Олим Олимзода, ки дар кадом як мактаби олии пойтахт дарс мегуфту соҳибунвон буд (доктори илм, профессор, физики шинохта), дар истгоҳи деҳа мунтазири мошинҳои роҳ меистод, ки баногоҳ дар наздаш мошини сабукрави тамғаи «BMW-X6»-и наппа-нави сиёҳи ялаққосӣ қарор гирифт. Дарро ронанда боз намуд ва ба чеҳраи муаллим дида дӯхта, лабонаш ғарқи табассум хитоб намуд:
-Марҳамат, устод, бароҳат бинишинед.
Пас аз аҳволпурсӣ маълум гардид, ки ронанда, ҷавони қадбаланди 30-35-сола, мӯйҳояш шонахурдаи равғанӣ, айнаки сиёҳ дар чашм, бо либосҳои наву мӯди замонавӣ Раҳимбек, писари Саидбек, набераи бобои Ҷӯрабек будааст, ки муқими шаҳри Маскав асту ба тиҷорату савдо дар он шаҳр машғул.
-Э устод, устод, -афзуд бо хушҳолӣ Раҳимбек, хеле шуд, ки шуморо вонахӯрда будам. Охир, шумо кам не-ғам не, 5 сол ба мо дар мактаби деҳа дарс дода будед. Мо як умр агар хизмати шуморо ба ҷо орем, кам аст. Ҳаққи шумо бар мо зиёд аст.
-Ҳеҷ ҷойи ташвиш надорад ин ҳама, -чашм аз роҳ наканда посух дод Олим Олимзода. -Мо аз шумо хурсанд ҳастем, муҳим ин ки ҳар ҷо бошед, сиҳату саломатии шумо барои мо давлат аст, шогирд.
Аснои ҳаракат дар роҳ банохост нигоҳи Раҳимбек ба ҷузвдони устодаш афтид, ки рангбохтаю фарсуда ба назар мерасид.
-Устод, сумкаатон хеле куҳна шудаастку, -дилсӯзона гуфт шогирд.
-Шумо одами чор кас мешинохтагӣ, обрӯю ифтихори деҳаи мо чӣ ки, ҷамоату ноҳия, балки ҷумҳурӣ ҳастед. Ба шумо бардошта гаштани сумкаи куҳнаю фарсуда намезебад.
-Ман, Раҳимбекҷон, ростӣ, ба сумкаам эътибор ҳам намедиҳам,-бепарво гуфт муаллим ва илова кард. -Лекин шумо ишораи хуб кардед, сумкаи нав харидан лозим. Ҳа-а…
-Шумо дар ин бора фикр ҳам накунеду ташвиши зиёдатӣ ҳам накашед,- бо оҳанги дилпурона ба суханаш идома дод Раҳимбек.
-Ман аз Россия чанд сумкаи мӯди нав овардагӣ. Чунон зебову хушранганд, ки бо ҷилои худ чашм мебаранд. Дар байни ин портфелҳо махсус ба шумо мезебидагияш ҳам ҳаст. Бегоҳ-пагоҳ ҳатман оварда ба шумо ҳадия хоҳам кард.
Чеҳраи Олим Олимзода аз хушҳолӣ шукуфта, бо миннатдорӣ ҷониби Раҳимбек нигарист:
-Раҳмат, писарам, саломат бошед. Лекин гуфтам-ку, ташвиш накашед ҳам, мешавад. Як сумка-да, насиб кунад, мехарем.
-Э, не, не, дар ин хусус дигар ҳарфе ба забон наоред. Масъала ҳал, тамом-вассалом. Сумкаро пагоҳ ё бегоҳ ба шумо мерасонам, устод.
…Бегоҳ аз кор баргашта, Олим Олимзода ҳеҷ тағйироту дигаргуниро мушоҳида накард. Аммо, содаю зудбовар, ки буд, ба ёдаш Раҳимбеку ҷузвдони наву таърифияш расиду лабханде кард…
Рӯзҳо яке пайи дигар тирвор мегузаштанду аз Раҳимбеку ҷузвдонаш дараке набуд. Баъдтар муаллим огаҳ гардид, ки аз рафтани Раҳимбек ба Россия ду ҳафта пушти сар шудаасту ӯ бехабар.
Ин гуна тақрибан баъди сипарӣ гардидани соле боз дар истгоҳи деҳа муаллим Олим Олимзода интизори мошинҳои роҳ буд, ки мошини сабукрави тамғаи «Икс»-и нави пурҷило наздаш қарор гирифт.
Дарро муаллим худ кушода, шогирдаш Раҳимбекро паси чамбар дида, аввал каме ҳайрон шуду сипас хушҳолие фаро гирифташ. Пас аз аҳволпурсӣ Раҳимбек фаҳмонд, ки ба хабаргирии падару модарашу бародаронаш омадааст. Аз сумкаи ваъдагӣ умуман гап накушод.
-Ба кор рафта истодаед? -пас аз хомӯшии ба миён омада пурсид Раҳимбек. Хаёлам, ҳоло ҳам дар донишгоҳ дарс мегӯед-а?
-Дар донишгоҳ дарс мегӯяму лекин ҳоло дар рухсатиям, -шарҳ дод Олим Олимзода ва афзуд:
-Дандонҳо ғам дода истодаанд. Сол, ки рафт, дандон мерезаду мӯят сафеду чашмат хира мешавад…
-Чӣ, шумо дандон карданиед? -бо қиёфаи ҷиддӣ кунҷковӣ кард Раҳимбек.
-Ҳа, ҳамин хел ният дорам.
