Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардид, ба сифати ҳуҷҷати барномавӣ ва дурнамои рушди мамлакат таҳлилҳои илмӣ, дастовардҳо ва бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар тӯли Истиқлоли давлатӣ ва дастуру супоришҳои мушаххас дар солҳои минбаъдаро дарбар мегирад.
Дар Паём Сарвари давлат доир ба вазъи ҷаҳони муосир, рушди иқтисоди миллӣ, ташаккули буҷаи давлатӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, касбомӯзӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши насли наврас, таъмини зиндагии шоистаи мардум, рушди сайёҳӣ, инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ, монанди маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сол аз сол зиёд гардидани маошу нафақа, беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон, такмили санадҳои қонунгузорӣ, пешгирии терроризму экстремизм, робитаҳои хориҷии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Соҳаи маориф дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҳамчун соҳаи афзалиятнок боқӣ мемонад. Доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот Пешвои миллат аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад». Ба андешаи Сарвари давлат имрӯз дар соҳаи маориф ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат тасдиқ карда шудааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, татбиқи ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олӣ сохта ба истифода дода шудааст. Пешвои миллат доир ба бунёд намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба мақомоти масъул супориш доданд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар бояд ин масъала ҳалли худро ёбад.
Дар зинаи таҳсилоти олӣ доир ба мавҷуд будани норасоиҳо дар сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон, истифодаи технологияҳои муосир, ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, ҳамкории байналмилалии донишгоҳу донишкадаҳо, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба тақвият ниёз доштани ин ҳамаро таъкид доштанд.
Ба мақсади таъмини кадрҳои баландихтисос дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва технологияи инноватсионӣ Пешвои миллат дастур доданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дар донишгоҳҳои дигари кишвар кафедраю ихтисосҳои мазкур таъсис дода шаванд.
Рушди маориф бо пешрафти илм пайванди ногусастанӣ дорад. Пешрафти кишвар бе рушди илму маориф, таъмини мутахассиси ихтироъкору навовар, барномасоз, пешниҳоди идеяву татбиқи лоиҳаҳои муосир, сатҳу сифати баланди таълиму тарбияи кадрҳо, донистани забонҳои хориҷӣ имконнопазир аст.
Доир ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, Сарвари давлат ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар соҳаҳои марбут дастур доданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, мутахассисони касбияти баланддошта, донандаи забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Бо ин мақсад, супориш дода шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Дастуру супоришҳои Сарвари давлат масъулини соҳаҳои илму маорифро водор месозад, ки ба сатҳу сифати омӯзонидани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги ниёгонамон ба наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Некрӯз МУЪМИНЗОДА,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм