кунем. Абубакри Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» Наврӯзро ҳамчун оғози соли суғдӣ ва оғози соли деҳқонону кишоварзон меҳисобад: «Наврӯз соли ҷадиди муғон, эҳтимолан дар тақвимҳои форсӣ ва сӯғдӣ яке буда ва баъд ба муддати панҷ рӯз тафовут пайдо кардааст, соли ҷадиди даҳоқин рӯзи аввали фарвардин ва соли ҷадид — муғон рӯзи шашум мебошад». Яъне, Наврӯз дар замони Сомониён ба аввали фарвардин, рӯзи 21-уми март ҳамчун рӯзи оғози соли деҳқонон маънидод мешавад, ки аз наврӯзи муғон, ки ба рӯзи шашуми фарвардин рост меомад, аз наврӯзи аввал бо хусусиятҳои мазҳабиву ақидавии худ фарқ мекард. Наврӯзро мизони сол меноманд, зеро он ҳангоме фаро мерасад ва замоне ҷашн гирифта мешавад, ки соатҳои шабу рӯз баробар мегарданд.
Наврӯзро мардуми Шарқ дар давоми як моҳ, дар даҳрӯзаи якум зираоткарон, чорвадорон, дар даҳрӯзаи дуюм амалдорон ва дар даҳрӯзаи сеюм шоҳон ҷашн мегирифтанд. Давраи сеюм ҷашни Наврӯзи хотимавӣ буда, ба мардум аз тарафи подшоҳон зиёфат ороста, меҳмоннавозӣ мекарданд.
Шоҳтаоми наврӯзӣ «Сумалак» буда, дар замонҳои қадим сӣ малика дар давоми 2 шабу рӯз бетанаффус онро мепухтанд. Сумалак аз 7 намуди меваҳо (гандум, майсаи гандум, об, орд, рӯған, санги майдаи кулола, чормағз) тайёр карда шуда, ба мардум, меҳмонон ва хонаҳо тақсим карда мешавад. Наврӯзи хуҷастапай урфу одат, маросим ва суннатҳои қадимаи таърихӣ дошта, онҳо аз авлод ба авлод, аз қарнҳо то замони мо ҳамчун намунаи ҳаёти зинда давом мекунад.
Ҳамчун муҳаққиқ солҳои тӯлонист, ки таърихи пайдоиши Наврӯзро меомӯзам. Масалан, дар Хуҷанди бостонӣ мардум аз рӯзҳои аввали моҳи март «иди сол», «иди соли нав». «иди баҳор»-ро таҷлил мекунанд.
Дар ҳақиқат, пажуҳиши таърихи Наврӯзи оламафрӯз аҳамияти калони илмию маърифатӣ дошта, саҳифаҳои рангини тамаддуни оламшумули мо-тоҷиконро боз ҳам ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ мекунад.
Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти кафедраи археология,
этнография ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров