Мактаби ҷавонмардӣ

Таърих гувоҳ аст, ки аввалин қисмҳои Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дар амал татбиқ намудани қарорҳои Иҷлосияи ХУ1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, барои мустаҳкам намудани сохти давлат ва давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳаёти бунёдкоронаю меҳнаткашони кишвар, таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишвар саҳми беандоза гузоштаанд. Қарори Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли 1992, №3 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Яъне, заминаҳои ҳуқуқии таъсиси Артиши миллӣ аз Иҷлосияи тақдирсози миллат сарчашма мегирад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 сентябри соли 1992) ва бо қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (3 ноябри соли 1992) дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳӣ-муҳандисӣ ташкил гардид ва бо иштироки гурӯҳи донишҷӯёни шомилшудаи коллеҷи мазкур бори нахуст 23 феврали соли 1993 паради Артиши миллӣ баргузор шуд. То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 қисмат: қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буд. Ҳоло илова ба онҳо қӯшунҳои зудамал (аз соли 2003) (таркибаш-қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд), литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ (2002), полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳо фаъолият доранд.

Ҳамчун кафили таҳкими Истиқлоли давлатӣ Артиши миллии кишвар барои мустаҳкам кардани муносибатҳаи байналмилалӣ эътибори махсус дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар таркиби Артиши миллӣ қисмҳои пиёдагард, сарҳадӣ, артиллерӣ, ҳавоӣ-ҳарбӣ ва ғайраҳо ташкил ва бо яроқу воситаҳои ҳарбии замонавӣ таъмин карда шудааст, ки дар он мутахассисони касбӣ фаъолият мебаранд. Артиши миллии Тоҷикистон неруи сулҳпарвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ идома медиҳад.

Дар баргузории ин маъракаҳои байналмилалӣ нақши Артиши миллӣ назаррас аст.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони ба синну соли хизмати ҳарбӣ расида сари вақт ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир намешаванд ё худ аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Хизмати ҳарбӣ барои занҳо ҳамчун уҳдадории конститутсионии шаҳрвандӣ муқаррар нашуда бошад ҳам, вале таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки иштироки занҳо дар мудофиаи ҳарбӣ бештар мегардад. Дар Исроил хизмати ҳарбӣ барои занҳо баробари мардон ҳамчун уҳдадории конститутсионӣ муқаррар карда шудааст. Тибқи муқаррароти моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони ҷинси зани аз 20 то 40-сола метавонанд бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ дохил шаванд. Масъалаҳои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқ­лоли давлатӣ, уҳдадориҳои ҳарбӣ, хизмати ҳарбӣ, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандони кишвар буда, иҷрои он барои ҳар як фарзанди фарзонаи миллат шарт мебошад.

Агар модар фарзандро ба дунё оварда, тарбия намуда, ба муҳит ва оила мутобиқ созад, пас Ватан руҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба он зам мекунад. Хизмат кардан дар Артиши миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди бономуси мамлакатамон мебошад. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳ­шоният рӯй намегардонад. Шарти муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм фаъолияти ҳамоҳангу босамари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Артиши миллӣ дар ин самт мебошад.

Масъалаҳои хизмат дар Артиши миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ муҳимтарин маҳаки фаъолияти касбиву ҷамъиятӣ ва омили асосии муттаҳидсозии тамоми неруҳои ҷомеа мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, омили дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ, тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ маҳсуб меёбад». Мувофиқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии кишвар вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Сулҳу салоҳ то он даме ҳукм меронад, ки агар ҷавонписарони мо бо дасту дили пок ба қисмҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд. Воқеан, хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ мактаби ҷавонмардист.

Сафар ЭРКАЕВ,

дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров