Таҷрибаи судмандро бояд омӯхт

Дар аксар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони соҳибистеъдоду собиқадор ва муваффақе фаъолият менамоянд, ки омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи ғании онҳо муҳимму муфид аст. Ин масъулиятро мутасаддиёни муассисаҳои таълимӣ, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, бахшу раёсат ва сарраёсатҳои маориф, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он ба уҳда доранд.

Раванди тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ имкон медиҳад, ки дониш, малака ва маҳорати касбии омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои рушд додани маҳорату малакаи дигар омӯзгорон, аз ҷумла, омӯзгорони ҷавон мусоидат мекунад.

Омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи педагогӣ дорои аҳаммияти илмиву методӣ аст, чунки вазифаи омӯхтан дарёфт намудани роҳҳо, методҳо ва равишҳои нави таълимӣ, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, ташаккули тафаккури онҳо, самаранок истифода бурдани навгониҳои эҷодии омӯзгорони пешқадам дар раванди таълим ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо мебошад. Дар ин замина, омӯзишу баррасӣ, рушди салоҳиятҳои касбӣ ва тахассусӣ боиси беҳтар гардидани сифати таҳсилот мегардад.

Таҷрибаи пешқадами педагогиро аз рӯйи кадом нишонаҳо фарқ кардан мумкин аст. Он ба кадом талаботи асосӣ бояд ҷавобгӯ бошад?

►Нишонаи якуми таҷрибаи пешқадам устувор будани натиҷаҳои амалии объекти омӯхташаванда мебошад.

►Шахсе, ки объекти омӯзиши таҷрибаи пешқадамро интихоб намудааст, бояд нуқтасанҷ бошад ва донад, ки ин таҷриба то кадом дараҷа пешқадам буда, метавонад барои дигар омӯзгорон муҳим аст.

► Ҳар як таҷрибаи пешқадам бояд дорои навгонии илмӣ-методии мушаххас ва муҳиммияти хос бошад. Бе навгонӣ ва муҳиммият омӯзиш ва паҳн намудани таҷриба натиҷабахш буда наметавонад.

►Таҷрибаи пешқадами педагогии объект бояд дар илм ва фаъолияти педагогӣ мақоми муайянро доро буда, солҳо самараи хуб дода тавонад.

►Таҷрибаи пешқадами педагогӣ бояд ҷиҳати рушди салоҳиятҳои хонандагон мусоидат намояд ва ғайра.

Зинаи аввали омӯзиши таҷриба дар муассиса сурат гирифта, аз ҷониби роҳбарони иттиҳодияи методии фаннӣ, объекти омӯхташаванда муайян, барои идомаи омӯзиш ба шурои методӣ ва педагогӣ пешниҳод карда мешавад.

Зинаи дуюми омӯзиш дар сатҳи ноҳия ҷараён меёбад ва идомадиҳандаи он мушовирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Зинаи сеюми омӯзиши таҷриба раёсати маорифи вилоят ва бахшҳои минтақавии онҳо мебошад.

Омӯзиши таҷрибаи омӯзгорон тавассути суҳбату вохӯриҳо, баромадҳои ӯ дар семинарҳои омӯзишии ноҳиявӣ, ташкил ва гузаронидани дарсҳои намунавӣ, иштирок ва баромадҳои ӯ дар ВАО, таҳияи дастурҳои методӣ ва тавсияҳои методӣ, роҳҳои муайян намудани сифати таълими хонандагон, гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ дар бораи технологияҳои нави таълим, воситаҳои техникӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ омӯхтаву дар миқёси ноҳия паҳн карда мешавад.

Шаклҳои асосии омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ гуногун мешаванд, аз ҷумла:

— инфиродӣ. Дар шакли инфиродӣ омӯхтани объекти мавриди таҳқиқ танҳо ба фаъолияти кории як омӯзгор, директор, ҷонишинони директор, мураббӣ ва ё дигар гурӯҳи алоҳидаи кормандони соҳаи маориф дар назар дошта шудааст;

— гурӯҳӣ. Шакли дигари омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ гурӯҳӣ мебошад. Таҷрибаомӯз объекти худро дар асоси фанни таълимии ихтисоси худ интихоб карда, як гурӯҳи омӯзгорони фанниро ба ҳайси объекти омӯзиш қарор медиҳад.

— коллективӣ. Омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогии коллективӣ хеле муҳим ва мураккаб аст. Дар ин самт мо фаъолияти коллективии муассисаҳои таълимиро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳем.

Боиси зикр аст, ки роҳҳои муайян намудани объекти омӯхташаванда барои омӯзиши минбаъда гуногун мешавад. Вобаста ба шакли омӯзиш ва ҷойи кори таҷрибаомӯз, роҳҳои дарёфти объект тағйир меёбад.

Барои бештар муаррифӣ намудани омӯзгорони навовар ва муваффақ моро лозим аст, ки дар муассиса гушаи «Мактаби таҷрибаи пешқадами педагогӣ»-ро ташкил кунем. Ба ин восита, фаъолияти объектро ҷамъбаст намуда, дар шакли расм, тасвир, ҷадвал, раванди машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ, ҳолати гирифтани мукофотҳои давлатӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ғайра нишон дода мешавад. Таъсиси чунин гӯшаҳо барои дигар омӯзгорон, ки ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, семинарҳои мақсадноку омӯзишии доимамалкунанда ва дигар чорабиниҳои муассисавӣ фаро гирифта мешаванд, аз манфиат холӣ нест.

Шаҳбоз Рустамшозода,

директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб