Масъулиятро дучанд гардонем

Дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон (28 декабри соли 2024) мақоми зан – модар баланд арзёбӣ гардид. Ин нуктаи муҳимтарини Паёми Пешвои миллат «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад» аз умқи тамаддуни қадимаи тоҷикон маншаъ мегирад, чунки ҳанӯз аз замонҳои қадим зан – модар дар фарҳанги тоҷикон нақши олиҳаи ҳаётро иҷро мекард. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат тавонистанд мақому нуфузи зан – модарро боз ҳам боло баранд. Аз ҷумла, мавқеи занону бонувонро дар сиёсат ва бунёди давлати миллӣ шоиста арзёбӣ карда, таъкид намуданд: «Мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».

Барои занону модарони тоҷик имкон фароҳам омад, ки ҳатто дар фаъолияти соҳибкорӣ дар ин давра муваффақ гарданд, яъне, имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Муҳимтарин масъалаи дигар дар робита ба занону модарон, соҳиби касб ва соҳибмаълумот гардидани онҳо мебошад. Агар ба кишварҳои мухталифи олам назар афканем, мебинем, ки на ҳамаи онҳо ба таври васеъ барои таҳсили духтарон имкон фароҳам меоваранд.
Боиси шукргузорӣ ва хушнудист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол доир ба ин масъала санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд. Имрӯз духтарон дар радифи писарон ба таври васеъ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар ин самт онҳо ҳуқуқи баробар ва ҳатто бартарият доранд. Дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид: «Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд».
Илова бар ин, барои аз таҳсил дур намондани духтарон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат квотаи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки иқдоми ниҳоят бузург ва шоистаи таҳсин мебошад. Дар 28 соли охир тавассути квотаи Президентӣ 11 ҳазору 600 нафар духтар мактабҳои олиро тавассути квотаи Президентӣ хатм карда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд.
Соҳибистиқлолии кишвар на танҳо ба таҳсили духтарон дар дохили кишвар, балки имконият фароҳам овард, ки онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷ аз кишвар ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Вобаста ба ин, дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки «зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд».
Ин боварӣ ва ғамхории Роҳбари давлат масъулияти занону модарони тоҷикро дучанд мегардонад. Онҳоро водор месозад, ки дастро рӯйи қалб гузошта, сидқан барои халқу Ватани хеш хидмат кунанд ва азму иродаи қавӣ дошта бошанд. Хидмати софдилонаи зану модари тоҷик маҳз масъулиятшиносӣ ва иҷрои рисолати ӯст, зеро занҳо дар радифи мардон неруи бузурги ҷомеа ба шумор мераванд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид карданд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Таъкиду ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо-занони тоҷикро водор менамояд, ки дар тарбияи дурусти фарзандон масъулиятамонро дучанд гардонем, зеро яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан модари босаводу соҳибмаърифат мебошад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва худшиносу ватандӯстро тарбия кунад.
Заррина Хоҷазода,

устоди калони кафедраи молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон