Таҷрибаи фаъолияти панҷоҳсола ба ман ҳамчун омӯзгори математика имкон медиҳад, ки ба саволи «Кадом хонанда қобилияти математикӣ дорад ва оё ӯ оянда ғолиби олимпиада мешавад?» бо қадри имкон ҷавоб гӯям. Омӯзгори зирак чунин нишонаҳои қобилияти математикӣ доштани хонандаро муайян мекунад, ки ӯ ба омӯзиши математика шавқи зиёд дорад, бе маҷбур кардани дигарон мустақилона мисолу масъала ҳал мекунад, қудрати таҳлил ва фаҳмиши мантиқии мисолу масъалаҳоро дорад, аз хурдсолӣ нишонаҳои ҳозирҷавобӣ дар ҳалли машқҳо зоҳир кардааст. Кӯшиш мекунад, ки доимо аз ҳамсинфон пешсаф бошад, бо китоб мустақилона кор карда метавонад, ба ҳамсинфони худ роҳи ҳалли мисолҳоро ёд медиҳад, ба кору рафтори калонсолон бештар диққат медиҳад ва ба он мароқ зоҳир менамояд. Вақте ки омӯзгор хонандагони қобилияти математикидоштаро бо ёрии тестҳои махсус, суҳбат ва корҳои санҷишӣ муайян кард, баъд бо онҳо дар давоми соли хониш барои сайқал додани дониши онҳо машғул мешавад ва онҳоро барои иштирок дар олимпиадаҳо тайёр менамояд. Омӯзгор бояд ба он эътибор диҳад, ки раванди таълим ҷиҳати тарбиявӣ дошта, он илмӣ ва ба ҳаёт алоқаманд бошад. Дар дарс муаллим бояд хонандагони болаёқатро бо маводи иловагӣ таъмин карда, онҳоро ба машғулиятҳои факултативӣ ва маҳфилҳои фаннӣ ҷалб намуда, барои иштирок дар озмунҳо ва олимпиадаҳо роҳнамо бошад. Барои интихоби хонандагони боистеъдод омӯзгор бояд ба хатоӣ роҳ надиҳад. Бо онҳо суҳбат гузаронида, завқу шавқи хонандагонро нисбат ба ин фан бедор намояд. Хонандаи ба олимпиада интихобшуда бояд одобу ахлоқи хуб, ростгӯю меҳнатдӯст ва маҳорати кор бо компютерро дошта бошад. Агар хонанда бо китоб кор карданро ёд гираду омӯзгор ӯро бо адабиёти иловагӣ таъмин карда, ба рафти донишомӯзии ӯ оқилона роҳбарӣ намояд, натиҷаҳои хуб ба даст овардан мумкин аст. Хуб мешуд, ки ин корро омӯзгор аз хонандагони синфҳои 5-6 оғоз менамуд ва шогирди ӯ дар синфҳои 8-9 метавонист муваффақият ба даст оварад. Дар рушди хонандагони болаёқат падару модарон мавқеи муҳим доранд. Орзуи бисёр волидайн он аст, ки фарзандони онҳо ба донишкадаю донишгоҳҳои бонуфуз дохил шуда, соҳиби касбҳои муфид шаванд. Агар ин фарзанд боз ғолиби олимпиада бошад, ӯро бо имтиёз ба гурӯҳи буҷавии мактаби олӣ қабул мекунанд, ки ин ба оила кумаки моддӣ мерасонад.
Яке аз вазифаҳои асосии маорифи муосир дар шароити таҳсилоти ҳамгироӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавону эҷодкор ва соҳибтафаккур мебошад. Чунин чорабиниҳое, ки ба ҳалли ин масъала нигаронида шудаанд, пеш аз ҳама, ташкили озмуну олимпиадаҳо ба ҳисоб мераванд. Бо ташаббус, сарпарастӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор карда мешаванд.
Мақсади асосии гузаронидани озмуну олимпиадаҳо, дарёфт ва ташаккули малакаҳои эҷодӣ, бедор намудани шавқу ҳавас ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дастгирии хонандагони болаёқат, меҳру муҳаббат ба хондани китоб ва раҳнамоии хонандагон дар интихоби касб мебошад.
Аз натиҷаҳои олимпидаҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ метавонем ба ҳолати таълими фанни мазкур дар муассисаҳои таълимӣ баҳо диҳем. Масалан, соли гузашта аз шаҳри Исфара дар даври якуми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3467 нафар, дар даври дуюм 670 нафар ва дар даври сеюми озмун 68 нафар хонанда иштирок намуданд. Дар даври ҷумҳуриявӣ хонандагон Амина Шарипова, Наҷиб Шоалифов, Нодира Абдуғаффорова, Салима Пӯлодова ва Раҳматилло Аҳмедов ҷойҳои дуюм ва сеюмро сазовор гаштанд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз шаҳри Исфара 17 нафар хонанда сазовори ҷойҳои аввал шуданд.
Танҳо солҳои 2023-2024 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 253 нафар хонандаи шаҳри Исфара иштирок намуда, сазовари 2 медали тилло, 35 медали нуқра, 144 медали биринҷӣ ва 25 ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Бобохон ҚАЮМОВ,
омӯзгори математика МҒД «Мактаби зеҳнии Торуан-Маҳмудова»,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон