Усулҳои рангоранги таълими забони англисӣ

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ тақозои замон буда, таълими ин забонҳо дар машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорон бояд бо усулу шеваҳои гуногун ва дар айни ҳол судманду муассир, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд. Таълим ва шарҳу тавзеҳи қоидаҳои сарфу наҳв дар забони англисӣ бо роҳҳои мухталиф амалӣ карда мешавад. Донистани қонунмандиҳои грамматикаи забони англисӣ барои хонандагон зарур мебошад. Зеро сарфу наҳвро амиқу ҳаматарафа азхуд накарда, наметавон озоду беғалат калимаю таркибҳои забони англисиро талаффуз кард. Махсусиятҳои талаффузи дурусти овозҳои забони англисӣ, фаҳмишу дарки моҳияту маънои калимаҳо, ифода намудани фикр ба василаи ҷумлаҳои алоҳида дар дарс, ҳифзи луғатҳо аз забони мазкур хеле муҳим мебошад. Барои бо забони англисӣ озод гуфтугӯ ва муошират кардани хонандагон омӯзгор аз сабку шеваҳои ҷолибу шавқовар бояд истифода кунад. Истифода аз тахтаи электронӣ бо мақсади ба намоиш гузоштани бозиҳои дидактикӣ ва дар атрофи ин бозиҳо сохтани ҷумлаҳо ё таҳияи нақли мухтасар аз қабили чунин методҳои таълимӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин, дар раванди дарс бо истифода аз расм навиштани эссе бо забони англисӣ, нақли шифоҳии мазмуни матни пешниҳодшуда, тафсири луғатҳо мувофиқи мақсад мебошад.

Яке аз роҳҳои судманду зуд азхуд кардани забони англисӣ, ташкили саҳначаҳои хурд ва ба роҳ мондани муколама (диалог) маҳсуб меёбад. Ба воситаи ҳаракату амалиёт шогирдонро лозим меояд, бо ҳам дар гуфтугӯ шаванд, ки ин имкон медиҳад, ба воситаи луғатҳои азбаркардаашон фикри худро баён намоянд. Саволу супоришҳои тестӣ бо роҳандозии кори гурӯҳӣ аз манфиат холӣ нест. Дар машғулиятҳо истифодаи ҳадафмандона аз васоити аёнию техникӣ баҳри дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии хонандагон аҳаммияти хосса дорад. Қироати шеъру суруд, мутолиаи бардавоми ҳикояву афсонаҳо бо забони англисӣ аз дигар роҳу усули азхуд кардани ин забон ба ҳисоб меравад. Омӯзгор барои ташаккулу рушди нутқи хаттию шифоҳии хонандагон метавонад аз намудҳои гуногуни диктант истифода кунад. Хусусан, диктанти биноӣ, луғавӣ ва санҷишӣ баҳри беғалат навиштану талаффуз кардани калимаҳо мадад мерасонад. Омӯзгор дар раванди дарс бо истифода аз усули муносибати босалоҳият ба таълим хонандагонро водор месозад, ки дар хусуси манзараҳои табиат, синфу мактаби худ, дӯстони наздик ва падару модарашон фикрашонро ба таври шифоҳӣ изҳор кунанд.

Дар забони англисӣ ба мисли забони русӣ донистани ҳиссаҳои нутқ, бандакҳои хабарӣ, соҳибӣ, анвои ҷумлаву аъзои пайрави он ва ғайра муҳим мебошад. Ташкил ва ба роҳ мондани сабқати «Кӣ бештар луғат медонад?» дар дарсҳои забони англисӣ аз аҳаммияти вижа бархурдор мебошад. Яке аз омилҳои муоширати хуби хонандагон бо забони англисӣ, ташкил ва баргузории маҳфили фаннӣ ва машғулиятҳои иловагӣ ба шумор меравад. Дар маҳфилҳо ва машғулиятҳои иловагӣ аз роҳу шеваҳои содатару мушаххаси омӯзиши забони англисӣ метавон истифода кард. Баргузор намудани дарсҳои забони англисӣ дар синфхонаҳои лингофонӣ ба мақсад мувофиқ буда, самарабахшии машғулиятҳоро таъмин хоҳад кард. Умуман, дар сатҳи баланд ва созгор ба талаби замон роҳандозӣ намудани машғулиятҳо аз забони англисӣ аз лаёқату маҳорат, донишу ҷаҳонбинӣ ва истифодаи судманди методҳои рангоранги таълимӣ аз ҷониби омӯзгор вобастагии амиқ дорад.

Ганҷина БАЙГОВА,

омӯзгори МТМУ №48-и ноҳияи Рӯдакӣ