Ҷонфидои ин Ватан бошем!

Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Новобаста ба сохтори давлатдорӣ, мақсаду маром ва манфиатҳои геополитикӣ, давлатҳо қувваҳои мусаллаҳи хешро доранд, зеро пойдорию устувории давлат, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва осудагии мардум ба иқтидору тавоноии ин сипари боэътимод вобастагии комил дорад.

Нахустин паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе баргузор шуд ва расман ин сана ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз афсари олирутба то аскарони қаторӣ баҳри наҷоти Ватану миллат ба иҷрои вазифаи худ оғоз намуда, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, мубориза бар зидди дастаҳои ҷинояткори мусаллаҳ содиқонаву фидокорона хизмат намуда, бо шуҷоату матонати бемисл ватандӯстони ҳақиқӣ будани худро исбот намуданд.

Ҳоло ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи моро Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил медиҳанд, ки дар якҷоягӣ баҳри ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу субот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд. Ҳукумати кишвар низ дар навбати худ барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи химатчиёни ҳарбӣ, тақвият бахшидан ба пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Бо мақсади пурра намудани сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарони касбии ба талаботи шароити муосир ҷавобгӯй дар кишварамон макотиби олии ҳарбӣ, аз қабили Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Коллеҷи олии сарҳадчиёни Вазорати амнияти Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ба замми ин, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои муштараки ҳарбӣ бо артишҳои дигар кишварҳои ба мо дӯст ширкат варзида, дараҷаи маҳорату малакаи ҷангии хешро сайқал мебахшанд. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити мураккаб ва ноороми ҷаҳони муосир зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Мо дар замоне зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем, ки хеле пуртазоду ноором ва пешгӯинашаванда аст. Ва яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аст, ки ҳоло ба хатари глобалӣ табдил ёфтаасту тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Аз ин рӯ, мубориза бо терроризму экстремизм самти афзалиятноки ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.

Холмурод ҒИЁСПУР,

омӯзгори МТМУ №6-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин