Омӯзиши забонҳои хориҷӣ такмил мехоҳад

Мусоҳиба бо омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Мусаллам Ҳамидова

– Устоди муҳтарам, чунонки медонед, дар кишварамон «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст. Ҳамчун мутахассис ва корманди масъули соҳаи маориф мегуфтед, ки вазъи иҷрои ин барнома дар муассисаи шумо дар чӣ сатҳ қарор дорад?

– Тақозои замон аст, ки дар ҳамаи соҳаҳо мутахассисон ва умуман, тамоми кормандон бо забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ озодона гуфтугӯ карда тавонанд. Ҳадафи аслии барномаи давлатии мазкур низ ҳамин аст. Бо мақсади иҷрои ин барнома соли 2024 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиши забони англисӣ ташкил шуда, рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта «Рӯзи забони англисӣ» эълон гардид. Дастур дода шудааст, ки ҳамаи кормандон ва омӯзгорон дар ин рӯз байни ҳам бештар бо забони англисӣ муошират намоянд. Дар асоси «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» машварату мизҳои мудаввар ташкил ва ба ин васила, омӯзгорон аз навгониҳои методикаи таълими муосир огаҳ карда шуданд. Гурӯҳе аз кормандони донишкада дар тренингҳои хориҷи кишвар баҳри омӯзиши усулҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ иштирок намуда, таҷрибаи мутахассисони варзидаро омӯхтанд. Донишкадаи мо, ҳамчунин, тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаи Англия барномае таҳия карда, дар он ҳама мавзуъҳо ва дастурамали навинро ворид намояд, то омӯзгорон ва мутахассисон дар таълиму омӯзиши забонҳо аз он бемамониат истифода бурда тавонанд.

– Барои мукаммал гардидани дониши толибилмон вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ китобҳои дарсӣ чӣ нақше мебозанд? Дар хусуси муҳтавою ҳадафи китобҳои дарсии забонҳои хориҷӣ чӣ андеша доред?

– Китобҳои дарсӣ барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон нақши муҳим мебозанд ва хонанда ҳамон китоберо мутолиа менамояд, ки фаҳмо бошаду ниёзи ӯро қонеъ карда тавонад. Вале китобҳои дарсии мо аз забонҳои хориҷӣ баъзе мавзуъҳоеро дарбар мегиранд, ки барои хонандагон шавқовар нестанд ва онҳо ниёзи хонандагонро қонеъ карда наметавонанд, яъне, ба талаботи методикаи навини таълим ҷавобгӯ набуданд. Бо ин ҳадаф, китобҳои дарсие, ки аз ҷониби профессор Парвона Ҷамшедов таълиф шудааст, дар заминаи методикаи нави таълим дубора коркард шуданд ва ҳоло дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, китобҳои дарсии нав барои синфҳои 10-11 (муаллифон Сайлӣ Наврӯзбекова ва Савринисо Мусрифшоева) пурра дар асоси методикаи нав таълиф шудаанд. Дар суҳбат бо хонандагону омӯзгорон маълум гардид, ки китобҳои навтаълиф барои онҳо мақбуланд ва ба забономӯзиашон кумаки ҷиддӣ мерасонанд. Амали судманде мебуд, агар ҳар муаллифе, ки китоб менависад, хусусан, аз забонҳои хориҷӣ, бо мутахассисону омӯзгорони мактабҳои миёна дар иртиботи ҳамешагӣ бошад. Зеро нисбат ба навиштани китоб моҳияти мавзуъҳои онро ба хонанда дуруст фаҳмонидан душвортар аст. Мо бо ташкилотҳои гуногун ҳамкорӣ намуда, дар барномаҳои омӯзишии онҳо иштирок кардем ва роҳҳои нави таълимро омӯхта, дар ин замина 20 нафар тренер омода сохтем ва ба ноҳияҳои гуногун фиристодем, то дар муассисаҳо бо омӯзгорон машғулиятҳои бозомӯзиро ба роҳ монда, онҳоро аз методҳои нави таълимӣ бархурдор кунанд.

– Ба назари шумо, чаро хонандагон баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона муошират карда наметавонанд?

– Яке аз омилҳое, ки боиси дуруст азхуд накардани забонҳои хориҷӣ мегарданд, набудани муҳити забонӣ мебошад.

Дар баробари ин, барои омӯхтани ҳар забони хориҷӣ, пеш аз ҳама, хонандагон бояд забони модарии худро дар сатҳи аъло донанд. Омили дигар ин аст, ки методикаи пештараи таълими мо «муаллиммеҳвар» буд ва хонандагон кам муошират мекарданд. Методикаи нави таълим «хонандамеҳвар» аст ва дар равиши дарс бисёртар хонандагон бояд муошират кунанд. Дар методикаи муосири таълим хонандагон бештар сухан мегӯянд. Онҳо оид ба мавзуи дарс чӣ тасаввурот доранд, бояд бо забони хориҷӣ фаҳмонанд. Тавре ки гуфтем, қонеъ карда натавонистани талаботи хонанда ва шавқовар набудани машғулиятҳо низ боиси коста гардидани завқи ӯ нисбат ба дарс мегардад. Барои диққати хонандаро бештар ба омӯзиш ҷалб кардан беҳтар мебуд, ки дар лаҳзаҳои муайяни ҳар дарс аз бозӣ истифода бурда шавад. Бозиҳо гуногунанд ва бархе аз олимон бар он назаранд, ки дарсро бояд аз бозӣ шуруъ намуд, то ки таваҷҷуҳи хонанда зиёд шавад ва шавқаш нисбат ба дарс афзояд.

– Агар вазъи забономӯзиро байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ муқоиса кунем, фарқ хеле калон аст. Сабаби инро дар чӣ мебинед?

– Дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ соатҳои забонҳои хориҷӣ нисбат ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ зиёд аст. Илова бар ин, забони таҳсил дар баъзе аз муассисаҳои хусусӣ русӣ ё англисӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки онҳо доим байни ҳамдигар бо забонҳои хориҷӣ дар муоширатанд. Аксар омӯзгорон мегӯянд, ки маоши муаллимони мактабҳои хусусӣ баланд аст, вале онҳо фикр намекунанд, ки бо таъйини маоши баланд натиҷаи баландро низ талаб мекунанд. Агар омӯзгор забони хориҷиро хуб донад, хонандагони фаъол аз ин васеъ истифода хоҳанд бурд. Аз омӯзгорони соҳибмалака хонандагон хоҳиши ташкили дарсҳои иловагӣ мекунанд. Омӯзгорро шогирд муаррифӣ менамояд. Фаъолияти омӯзгорро мо метавонем аз дониши шогирдонаш муайян намоем. Мутаассифона, баъзе омӯзгорони забонҳои хориҷӣ худашон бо забони русӣ ё англисӣ озодона муошират карда наметавонанд. Ин аст, ки мо бештар бо омӯзгорон дар иртибот ҳастему талош менамоем, то онҳо аз ҳар навгонӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва роҳу усулҳои навини омӯзиш огаҳ бошанд. Ҳамчунин, мо дар вақтҳои муайян ба муассисаҳои таълимӣ рафта, дар дарсҳо иштирок менамоем ва барои беҳтар гардидани сатҳи таълим ба омӯзгорон мадад мерасонем.

Мусоҳиб Хуршеда АЗИЗОВА,

«Омӯзгор»