Мусаллам аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин марҳалаи ташаккулёбии истиқлоли миллӣ ба рушди соҳаи илму маориф аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ (28.12.24) ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дурнамои пешрафт ва роҳу равишҳои навини таҳаввули илму маорифи кишварро ба таври мушаххас барномарезӣ карданд.
Дар марҳалаи кунунии рушди Тоҷикистон бартарӣ додан ба соҳаи маориф, бешубҳа, воситаи муҳим расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки пешрафти маориф, ба инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Таҳлили соҳаҳои илму маориф дар Паём баёнгари он аст, ки мақоми омӯзгор дар низоми маорифи миллӣ афзалият дорад.
Бо ин мақсад, масъалаи фарогирии наврасону ҷавонон ба таҳсил дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, бунёду навсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ вусъат ёфтааст.
Зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, омӯзгорон ба такмили фаъолият ва баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат менамояд.
Пешвои миллат бо дарназардошти нақши созандаи илм дар рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар таъкид намуданд, ки «бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ диққати махсус ба соҳаи маориф равона гардид ва теъдоди зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ донишкадаву донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коллеҷу литсейҳо ва ғайра бунёд гардид.
Асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи кишвар ба татбиқи илм дар истеҳсолот иртиботманд мебошад.
Бояд қайд кард, ки имрӯз бидуни мутахассисони варзидаю касбӣ ва технологияи пешрафта наметавон соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус, саноату иқтисодро тараққӣ дод. Ба ин хотир, ҳамасола барои рушду инкишофи соҳаи илм аз ҳисоби буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд, то шароиту имконоти хуби касбу ҳунаромӯзӣ ва ҳамоҳангии илм бо истеҳсолот таъмин карда шавад.
Манзура ҶӮРАХОНЗОДА