Мавзуи асолати миллӣ бояд ҳар як фарди миллатдӯсту хештаншиносро бетараф нагузорад. Он ашхосе, ки ҳисси баланди миллӣ доранд, худогоҳу хештаншиносанд, миллат ва забони модарӣ ва тамоми арзишҳои маънавии халқи худро дӯст медоранд
Маърифати баланд, забондонӣ, худшиносиву худогоҳии ҳар як фарди ҷомеа ба таълиму тарбияи дурусти ӯ дар руҳияи миллӣ вобаста мебошад. Имрӯзҳо мағозаҳои китобу дуконҳои рӯзномафурӯшӣ хеле кам фаъолият доранд ва баъзеашон ба фурӯшгоҳи маводи конселярӣ ва ғизоӣ табдил ёфтаанд. Аксар донишҷӯёни макотиби олӣ ба ҷойи китобхона рафтан рӯ ба телефонҳои дастӣ овардаанд. Ҳушу гӯши онҳо фақат ба телефонҳои мобилиашон банд аст. Ҳатто ҳангоми аз роҳ гузаштан ҳам, чашмашонро аз телефон намекананд. Ин иллат ҳатто ба баъзе хонандагони макотиби миёна низ таъсири худро гузоштааст. Онҳо аз беназоратии волидайн истифода бурда, вақти худро сарфи телефонбозӣ ва ё дигар корҳои беҳуда мекунанд. Мо набояд фаромӯш кунем, ки миллати мо аз қадимулайём соҳибкитобу китобдӯст буд ва моро месазад, ки ин анъанаи волоро идомаву густариш дода, то ба наслҳои оянда расонем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш дар яке аз мулоқотҳои бо аҳли зиёи мамлакат баргузоргаштаашон оид ба мақому аҳамияти китоб, ҷиҳати ташвиқу тарғиби он чунин дастур дода буданд:
«Мутаассифона, бисёр дуконҳои фурӯши китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо аз байн рафтаанд. Ҳанӯз ҳам масъалаи дар шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои сераҳолӣ кушодани дукону мағозаҳои китоб ва аз пойтахт ба вилояту шаҳрҳо бурдани асарҳои тозанашр пурра ҳал нашудааст. Бинобар ин, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои боз ҳам зиёд кардани теъдоди мағозаҳои савдои китобу маҷаллаҳои тозанашр бояд тадбирҳо андешида, дар банди алоҳидаи буҷети маҳаллӣ барои мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо маблағҳои махсусро ҷудо намояд».
Агар мо танҳо дар пайи моддиёт: ғизову пӯшок, хонасозиву чизу чорағундорӣ бошем, ҳеҷ вақт асолати миллии худро дарёфт нахоҳем кард. Мақсад аз зистан танҳо хӯрдану зебо пӯшидан набуда, балки аз донистани таърих, забон, адабиёт, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, инчунин, худогоҳу миллатдӯст будан, дар зиндагӣ аз худ номи неку кори нек боқӣ гузоштан низ иборат аст.
Яке аз роҳҳои зуд ба худшиносиву асолати миллӣ расидани мо омӯхтани осори гузаштагону хонда тавонистани хатти ниёгон аст. Агар мо аз хатти аҷдодии худ бархӯрдор бошем, калиди хазинаи осори ниёгонамонро дар даст мегирем, вагарна дари ин хазина ба рӯямон ҳамеша баста боқӣ мемонад. Омӯхтану донистани алифбои ниёгон ба мо имконият медиҳад, ки аввал забони модарии худро нек ёд гирем, дуюм, аз кутуби адибони гузаштаи худ бевосита истифода барем, сеюм, бо бародарони ҳамзабонамон дар Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон робитаҳои фарҳангиву иқтисодиро бештар таҳким бахшем.
Ҳамчунин, дар шинохтани асли хеш моро лозим аст, ки дар баъзе умур аз ҳамзабонони бурунмарзии худ омӯзем. Масалан, тариқи телевизионҳои ҷумҳурӣ филмҳои бо забони ноби форсӣ истеҳсолкардаи ҳамзабононро бидуни тарҷума пешкаши ҳамватанон гардондан барои омӯхтани забони модариамон нақши бузург дорад. Аз тамошои чунин филмҳо на танҳо волидайн, балки кӯдакон низ ба забони модарии худ меҳру муҳаббат пайдо карда, пайи омӯзиши он ҷиддӣ машғул мешаванд.
Барои дарёфти асолати миллӣ, худшиносу худогоҳ шудан шахсро зарур аст, ки садҳо байт аз осори классикону муосирон, фиқраву суханҳои бузургони ҷаҳонро азёд кунад ва онҳоро ба дигарон талқин кунаду омӯзонад, то ҳама онҳоро дар ҳаёт мавриди истифода қарор диҳанд. Агар шахс пайваста дар чунин ҷустуҷӯю такопӯ бошад, албатта, ба қуллаҳои баланди асолати миллии хеш мерасад.
Ҳоло як падидаи дигари бегонапарастӣ дар байни ҷомеа авҷ гирифта истодааст: дар овезаҳои дуконҳову мағозаҳо, дорухонаву тарабхонаҳо навиштаҷот бо хатти лотинӣ ва бо забонҳои англисиву русӣ ба назар мерасанд. Боварии кас намеояд, ки харидорони ин гуна дукону мағозаҳо ҳама меҳмонони хориҷӣ бошанд.
Дар мақоли халқӣ омадааст: «Аввал хеш, баъд дарвеш». Худи ин фурӯшандаҳо забони модариашонро хуб надонанд ҳам, барои кадом як хориҷие зӯр зада сухан меҷӯянд ва онро дар пештоқи фурӯшгоҳи худ бо хатти хонову зебо менависанд. Боз ҳам мо аз асолати таърихиву миллии худ дур шуда, ба хотири он, ки мабодо ягон хориҷие ба дуконамон сар халонад, чунин бегонапарастӣ мекунем. Чунин амал кардан худ дуршавӣ аз асолати миллист.
Абулқосим Лоҳутӣ дар байти зерин ҳисси миллӣ доштани ҳар як соҳибватанро ба таври барҷаста таъкид мекунад:
Тараққиҳои ҳар миллат самар аз ҳиссашон бошад,
Талоше, ғайре, ҳиссе, шумо ҳам миллатед охир.
Яъне, ҳамагон бояд пайваста баҳри ҳифзи асолати миллии хеш талош биварзем.
Раҷабалӣ Худоёрзода,
номзади илмҳои филологӣ