Мусоҳиба бо адиб ва рӯзноманигори собиқадор Марямбонуи Фарғонӣ
– Муаллимаи азиз, салоҳ он аст, ки суҳбатамонро аз марҳалаи аввали ҳаётатон оғоз бубахшем. Маълум, ки ҷавонӣ овони ҷӯши орзуҳост. Ва кас дар ин овон ҳар гоҳ орзуи ба ин ё он пешае соҳиб шудан мекунад. Аз ин миён чӣ шуд, ки шумо маҳз рӯзноманигориро пазируфтед?
– Воқеан, айёми кӯдакиҳову наврасӣ барои ҳар инсон овони ҷӯши орзуҳост. Овонест саршор аз хоҳишу ҳавасҳо. Ман дар наврасӣ миёни орзуҳои зиёд ҳатто саргум мезадам: «ҷаҳонгард шавам?», «омӯзгор шавам?», «риштаи биологияро интихоб кунам?», «мардумшинос бошам?», «филолог шавам?» … Қариб ҳамаи фанҳо бароям шавқовар буданд. Ба худ мегуфтам, ки агар ҳамин дарси тарбияи ҷисмонӣ намебуд, ман ҳатман бо медали тилло мактабро хатм мекардам. Баҳоҳои ҳамин фанне, ки аслан, бад ҳам намедидам, болҳои парвози орзуҳои маро ҳанӯз дар наврасӣ миқроз зада буданд. Гап сари ин, ки ман дар шашунимсолагӣ зери чархи мошини боркаш мондаву маъюб шуда бошам ҳам, на дар мактаби махсус, балки баробари ҳама дар мактаби умумӣ мехондам. Шояд ҳамин сабаб шуда бошад, ки худро солимтан ва ҳатто аз дигарон ҳам бардаму неруманд ҳис мекардам. Фаразан, агар мусобиқаи дастхобонӣ ташкил мекарданд, шояд аз ҳама боло меистодам! Мисли дигарон медавидам, меҷаҳидам, дучарха ҳам мерондам, тӯббозӣ мекардам, нозук мерақсидам… Аммо маро бидуни хоҳиши худам аз дарси тарбияи ҷисмонӣ озод карда буданд. Аз ман ҳатто справкаи ВКК (хулосаи комиссияи тиббӣ) талаб намекарданд, вале ба журнали синф аз ин фан ба ман қаторак баҳои «3» мегузоштанд. Ҳанӯз аз синфи 9 ба хулосае омадам, ки тамоми фанҳои таълимиро бо баҳои «аъло» азхуд кунам ҳам, соҳиби медали тилло нахоҳам шуд. Беҳтараш, соҳаеро интихоб мекунаму домани баъзе фанҳоро раҳо… Ҳамин тавр, дар «номаи камол»-и ман аз химия ва алгебра баҳои «4» ва аз тарбияи ҷисмонӣ «3» сабт ёфт. Метавон гуфт, маро адабиёти бадеӣ тарбият кардааст, ҷаҳонбиниамро васеъ кардааст, худшинос кардааст. Метавон гуфт, маро адабиёти бадеӣ тарбият кардааст, ҷаҳонбиниамро васеъ кардааст, худшинос кардааст. Модарам хурсанд мешуд, ки ман ба мутолиа дил бастаам. Ӯ барои харидани китобҳои бадеӣ ва барои обуна ҳеч гоҳ маблағро дареғ намедошт. Ман ҳамеша ба 3-4 газетаву маҷалла обуна мешудам, аз синфи 7 дӯстдори «Садои Шарқ» гардидам. Батадриҷ шавқи навиштан пайдо шуд. Иншоҳои нигоштаам қолаби мақола ё ҳикояро мегирифтанд. Дар газетаи маҳаллии «Ҳаёти нав» (ҳоло «Садои Сӯх»), ва «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳозира «Овози тоҷик«) кам-кам навиду латифаю ҳикояҳоям чоп мешуданд. Ман қатъан қарор карда будам, ки омӯзгори фанҳои забон ва адабиёт тоҷик мешавам. Ёдам ҳаст, дар имтиҳони хатми мактаб аз фанни адабиёт мавзуи озодро интихоб кардам: «Дирӯз, имрӯз ва фардои кишвари мо». Баъди ним варақи сиёҳнавис аз муаллими имтиҳонгиранда дафтари тозанавис хостам ва дар се соат дафтари 12-варақаро пешу пушт пур кардам. Тағоям рӯзи дигар аз чойхонаи гузар ба табрики ман омаданд. Аҷаб, ки дар чойхона (!) ҳунари иншонависии хатмкунандаи одии мактаб сари забонҳо шудааст. Назар ба шунидаи директори мактабамон Аюбҷон Нишонов, ки бо вуҷуди омӯзгори география будан солҳо сармуҳарририи газетаи «Ҳаёти нав»-ро ба уҳда доштанд (равонашон шод бод!), баъди хондани иншои ман бо овози баланд гуфтаанд: «Ин духтарак журналист хоҳад шуд!» Дар зеҳнам ин гуфтаи устодам нақш бастааст.
