ОБРӮ АФЗУН МЕШАВАД ЗИ ЗАҲМАТ

Ҳарамгул Саидова 34 сол пеш ба омӯзгорӣ пардохт. Ӯ пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба зодгоҳаш – ноҳияи Муъминобод омад. Дар мактаби №1-и маркази ноҳия ба таълиму тарбияи насли наврас оғоз кард. Мехост, ба мисли устоди нахустинаш Ҷамшед Носиров соҳибманзалат шавад.

Дар таълиму тадрис душвортарин марҳалла синфҳои поёнӣ маҳсуб меёбад. Вале Ҳарамгули ҷавон наҳаросид. Ба дарсҳои омӯзгорони таҷрибадору ботадбир, аз ҷумла, Гавҳар Аюбова иштирок карда, таҷриба меомӯхт. Ба болои ин, аз дастуру воситаҳои методӣ, адабиёти гуногуни илмӣ истифода мекард. Оҳиста-оҳиста омӯзгори ҷавон ба нозукиҳою сирру асрори олами таълиму тарбия ошно гашт. Акнун волидон мекӯшиданд фарзандашон маҳз дар синфи муаллимаи Ҳарамгул хонанд. Мо худ шоҳиди ҳол гаштем, ки 1 сентябри соли 2024 хурдтаракони зиёде бо волидонашон атрофи Ҳарамгул Саидова чарх мезаданд. Хоҳишу илтимос зиёд буд, вале чӣ илоҷ, ки низомнома талаботи худро дорад. 25 нафари онҳо вориди синфи 1 «А» – синфи Ҳарамгул Саидова гаштанд. Баъди 1 моҳ аллакай шогирдон хондан, баъди як моҳи дигар навиштанро омӯхтанд. Ин синфи 19-умини омӯзгори хушсалиқа аст, ки то синфи 4 бурда мерасонад. Оре, заҳмату талош, ҷустуҷӯю бедорхобиҳои омӯзгор натиҷаҳои нек ба бор оварданд.

Ҳарамгул Саидоваро ба литсейи «Ҳиммат» низ даъват карданд. «Не» нагуфт. Чун ба истеъдоду қобилияташ бовар дошт. Ҳашт сол дар ин ҷо фаъолият кард. Ҳоло ҷои кораш таълимгоҳи машҳури №2, ки беш аз 70 сол бо номи Карл Маркс шуҳрат дошт, мебошад. Ин мактаб яке аз нахустин дабистонҳои Муъминобод буда, ба наздикӣ садсола мешавад. Ҳарамгул Саидова узви ҲХДТ, раиси иттиҳодияи методӣ, раиси кумитаи иттифоқи касаба, узви Шурои занон низ ҳаст ва дар пешбурди вазифаҳои ҷамъиятӣ низ имконияту вақт меёбад. Ба қарибӣ дар фаъолияти кории ин устоди дилсӯзу хоксор боз ду рӯйдоди хуш ба амал омад. Ӯро бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ ва ба вазифаи муовини директори мактаб оид ба синфҳои ибтидоӣ таъин карданд. Мактабе, ки беш аз 1400 нафар хонанда, 110 нафар корманд дорад, мактабе, ки дар бунёду навсозии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бориз доранд ва дар ифтитоҳи он ҳам ширкат варзидаанд. Аз ин ҳама ифтихор мекунаду меболад Ҳ. Саидова. Мактаберо, ки ӯ дар он фаъолият дорад,15 нафар генерал, 10 нафар доктор, 40 нафар номзади илм, 200 нафар устоди варзиш, 8 нафар вакили Шурои Олӣ, садҳо нафар қаҳрамони бахшҳои гуногуни варзиш, сиёсатмадорони зиёд хатм карданд.

Ҳарамгул Саидова аз он меболад, ки то имрӯз беш 900 нафар шогирд парваридааст. Мукофоти аз ҳама нодир барояш ин эҳтирому ҳурмати мардум аст. Вақте аз ин ё он гӯшаи Тоҷикистон ба аёдати ин устоди соҳибҳунар меоянд, сараш ба осмон мерасад. Оё аз ин дида барои кас ифтихор, шараф обрӯю эътибори бештаре ҳаст?!

Нурулло ҲАСАНОВ,

рӯзноманигор