Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамеша масъалаҳои вобаста ба қонунмеҳварии ҷомеа ва маърифати ҳуқуқӣ моҳияти хоси мантиқӣ доштанд. Аз ҷумла, дар Паём бозгӯйи 30 соли комёбиву муваффақиятҳои ҳамватанони мо арзёбӣ гардид: «Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд».
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат масъалаҳои ҳуқуқӣ ва қонунмандии ҷомеаи демократӣ дар мадди назар қарор дорад ва ҷойи инкор нест, ки маҳз ин низому тартиботи ҳуқуқӣ халқи тоҷикро ба фазои сулҳу ваҳдату осудагӣ расонидааст. Дар ҳақиқат, заминаи асосӣ ва кафили пешрафти ҷомеаи мо амалкарди ҳокимияти қонун мебошад, ки дар асоси он мо тавонистем, аз буҳрони нооромиҳову ихтилофҳои ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёбем. Шарафу ифтихор аст, ки Тоҷикистон тавонист барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати бунёдкору сулҳпарвар ва қонунмеҳвар муаррифӣ гардад.
Дар соли сипаришуда барои мардуми шарифи Тоҷикистон ду падидаи муҳим вуҷуд дошт: 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ.
Ин ду омил барои боз ҳам пойдор гаштани устувории Истиқлоли давлатӣ ва иттиҳоду ваҳдату созандагиҳо хеле муҳим буданд. Боиси ифтихору қаноатмандист, ки маърифати ҳуқуқии ҷомеа бо дарназардошти сиёсати муваффақонаи Давлату Ҳукумат торафт боло рафта, Тоҷикистон бо мавқеи мусбату инсондӯстонаи худ дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам маъруфу шинохта гардидааст. Баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба эҳтироми муқаддасоти миллӣ – Конститутсия робита дорад. Ин муқаддасот ҳама заминаҳои ҳуқуқии бунёди ҷомеаи демократиро ба вуҷуд оварда, рушду ташаккули минбаъдаи онро низ таъмин кардааст. Вобаста ба ин, дар Паём чунин зикр гардид: «Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст».
Масъалаҳои ҳуқуқӣ ба ҳама бандҳои Паём робитаи мантиқӣ дошта, ҳамбастагии он ба рушду тавсеаи мусбати ҳар як соҳа хуб падидор мегардад. Масалан, маърифати ҳуқуқии ҷомеа қабл аз ҳама, ба тарбияву таълими судманди насли ҷавону наврас вобастагӣ дорад, ки ин ҷиҳат ҳеҷ гоҳ аз доираи таваҷҷуҳи Сарвари кишвар дур намебошад. Таълиму тарбия бояд тавъам бошанд ва робитаи оилаву мактаб муҷиби он аст, ки наврасону ҷавонон дар руҳияи қонунписандӣ ба камол расанд. Саҳлангорӣ нисбат ба таълиму тарбияи ин қишри осебпазир, дар ҳақиқат, сабаби ба ҷинояткориву қонуншиканиҳо рӯ овардани онҳо мегардад: «…то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд».
Таҷрибаи ҷаҳони муосир дар самти сиёсатҳои таҳмилӣ нишон медиҳад, ки доираи ҷавонон бештар гирифтори ҷинояткориҳову хиёнаткориҳо мегарданд. Танҳо дар сангари донишу ҷаҳонбиниҳои қавӣ қарор гирифтани ҷавонон сабаб мешавад, ки онҳо аз ҳама хавфу хатарҳои сиёсатҳои ғаразнок эмин боқӣ монанд. Дар ин ҷода мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ доманаи васеъ дошта метавонад. Мутолиаи пайвастаи китоб, донишандӯзии доимӣ, андармон будан ба амалҳои савоб, вақти бештарро дар таълимгоҳ сипарӣ кардан, камтар истифода кардан аз саҳифаҳову сомонаҳои интернетӣ ва амсоли инҳо ҷузъиёте мебошанд, ки ба маърифати ҳуқуқии онҳо таъсири мусбат мерасонанд. Донишҳо ва ҷаҳонбиниҳои васеъ боис мешаванд, ки онҳо зери сипари боэътимод қарор дошта бошанд ва дур аз хурофоту ҷаҳолат қарор гиранд. Ин масъала дар Паём таъкид шуд: «…ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад».
Аз ҷониби дигар, ҳар як шаҳрванди кишвари мо дар асоси маърифату ҷаҳонбинии васеъ метавонад, ки дар хориҷи кишвар низ худро ҳимоят намояд. Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо вазифаи афзалиятноки давлатӣ мебошанд: «…масъалаҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд». Дар баробари ин, донишҳо ва маърифати ҳуқуқӣ омилҳое ҳастанд, ки барои ҳама баробар дахл дорад. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати дарҳои боз имрӯз ҳама имконот барои кору фаъолияту таҳсил дар ҳама кишварҳои ҷаҳон барои мо фароҳам омадааст. Дар ин самт беҳтарин ҷиҳате, ки моро метавонад ҳимоят намояд, маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Яъне, амалӣ кардани ҳама таъкидҳои Паём вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар навбати аввал истиқлолу озодиҳои шаҳрвандони моро дар дохилу хориҷи кишвар ба вуҷуд оварда, пешравию шукуфоии Ватани азизамонро таъмин менамоянд.
Фахриддин Қутбиддинзода,
иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Файзобод