-Шумо, устодҷон, дар ин бобат парво накунеду зиқ нашавед. Ман худам шуморо бурда, дар духтури шинос дандонҳоятонро нав мекунонам. Аз хусуси маблағаш ҳоҷати гап нест. Мо, устоди азиз, ба шумо ҳамин қадар хизмат накунем, айб нест магар? Дандон асоси зиндагист, устод.
Шоир беҳуда нагуфтааст-ку:
Зиндагонӣ бо зану дандон бувад,
Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад.
-Худи пагоҳ ман шуморо хабар гирифта, аз пайи кор мешавем. Бад-ин тариқ, як пагоҳ чӣ ки, даҳ пагоҳ дар як пилк ба ҳам задани чашмон гузашта рафту аз Раҳимбек хатту хабаре нашуд. Дар хусуси пизишки шиносашу дандонҳои нави устод Олимзода табиист, ки ҳоҷати гап ҳам набуд.
Маълум шуд, ки Раҳимбек кайҳо ба Россия баргаштаасту боз ҳам Олимзода аз рафтани ӯ бехабар мондааст.
Соле баъд (шояд бо амри тасодуф бошад) боз Олим Олимзода дар истгоҳи деҳа мунтазири нақлиёту азми ба кор рафтан дошт, ки мошини тамғаи «S-класс»-и наву оҳарии пурҷило наздаш қарор гирифт. Дарро кушода, (воаҷабо!) Раҳимбеки шогирдашро дид, ки хандаи дандоннамое чеҳраашро фаро гирифта (дандонҳояш болою поён тилло буду медурахшид), аз паси айнаки тира ба ӯ менигарист.
-Марҳабо, устоди азиз, марҳабо, -ханда дар лаб муроот кард Олимзодаро шогирди «бовафо»-яш.
-Чӣ ҳол доред? Хубед?
-Хубам, хубам, -изҳор намуд устод ва ба кабинаю салони мошин ишора кард:
-Муборак шавад, мошини нав. Дуо мекунем, ки ҳамеша дар рӯзҳои тӯйю хурсандӣ хизмат кунад.
Пасон Раҳимбек аз Олимзода пурсон шуд, ки чӣ ташвишу гирифториҳое дорад. Олимзода фаҳмонд, ки ҳама корҳояш хубанд, ҳеҷ ташвишу мушкиле надорад.
-Фақат, -ба ёдаш чизе расид, ки хитобид вай, ҳоло аз пайи чопи китоби навам ҳастам. Китоби калон, маҷмуи мақолаҳои илмии солҳои охир навиштаам аст, ин китоб.
-Ана чоп кардани ин китобу хароҷоташ ба зиммаи ман, устодҷон, -бо тафохур гуфт Раҳимбек. Медонам, ки барои тайёр кардану ба нашр расондани китобе маблағи калон зарур аст. Ҳамин маблағи чопи китобатон тани ман. Чӣ гуфтед, устод?
Ҳангоме ки Олимзода дар маркази шаҳр аз мошин поён мешуд, Раҳимбек бо овози баланд:
-Устод, пагоҳ ман шуморо хабар мегирам, бепарво бошед,-гӯён дарро пӯшид.
Пас аз гузаштани соле боз ҳам Олим Олимзода дар истгоҳи деҳа мунтазири мошин, озими шаҳр буд, ки тифоқо сабукрави тамғаи «А»-и боазамате наздаш қарор гирифт.
-Раҳимбек? -дарро кушодан замон шогирдашро паси чамбар дида, беихтиёр нидо баровард муаллим. Аз Россия баргаштед?
-Ҳо, устодҷон, хабаргирӣ омадам, -посух дод Раҳимбек. Ва ба суханаш идома дод:
-Ҳолатон хуб аст, устоди азиз? Ба шаҳр, ба кор равонаед?
-Ҳа, ба кор рафта истодаам, -гуфт Олим Олимзода. Баъди каме хомӯшӣ ба шогирдаш тавзеҳ дод, ки се рӯз баъд зодрӯз дорад.
-Э, табрик, табрик, устодҷон, -хандида гуфт Раҳимбек, нафаҳмида мондам, хуб нашудааст.
-Хайр, ҳеҷ гап не, ҳоло вақт ҳаст. Худи пагоҳ, дер нашуда, ба шумо шиму кастюми нав харида, туҳфа мекунам. Ана ҳамон шиму кастюми гаронбаҳоро дар рӯзи мавлудатон ба бар мекунед. Нуран ало нур мешавад.
Олим Олимзода маънидорона сӯйи шогирдаш нигариста, гулу равшан кард:
-Шумо, шогирди азиз, ягон хел ташвиш накашед. Бачаҳо кайҳо шиму кастюм харида, туҳфаам карданд. Умуман, бояд донед, ки ба шарофати ваъдаҳои шумо банда соҳиби сумкаи нави ялаққосӣ шуда, дандонҳоямро нав кунондам. Дар ин байн китобамро низ бо дастгирии шогирдон ба нашр расондам. Ҳазорсола шаванд, дӯстону шогирдони содиқи банда! Аз шумо хоҳиш доштам, ки дар зодрӯзам иштирок кунед, тамом-вассалом.
-Э раҳмат, раҳмат, устоди азиз, гӯё ки ҳеҷ воқеа рух надода бошад, бепарво ба забон овард Раҳимбек.
-Ҳатман дар зодрӯзатон иштирок хоҳам кард.
Аммо… худи ҳамон рӯз Раҳимбек чипта харидаву ба Россия «думро хода кард».
Шодӣ Раҷабзод
«Омӯзгор»