– Ва ниҳоят, шумо аз анбуҳи орзую ҳавасҳо раҳо ёфта, ба журналистика гаравидед. Олами журналистикаро чӣ гуна дарёфтед ва боре ҳам эҳсоси пушаймонӣ накардаед?
– Олами журналистика, яъне, дар арсаи талошҳою бурду бохтҳо ҷон коҳонданҳо, азоби шабзиндадорӣ кашиданҳо, дар ғами дигарон сӯхтанҳо, дарди дигаронро дар ҷони худ эҳсос карданҳо, аз шамъи ҷони хеш чароғи худшиносии дигаронро афрӯхтанҳо, дар шаби тор машъалбардор буданҳо ва гоҳе ба гӯшаи фаромӯшӣ афтоданҳост. Не, ҳаргиз пушаймон нестам! Агар умри дубора медидам, боз роҳпаймои ҳамин ҷодаи душворгузар мешудам.
– Чӣ гуна бо рӯзномаҳо ба ҳамкорӣ пайвастед ва бо рӯзноманигорон чӣ ҳамбастагие доштед?
– Чӣ навъ ки зикраш рафт, барвақт ҳавасманди ин соҳа шудам ва бо ҷуръати том дар жанрҳои гуногун ба навиштани матолиб оғоз кардам. Гоҳо бе ҳеҷ баҳона дари идораи нашрияи «Ҳаёти нав»-ро ангушт мезадаму меҳмони аҳли эҷоди он мешудам. Аз нигоҳи сармуҳаррири нашрия Ғанӣ Муъминҷон ва рӯзноманигор Гадойбой Назарқулов (равони ҳар ду шод бод!) дармеёфтам, ки маро меҳмони нохонда намеҳисобанд, баръакс ба навиштан тарғибу ташвиқам мекарданд. Ман зиндаёд Ҷонибек Қувноқовро, ки мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» буданд, барҳақ, устоди хеш мешуморам. Эшон бароям маслиҳатдеҳи беминнат буданд. Аз ҳаёти ҷавонони диёрам, аз ҳаёти пурҷӯшу хурӯши мактабе, ки кор мекардам, ба матбуоти Тоҷикистон ҳам менавиштам. Агар аз ҳамкориҳоям бо «Машъал», «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», «Маориф ва маданият», «Хорпуштак» муфассал сухан кунам, вақти зиёд меравад. Аммо ҳоло пеши назарам чеҳраи гарми Сайфи Раҳимзод ҳувайдо мешавад. Баҳори соли 1985 буд, ба фикрам. Хостам ҳикояеро ба шуъбаи маънавияти «Тоҷикистони Советӣ» барам. Ба бинои идораи рӯзнома наздик омадаму аз тирезаи кушодае чашмам ба як симои шинос афтод. «Сайф!»- нидои беовоз дардодам ман. Ин сурати ҷаззобро дар муқоваи китоби мондагори «Ситораҳои сари танӯр» дида будам. Бале, ҳамон китобе, ки на танҳо худ такрор ба такрор хондаам, балки ба шогирдонам ҳам хонданашро тавсия додаам. Онро дар конфронси китобхонони мактаб баррасӣ ҳам карда будем. Ба назарам, ҳамон лаҳза иртиботи равонӣ ба миён омад, ки Сайфи Афардӣ аз коғази рӯйи мизаш чашм канду ҷониби тиреза нигарист. Ҳайрон нашуд, ки духтари ношиносе чашм ба чашмаш медӯзад. Лабони бо ҷиддият фишурдааш андак ба табассум моил шуд. Ин ба ман ҷасорат бахшид ва гуфтам: — Пеши шумо омадам. Бо даст ба дари даромад ишора кард. Ман он ҷо бо шоир Доро Наҷот низ шиносоӣ пайдо кардам. Онҳо чун фаҳмиданд, ки аз Сӯх ҳастаму ҳамагӣ чанд моҳ пеш муқими Душанбе шудаам, ҷиддияту расмиятро як сӯ гузоштанд. Мо хеле суҳбати самимӣ доштем. Баъди ягон ду ҳафта ҳикояи ман бо номи «Хонаи падарӣ» дар рӯзнома чоп шуд. Бо Сайф чун хоҳару бародар гардидем. Ман аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтам. Солҳои аввали сокини Душанбе шуданам дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бо Муаззама Аҳмадова ошно шудам. Муаззама ва Ҷонибеки Акобир дар як ҳуҷра менишастанд. Мо зуд унс гирифтем. Ҳикояҳои «Ситораи саҳарӣ» ва «Шаби боронӣ»-ам бо таҳриру тасҳеҳи ин ду нависандаи хушқалам чоп шудааст. Дар нишасту суҳбатҳо бо нависандагон Муҳаммадраҳими Сайдар, Саидаҳмади Зардон низ баҳраҳо бурдаам. Ин ҳамқаламони наҷибхислатам ҳикояи «Ману ишқи лӯлидухтар»-амро ба чоп омода карда буданд. Аз рӯзҳои аввали таъсиси «Паёми Душанбе» (ноябри с.1989) расман ба кори рӯзноманигорӣ гузаштам. Сармуҳаррири нашрия Додохон Эгамзод, ки аз навиштаҳои бадеиям бо қалами ман шинос буданд, ба ҳайси хабарнигор ба кор гирифтанд. Ин даргоҳ бароям мактаби маҳорату таҷриба дар фавринависӣ шуд. Баъди 11 моҳ ба рӯзномаи навтаъсиси парлумонӣ — «Садои мардум» даъват гардидам. Аз 45 нафар ҳайати эҷодӣ танҳо банда аз ҷинси латиф будам. Аслан, ҷинсият дар ин касбу кор нақш намебозад. Журналист, хоҳ мард бошаду хоҳ зан, журналист асту бас! Ин касб ҷасорати беандоза талаб мекунад. Зикраш бамаврид аст, ки сармуҳаррири нахустини «Садои мардум» Муродалӣ Шерализода, сиёсатмадор, олим, марди шарифу одаму оламдида, масъулиятшинос, қариб ҳама кормандони эҷодиро яккачин даъват карда буд. Муҳаррири шуъбаи маънавият, рӯзноманигор ва адиби шинохта, устод Фотеҳи Абдуллоҳ ва ману Қироншоҳ Шарифзодаю Тиллои Некқадам ҳамкорони устод будем. Ин қаламкашони номӣ дар муносибат бо инҷониб чун бародаронам буданду сари масъалаҳои худогоҳию худшиносии миллӣ ҳаммаслаку ҳамақидаам. «Садои мардум» рисолати хешро бидуни ягон калавиш адо мекард. Сармуҳаррир ба мо эътимод доштанду мо ба эшон. Нашрия ба маънои воқеӣ мардумӣ буд, яъне, парлумонро ба мардум ва мардумро ба намояндагони парлумон наздик мекард. Дар он рӯзҳои пур аз воқеаву ҳодисаҳои сиёсӣ ин ҳама осон даст намедод. Шӯрбахтона, авзои сиёсӣ дигар шудан гирифт ва сармуҳаррири мо, инсони бузург, нахустин қурбонии он рӯзҳо гардид. Солҳои минбаъда мудири шуъбаи маҷаллаи «Фирӯза», ходими адабии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», хабарнигори «Радиои Хуросон» (Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва то расидан ба синни бознишастагӣ муҳаррири шуъбаи мактабҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» будам.
– Чунонки ёдовар шудед, солҳои охири фаъолияти рӯзноманигориатон дар «Омӯзгор» сипарӣ шудааст. Чӣ бардоштҳое аз ин давра ёдмонатон гашта?
– Вақте ки ба ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба кор даъватам карданд, бовар доштам, ки аз уҳдаи кор дар ин ҳафтаномаи соҳавӣ мебароям. Ба ёдам ҳаст, 11 январи соли 2010 ба кор сар кардам. Табиист, ки се рӯзи аввал чанд бастаи «Омӯзгор»-ро варақ задам, ба унвонаҳо таваҷҷуҳ кардам ва бо ин ҳаракати «самтшиносӣ» дилпурона ба ҷараён ворид гардидам. Аз ҷиҳати хӯю хислат шинохтани ҳамкорон ҳам бароям душвор набуд. Метавон гуфт худро дар муҳити «Омӯзгор» чун моҳие дар об эҳсос мекардам. Дар тамоми мавзуъ сухани гуфтание доштам, аммо ба хонандагон ҳунари чеҳранигорӣ ё портретнависии ман бештар хуш меомад. Шояд қалами нависандагиам ба ин самти кор мусоидат мекард. Ба хотири намунаи ибрат аз роҳи тайкарда ва фаъолияти касбии беҳтарин педагогҳои Тоҷикистон — устодон Ниёз Сафаров, Соҷида Муродова, Ҳабибулло Искандаров … лавҳаю очеркҳо навиштаам, ки ба китобҳоям кӯчидаанд. Мавзуи худшиносии миллӣ ва инъикоси ҷашни Наврӯз бароям ҳамеша ҷолиб буду ҳаст, ба масъалаи таҳсили духтарон борҳо даст задаам. Ба тарғиби таҳсилоти инклюзивӣ бо ҷиддият муносибат мекардам, зеро ҳаёти хонандагони маъюб овони кӯдакии худамро ба ёд меовард. Кор бо муаллифони беруна ҳам бад набуд. Ман аз раҳбарият ва ҳамкоронам гилае надорам. Ҳамаро бо некӣ ёд мекунам, онҳо низ маро фаромӯш намекунанд. Ҳар сол чандборӣ хабарам мегиранд, занг зада, аз ҳолам мепурсанд, қадрдонӣ мекунанд, ба китобҳои дастҷамъию ҷашнӣ навиштаҳоямро ба тариқи бознашр ворид месозанд. Беадад миннатдорам.
– Шумо, ки адиби муваффақ низ ҳастед, байни адабиёт ва журналистика чӣ иртибот мебинед?
– Ҳар рӯзноманигори муваффақ адиб ҳам ҳаст ва ҳар адиби муваффақ бемушкилӣ рӯзноманигор ҳам буда метавонад. Аксари адибони шинохта аввал рӯзноманигор будаанд ё дар ду самт эҷод кардаанд. Ҳамин нашрияи мо — «Омӯзгор» аз аввал пуштибони адибон ва ё маҳфилгаҳи адабиётдӯстон будааст. Ба хотир орем, замоне «Маориф ва маданият» хонаи умеди чандин адиби миллатдӯсте будааст, ки аз ҷойи корашон роҳбарони партократ «пеш кардаанд»: Бозор Собир, Фотеҳ Абдуллоҳ, Ҷумъа Одина… Мегӯянд, ки журналистика ба набзи замон сарукор дорад ва сухани рӯзро мегӯяд. Ин баҳо аз як ҷиҳат дуруст аст. Аммо бояд бигӯем, ки рӯзнома «анбори афкор» ё «ёди таърих» ҳам ҳаст. Бо гузашти солҳо нигоштаи рӯзноманигорон барои муаррихон чун маъхазу мадрак истифода мешавад. Ҳар журналисти боистеъдод аз сафарҳои хидматӣ маводи зиёди арзишманд меорад. Агар қисмате аз онҳо дар мақолаҳояш истифода шаванд, қисмати дигараш, шояд баъди чанде асоси осори бадеияш гардад ё барои ягон ҳикоя ё қисса замина шавад.
– Ҳамчун собиқадори матбуот ба рӯзноманигорони ҷавон чӣ таманниёте доред?
– Дар чунин рӯзҳо пеши назарам симои гарми дӯсти донишмандам Пайванди Гулмуродзода (равонаш шод бод!) ҳувайдо мегардад. Ӯ солҳо аз пайи пажуҳиши таърихи матбуоти тоҷик ҷон коҳониду қалам фарсуд, то рӯзи интишори нахустин шумораи «Бухорои шариф» — Рӯзи матбуоти тоҷик эътироф гардад. Ба журналистони тоҷик ҷасорати касбӣ, қалами ҳақнавис, нафси шикаста, саломатӣ ва умри бобаракат таманно дорам.
Мусоҳиб Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»