Як рӯз дар «Шабнам»

Фарзона чун ҳарвақта субҳи барвақт ба кӯдакистон омад. Саҳни бино тозаву озода. Ҳаво сард буд, аммо ӯ инро эҳсос намекард, чун дар вуҷудаш оташаке аланга мезад. Ин оташи меҳр буд, ки дилашро ба кору зиндагӣ гарм нигоҳ медошт. Чашмаш ба шилшилаи парчамҳои хурди мунаққаш ва пуфакҳои ранга, ки саҳни кӯдакистонро оро додаанд, афтод. Онҳо низ гӯё дар ҳамраъйӣ бо мураббия алвонҷзанон омадани бачаҳоро интизорӣ доштанд…

Ҳамкорон ҳам як-як ҷамъ омаданд. Такудави ҳаррӯза оғоз ёфт. Мураббиёну ёрдамчиён утоқу синфхона, роҳраву долонҳоро зуд ба тартиб оварда, барои истиқболи бачаҳо ба саҳни ҳавлӣ баромаданд.

Дар они воҳид аз оромии соате пеш асаре намонд. Хандаву ғавғои бачаҳо фазоро пур кард. Волидон фарзандонро ба мураббия месупоранду шитобон бадар мераванд. Мураббияи ҷавон Фарзона ба чеҳраҳои маъсуму чашмакони кунҷкоби кӯдакон менигараду бори дигар итминон ҳосил мекунад, ки бачаҳо барояш хеле азизанд. Маҳз меҳри беандоза ба кӯдакон водораш сохта, ки ин касби пуршарафро интихоб намояд.

Фаъолияти Фарзона Исматова дар ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 132-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки бо номи «Шабнам» маъруф аст, ба ҳайси ёрдамчии мураббия оғоз ёфтааст. Баъдан кӯшишу ғайрат ва донишу малакаашро ба эътибор гирифта, ӯро ба вазифаи мураббия гузаронданд. Аз он айём се сол сипарӣ гардид ва имрӯз Фарзона яке аз беҳтарин мураббиёни пойтахт шинохта шудаву байни кӯдакону ҳамкасбон маҳбубият пайдо намудааст.

– Кӯдак таълиму тарбияро аввал аз муҳити хона меомӯзад ва бо ҳамон фаҳмишу бардоштҳо ба кӯдакистон қадам мемонад. Аз ин хотир, бачаҳо хислату хӯи гуногун доранд. Дар рӯзҳои аввали ба муассиса омадан онҳо худро нороҳат эҳсос мекунанд. Ба кӯдакон муоширату меҳрубонӣ зоҳир менамоем, оҳиста-оҳиста дар байни ҷамъият буданро меомӯзем, – бо табассум изҳор медорад Фарзона Исматова.

Ширхоргоҳ-кӯдакистони «Шабнам» соли 1975 бунёд шудааст. Тибқи нақша он барои 320 кӯдак пешбинӣ шуда бошад ҳам, айни замон дар муассиса 360 кӯдак дар 12 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Барои ҳар гурӯҳ як синфхона-ҷойи машғулияту бозӣ, таомхӯрӣ, хоб ва долони алоҳида ҷудо гардидааст.

Синфхонаҳо бо рахти хоб, мизу курсӣ, бозичаҳои омӯзишиву асбобҳои аёнӣ ва китобҳо таъминанд. Бо сабаби пайваст набудан ба хатти ягонаи гармидиҳӣ, гурӯҳҳои дар ошёнаи якум ҷойгиршуда аз бухорӣ ва гурӯҳҳои ошёнаи дуюм тариқи бухориҳои барқӣ бо гармӣ таъмин мегарданд.

– Ду сол аст, ки дар муассисаи мазкур ба ҳайси мудир фаъолият мебарам. Кӯшиш дорем, камбудиҳои ҷойдоштаро саривақт бартараф созем, аз ҷумла, соли равон бояд кӯдакистон ба хатти ягонаи гармидиҳӣ пайваст шавад. Ҳавзи шиноварии кӯдакон, ки таъмирталаб буд, бозсозӣ гардида, дар назди он боз як ҳавзи дигар сохтем. Роҳравҳои муассиса пурра таъмир шуданд.

Дар «Шабнам» ҳамкорӣ бо волидон хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи қарордод, мураббиён моҳе як маротиба ҷаласаи муштарак бо волидон баргузор мекунанд. Дар се моҳ як маротиба дар кӯдакистон «Рӯзи дарҳои кушод» эълон мешавад, ки хоҳишмандон имкони иштирок дар машғулиятҳоро доранд. Мураббиён ҳар субҳ ва ҳар бегоҳ бо волидон суҳбатҳои машваратӣ баргузор мекунанд.

Машғулиятҳо дар кӯдакистон мувофиқи ҷадвали шурои педагогӣ амалӣ мешаванд. Барои атфол машғулияти васеъ намудани тасаввурот дар бораи олами атроф, инкишофи нутқ, тарбияи сенсорӣ ва заминаҳои ташаккули тарбияи одитарини математикӣ, тарбияи ҷисмонӣ, расмкашӣ, мусиқӣ ва бозӣ гузаронда мешавад. Дар гурӯҳи кӯдакони калонтар ҷадвали машғулиятҳо васеътар шуда, саводомӯзӣ, шиносоӣ бо муҳит, экология, адабиёти бадеӣ, хештаншиносӣ ва омӯзиши забони русиву англисӣ илова мегардад.

Бо мақсади аз наздик ошно шудан бо ҷараёни машғулиятҳо, воқиф шудан аз сатҳи ҷаҳонбинии кӯдакон дар «Шабнам» аз гурӯҳи синну соли миёна дидан намудем. Кӯдакони гурӯҳи мавриди назар 5-сола буда, роҳбарии онро мураббия Мадинаи Амрулло ба зимма дорад.

Дар гурӯҳи 30-нафара он рӯз 24 кӯдак ҳузур доштанд. Шаш нафар бо сабаби беморӣ ба кӯдакистон наомадаанд.

Тибқи ҷадвал, машғулияти тасаввуроти одитарини математикӣ шуруъ шуд. Мавзуъ: «Ёфтани ра­қа­ми 5», мақсад: мустаҳкамкунии маҳорати тартибдиҳии рақамҳо, тақвияти тасаввурот оид ба шаклҳои геометрӣ, инкишофи афкори мантиқӣ.

Дар оғози машғулият муаллима ба кӯдакон муроҷиат намуд:

– Бачаҳои азиз! Ба меҳмонии мо шоҳ – Математика омадааст, то ки ба вай ёрӣ расонем. Ҷодугари золим – Рақамбарак яке аз рақамҳои шоҳро дуздида бурдааст. Ба ин ҷо нигаред (дар слайд), кадом рақам намерасад? Бачаҳо дар ҷавоб (бо кумаки мураббӣ) бо як овоз мегӯянд: «5». Муаллима: Шоҳ ниҳоят ғамгин шудааст, охир, «5» рақами дӯстдоштаи шумо, бачаҳо, мебошад. Сеҳргари меҳрубон Архимед, ки дар шоҳигарии Математика зиндагӣ мекунад, бо кадом роҳ баргардонидани рақами «5»-ро ба шоҳ маслиҳат додааст. Шоҳ танҳо худаш аз уҳдаи ин кор намебарояд. Аз ин рӯ, аз шумо, бачаҳо, ёрӣ мепурсад. Ёрӣ мерасонем? Бачаҳо: – Ёрӣ мерасонем!…

Машғулият дар гурӯҳ тариқи бозӣ хеле ҷолибу хотирмон гузаронида шуд. Дар рафти он мураббия аз маводи аёниву намоишӣ, рақамҳо ва шаклҳои геометрӣ, чӯбчаву бозичаҳои гуногун истифода намуд. Бачаҳо ҳам дар дарс хеле фаъол буданд.

Ҳамин тариқ, як-як дар машғулиятҳои инкишофи нутқ, саводомӯзӣ, расмкашии гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб, гурӯҳи калони томактабӣ ва дуюми хурд иштирок намудем. Дар ҳар гурӯҳ қариб 5-6 кӯдак бо сабаби сардии ҳаво, бемории зуком дар машғулиятҳо ҳузур надоштанд.

Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами 132 имрӯз 13 нафар кӯдаки дорои имконияти маҳдуд бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Онҳо зери назорати махсуси мураббиён, равоншиносон ва корманди тиб қарор доранд.

Бо мақсади ташаккули зеҳнӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ соли сипаришуда дар кӯдакистони «Шабнам» озмунҳои «Донояк», «Ахтаракони ҳисобдон» ва «Забондонӣ – ҷаҳондонӣ» баргузор гардид.

– Даври якуми ин озмунҳо дар дохили муассиса, даврҳои дуюм дар ноҳия ва сеюм дар шаҳр гузаронида шуданд. Тарбиятгирандагони мо дар се давра иштироки фаъол доштанд. Дар озмуни «Донояк» тарбиятгирандаи мо Шоҳин Шоҳсафедзода бо роҳбарии мураббия Зуҳро Низомова, дар озмуни «Забондонӣ-ҷаҳондонӣ» Нигина Бедилова бо роҳбарии мураббия Мавзуна Мирзоева ва дар озмуни «Ахтаракони ҳисобдон» Акобир Акбаров бо роҳбарии мураббия Ҳангома Раҳматова иштирок варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд, – иттилоъ дод сармуррабӣ Ҷиёнбӣ Султонова.

Мутахассисони муассиса дар эҷод ва омода кардани мақолаҳои методӣ мароқу масъулияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Маводи методии онҳо, ки дар асоси таҷрибаи кориашон таҳия шудааст, пайваста дар матбуоти даврӣ нашр мешаванд ва барои мураббиёни ҷавон дар рафти фаъолият ҳамчун дастурамали муфид хидмат менамоянд.

Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,

«Омӯзгор»