Омӯзиши фанҳои дақиқ — талаби замон

Инноватсия аз калимаи англисии «innovation» гирифта шуда, навоварии дар амал татбиқгардида ба ҳисоб меравад. Он натиҷаи фаъолияти зеҳниву ақлонӣ, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёти инсон мебошад.

Рушди инноватсия имрӯз аз ҳар як нафар, бахусус, аз омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ тақозо менамояд, ки донандаи хуби касбу соҳаи худ бошанд, аз технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим самаранок истифода намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод ва бе омӯзонидани донишҳои замони муосир, ҷомеа наметавонад ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шавад. Асри 21 асри илм ва технология дониста шуда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ танҳо мутахассисони ҷавобгӯйи бозори меҳнат ва соҳибкасб метавонанд дар пешрафт ва ҳифзи арзишҳои миллии ҳар як давлат саҳми бориз дошта бошанд. Насли имрӯз бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои байналмилалӣ омӯхта, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшида шавад. Дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, забономӯзии насли наврас низ аз масъалаҳои муҳим мебошанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф вазифа гузоштанд, ки «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар дуртарин манотиқи кишвар барои омӯхтани фанҳои дақиқ имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, мо-кормандони Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Хоруғ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуда, кӯ­шиш менамоем, ки наврасону ҷавонони лаёқатмандро ба камол расонем.

Ақлимо МУМИНШОЕВА,

мутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Хоруғ