Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвору фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовор гузоштаанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карданд ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан ҳамеша омадаанд.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он аз ҳам ҷудо нестанд. Манфиат, истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо Ватан, ватандорӣ ва ватаншиносӣ алоқаманданд.
Конститутсия ҳифзи амнияти давлатро вазифаи ҳар як шаҳрванд эълон намудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ба ҳайси субъектони таъмини амният шаҳрвандонро дар қатори давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту идораҳо эътироф мекунад. Шаҳрвандон мисли дигар субъектҳо дар таъмини амният иштирок намуда, дорои ҳуқуқу вазифаҳоянд. Давлат ин ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд (моддаи 2 Қонун «Дар бораи амният»).
Тибқи муқаррароти қисми 2, моддаи 43-и Конститутсия, тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад. Дар Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии хизмати ҳарбӣ бо қонунгузории соҳаи мудофиа ва хизмати ҳарбӣ муайян мешавад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хизмати ҳарбӣ «навъи махсус ва афзалиятноки хизмати давлатӣ буда, иҷрои бевоситаи уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар бар гирифтааст» (моддаи 23).
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи уҳдадории умумии ҳатмӣ бо мақсади мудофиаи давлат ташкил мешаванд. Мудофиа вазифаи муҳимми давлат, халқ ва ҳар шаҳрванд аст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» зери мафҳуми мудофиа «системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст» (моддаи 1).
Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар қалби ҷавонон эҳсоси садоқат ба Ватан, ба давлату миллатро бедор намуда, онҳоро раҳнамоӣ созанд, то хизмати худро дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона ба ҷо оранд. Баҳои сазовори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас шудан бамаврид аст: «Хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд».
Ҷавонписарон ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта, пайи ҳифзи Ватани хешанд. Имрӯзҳо донишҷӯёни муассисаҳои касбӣ бо ихтиёри худ ба ҳимояи Модар – Ватан камар бастаанд ва роҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳо барои ҳавасманд намудани онҳо имтиёзҳо муқаррар кардаанд. Бовар дорем, ки парвардагони мактаби давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садоқат ба меҳани хеш марзу буми Ватанро содиқона дифоъ мекунанд ва дар оянда шахсони сазовори давлат ва ҷомеа мегарданд.
З. Қурбонова,
омӯзгори калони кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