Ҳамасола 26-уми феврал дар ҷумҳурӣ Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ таҷлил карда мешавад. Соли ҷорӣ 25-умин солгарди таъсисёбии созмони мазкур дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ташкилоти худидораи кӯдакону наврасон-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, мақсади асосии он тарбия намудани насли наврас дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиш ва эҳтироми таъриху фарҳанги милливу башарӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва ба ин васила, ташаккули шахсият ва шаҳрванди фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Дар тӯли фаъолияти 25-сола Созмони хонандагон дар пешбурди корҳои тарбиявӣ ҳамчун ҳаракати ҷамъиятии хонандагон ба сифати шарики ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас дорад. Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо дар бедор кардани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватанпарастии насли наврас таъсиргузор буда, як навъ татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад.
Созмон дар ҳамкорӣ бо муассисаи таълимӣ, оила ва ҷомеа дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҷалби хонандагон ба донишандӯзӣ, мусоидат дар ташаккули зеҳният ва маърифатнокии онҳо тавассути ташкили иштироки хонандагон дар маҳфилҳои илмиву тадқиқотӣ мақоми шоистаро иҷро менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки бори нахуст Низомномаи созмони хонандагон бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм (аз 26.02.1999, №215) тасдиқ шуда, баъди як сол (26.02. 2000) дар Конфронси якуми ҷумҳуривии Созмони хонандагон ташкилоти Созмони талабагии муассисаҳои (мактабҳои) таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд.
Ҳамаи ин боис гардид, ки Низомномаи Созмони хонандагон таҷдиди назар карда шавад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм истеҳсоли рамзу нишонҳои Созмони хонандагон, аз қабили нишонҳои сарисинагӣ, ливои зинаҳои «Ахтарон», «Ворисони Сомониён», «Сомониён», гарданбанд, парчами дастаи Созмон, парчами рӯйимизӣ, овезаҳо ба роҳ монда шуда, солҳои 2005, 2016 ва 2018 ба Низомномаи Созмони хонандагон, номгӯйи самтҳо, матни суруди «Дунёи миллат» ва шиори созмон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Айни замон, дар доираи талаботи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» лоиҳаи нави Низомномаи Созмони хонандагон таҳия гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Дар доираи амалишавии Низомномаи мазкур 6 дастури методӣ барои пешбурди фаъолияти Созмони хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар майдончаҳои солимгардонии наздимактабӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва фаъолияти Шурои Созмони хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ рӯйи кор оварда шуданд.
Созмони хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи се зина – «Ахтарон» (синфҳои 1-4), «Ворисони Сомониён» (синфҳои 5-9) ва «Сомониён» (синфҳои10-11) фаъолияти худро амалӣ менамояд.
Зинаи аввали созмон «Ахтарон» буда, хонандагони синфҳои 1-4-ро дарбар мегирад. Фаъолияти гурӯҳҳо дар ин зина ба воситаи бозиҳои шавқовари дорои хусусияти маърифатӣ сурат мегирад. Ҳадафи асосии ташкили кор дар ин зина омода намудани хонандагон барои узвият ба сафи зинаи «Ворисони Сомониён» мебошад.
Дар зинаи «Ворисони Сомониён» гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати ҷашну санаҳои таърихӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ҷашну идҳо аҳаммияти зебоипарастӣ доранд, зеро дар онҳо барномаю намоишҳои гуногуни бадеӣ истифода карда мешаванд, ки касро ба андеша, таҳаммулпазирӣ, фаҳмишу дарки дурусти зиндагӣ водор месозанд. Гузаронидани чорабиниҳо дар ин самт кӯдакону наврасонро ба таърих ва анъанаҳои мардумӣ ошно намуда, ба тарбияи насли наврас, ташаккули шахсият ва рафтори неку ахлоқи ҳамидаи онҳо мусоидат мекунад.
«Сомониён» зинаи ниҳоии созмон буда, хонандагони фаъоли синфҳои 10-11-ро фаро мегирад. Ин зина дар фаъолияти худ аъзои созмонро ба интихоби бошууронаи касб, тайёрӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ, хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва омодагӣ ба ҳаёти мустақилона роҳнамоӣ мекунад. Бо ин мақсад, барои аъзои ин зина доир ба мавзуъҳои «Касби дӯстдоштаи ман», «Ҳомиёни Ватан», «Истиқлолият ва худшиносӣ», «Тарзи ҳаёти солим» суҳбату мизҳои мудаввар ташкил ва гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ташаббуси аъзои зинаи «Сомониён» гузаронидани намоиши либосҳои мактабӣ, либосҳои гуногуни маҳсули дастони худи шогирдон таҳти шиори «Мо худсоз, худофарид, эҷодкорем» ба ҳукми анъана даромадааст.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 1 млн 501 ҳазору 923 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди умумии хонандагон дар зинаи «Ахтарон» 592979 нафар, «Ворисони Сомониён» 651477 нафар ва «Сомониён» 257467 нафар фаъолият менамоянд.
Ҳамасола тибқи Низомномаи Созмони хонандагон дар рӯзҳои 9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 феврал – рӯзи таъсисёбии созмон бо ёди савганд ва қироати суруди «Дунёи миллат» қабули хонандагон ба сафи он тантанавор ба роҳ монда мешавад.
Бояд қайд кард, ки шиори Созмони хонандагон «Ба хизмати халқу Ватан тайёр бош! — Доимо тайёр» рафтори хуби инсониро дар тинати хонандагон бедор сохта, онҳоро ба муносибатҳои башардӯстона, дарки зебоипарастӣ, фарҳанги ҷаҳонӣ, рушди зеҳнӣ ошно сохта, ба ташаккули қобилиятҳои бадеӣ ва эҷодии хонандагон мусоидат менамояд.
Ҷиҳати рушди малакаҳои фаъолияти роҳбарони Созмони хонандагон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд «Дастур оид ба фаъолияти Созмони хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» омода гардид, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Созмони хонандагонро танзим мекунад. Тибқи дастури номбурда, 4 машварати омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ барои роҳбарони он муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки мақсади асосии семинарҳои мазкур ҷорӣ намудани низоми салоҳиятҳои наврасон дар асоси Созмони хонандагон мебошад. Соли 2023 бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали вазифавии роҳбари Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ» тасдиқ гардид.
Бо мақсади муайян намудани беҳтарин роҳбари ташаббускор ва навовар, инкишоф додани қобилияти навоварӣ, малака ва фаъолияти зеҳнию эҷодӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами беҳтарин роҳбари Созмони хонандагон, соли 2022 бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи озмуни «Беҳтарин роҳбари Созмони хонандагон» тасдиқ гардид, ки соли сеюм аст, дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор ва ғолибон бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз ва бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.
Муяссара ДАВЛАТОВА,
директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