ДАСТУРИ РАҲНАМОВУ РАҲКУШО

Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешванд, зеро зимни он натиҷаҳо баррасӣ шуда, ҳадафҳои рушди оянда барои ҳама соҳаҳо муайян карда мешаванд. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат дар Паём оид ба адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарварӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амсоли инҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус, ҷавонон мегарданд. Тавре ки Пешвои миллат дар Паёми худ иброз доштанд, 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. «Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқад­дасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳ­соси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд…»

Паёми Роҳбари давлат дар худ арзиши маънавӣ – маърифатӣ, донишу хирад, ҳикмати беандоза дошта, ба баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, сатҳи саводнокӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии кишвар, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ равона карда шудааст.

Ташаббуси дигари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – эълон намудани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бозгӯи сиёсати дурбинона ва хирадбунёди роҳбарияти давлат буда, иқтисодиёти миллиро тақвият мебахшад ва ба пешрафти тамоми бахшҳои ҷомеа мусоидат мекунад.

Инноватсия қувваи асосии пешрафти илмӣ-техникӣ мебошад ва дар самти рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар нақши калидӣ мебозад. Пешвои миллат дар Паёми худ махсус қайд намуданд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ, рушди савдои электронӣ ва ташаккули соҳибкории рақамӣ барои баланд бардоштани иқтисоди миллӣ муҳим мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки пешрафти иқтисодии кишвар барои рушди иҷтимоиёт низ заминаи муҳим фароҳам оварда, кафолатҳои давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таъмин месозад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон ҳамеша мақоми хос дошта, дар Паёми имсола низ самти мазкур яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ арзёбӣ гардид.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бошад, ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.

Сарвари давлат мардуми Тоҷикистонро бори дигар ба худогоҳию хештаншиносӣ, ифтихор аз ватандорию шукргузорӣ аз забону фарҳангу миллати куҳанбунёди хеш, тинҷию осоиштагии кишвари азиз ва гиромидошти арзишҳои миллию умумибашарӣ даъват намуда, иброз доштанд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлату миллат ба Ватани азизи худ содиқ бошанд, Ватанро дӯст доранд ва баҳри ободиву шукуфоии он софдилона меҳнат намоянд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи Президент ба илму маориф ва яке аз соҳаҳои калидӣ арзёбӣ намудани он, мо–ҷавононро водор месозад, ки ҷиҳати такмили илму дониш, фаъолияти самараноки илмию истеҳсолӣ талош намуда, бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва Ваҳдати миллӣ тамоми нияту нақшаҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакатро амалӣ созем ва Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил диҳем.

Мақсудҷон ГУЛОВ,

унвонҷӯйи кафедраи ҳуқуқшиносии ДМТ