СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ МАОРИФ ВА ИЛМ: НАҚША ВА ДУРНАМО

Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф рушду такомул ёфта, тадриҷан ба низоми таълими ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад. Яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар назди масъулин қарор дорад, рақамикунонии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Ба ин маънӣ, дар соҳаи маориф ҷиҳати зуд дастрас намудани иттилоот ва ба таври муттасил пешниҳод намудани маълумот тавассути технологияи муосир корҳои зиёде анҷом дода шудааст.

Дар ин радиф амалӣ намудани Системаи иттилоотии идоракунии маориф ва илм (EMIS) аз муҳимтарин корҳо ба ҳисоб меравад. Системаи мазкур дар аксар кишварҳои дунё амал намудаву натиҷаҳои хубро ба бор овардааст. Системаи иттилоотии идоракунии маориф ва илм платформаест, ки ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, то маълумотро аз як марказ идора кунанд. Дар системаи мазкур иттилоот ҷамъоварӣ, ҳамгироӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва тақсимот мешавад.

Аз ин ҷост, ки дар «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъкид шудааст: «Таъсиси портали онлайнӣ ё низоми идоракунии иттилоот ҳамаи муассисаҳои таълимиро бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳои маорифи шаҳру вилоятҳо ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идоракунӣ, инчунин, мубодилаи таҷриба ва амалияи пешқадам пайваст мекунад». Дар Консепсияи системаи иттилоотии идораи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки «системаи иттилоотии идораи соҳаи маориф (СИИМ) системаи ба таври расмӣ, тибқи нақшаи муайян сохташаванда ва идорашавандаи гирдоварӣ, коркард, муҳофизат, гирифтан (аз манбаи маълумот) ва паҳн кардани маълумот ва иттилоот, зарурати дастгирии фаъолияти асосӣ ва силсилаи корҳои роҳбарони маориф ва ашхоси қабулкунандаи қарор дар Вазорати маориф ва илм, шуъбаҳои минтақавии маориф, мактабҳо ва ҷамъиятҳо мебошад. Ин силсилаҳои корӣ амалҳои зайлро дар бар мегиранд, аммо бо ин маҳдуд намешаванд: роҳбарии маъмурӣ, банақшагирӣ, додани баҳои дохилӣ ва берунӣ ба иҷрои лоиҳаҳо ва барномаҳо, тадқиқу таҳлили сиёсат ва раванди қабули қарорҳо».

Системаи иттилоотии идоракунии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (EMIS) аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки дар ин самт амалӣ мегарданд. Вазифаи асосии системаи мазкур ба тарзи замонавӣ ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти омории соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ буда, дар таъмини иттилоотии раванди идоракунии соҳаи маориф ва илм нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Системаи иттилоотии идоракунии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (EMIS)-ро бо роҳи таҷдиди он коркард намудааст, ки он ба таври онлайнӣ фаъолият менамояд. Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илм Комрон Муҳаммадраҷабзода иброз дошт, ки системаи навшуда нисбат ба низоми амалкунанда як қатор бартариятҳо дошта, на танҳо маълумоти омориро ҷамъоварӣ менамояд, балки раванди таҳлил ва идоракунии онро ҳам дар назар дорад. Ҳамзамон, дар низоми нав фаъолиятҳо ва вазифаҳое, ки то ҳол дар низоми амалкунанда мавҷуд нестанд, ҳамроҳ карда шудаанд.

Возможно, это зарисовка (текст)

Ҳамин тариқ, системаи мазкур аз 5 модул иборат мебошад:

  1. Модули «Вазорати маориф ва илм»;
  2. Модули «Муассисаҳои томак­табӣ»;
  3. Модули «Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ»;
  4. Модули «Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ»;
  5. Модули «Молияи мактаб».

Ҳамчунин, система дорои функсияҳои зерин мебошад: пешбурди маълумот оид ба ҳар як муассисаи таълимӣ, банақшагирии раванди таълим, таҳияи ҷадвали дарсҳо ва ҷадвали баргузории чорабиниҳо, роҳандозии журнали синфии электронӣ ва рӯзномаи электронӣ, баҳисобгирии хонандагон ва волидони онҳо; баҳисобгирии кадрии кормандон, ташаккули раванди донишомӯзии хонандагон, пешбурди парвандаи шахсии хонандагон ва омӯзгорон, почтаи электронии корпоративӣ, лавҳаи эълонҳо, ташаккулёбии худкори ҳисоботи таҳлилӣ ва оморӣ дар ҳамаи сатҳҳо, идоракунии соҳаи маориф дар асоси иттилоот дар ҳамаи сатҳҳо, идоракунии молиявӣ дар ҳамаи сатҳҳо.

Қайд кардан бамаврид аст, ки замимаи мобилии барнома низ таҳия шудааст. Барномаи «maktabdg» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд. Ин барнома, ҳамчунин, шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла, журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад. Тавассути ин барнома волидон метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти зарурӣ, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасад, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд. Ин барнома воситаи муассири иртиботи байни волидон ва муассисаҳои таълимӣ буда, дар рушди таҳсилоти фарзандон нақши муҳим мебозад.

Бо мақсади гузаронидани озмоиши системаи нав корҳои амалӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Темурмалик, Ваҳдат ва Ҳисор то ҳол идома доранд. Дар ин муддат ҷиҳати роҳандозии системаи иттилоотӣ 72 раёсату шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 174 муассисаи таълимии ду минтақа — шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Темурмалик бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, моноблок ва дигар таҷҳизоти рақамӣ таъмин карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки амалӣ гардидани тадбирҳои мазкур ба рақамикунонии соҳаи таҳсилот такони ҷиддӣ бахшида, дар ҷорӣ гардидани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ мусоидати бештар менамояд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии муассисаҳои таълимӣ пас аз омӯзишҳои амалӣ оид ба Системаи иттилоотии идоракунии маориф ва илм (EMIS) дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва Ваҳдат мониторинги сифати корҳо гузаронида шуд, ки ҳадафи асосии он таҳлили татбиқи система ва муайян кардани самаранокии он буд.

Мониторинг нишон дод, ки истифодаи EMIS дар муассисаҳо раванди идоракуниро ба таври назаррас беҳтар гардонидааст ва маълумот доир ба хонандагон ба таври электронӣ ворид карда шуда, назорати фаъолияти онҳо бо истифодаи функсияҳои махсус роҳандозӣ гардидааст. Шаффофияти ҳуҷҷатгузорӣ ва омодасозии ҳисоботи таҳлилӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои ин система мебошад, ки вақти кормандонро сарфа намуда, дақиқии маълумотро таъмин мекунад.

Мусаллам аст, ки маориф дар ташаккули ояндаи одамон ва ҷомеа нақши калидӣ дорад. Барои таъмини идоракунии самараноки он муассисаҳои таълимӣ маълумоти дақиқ ва мукаммалро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, нақши EMIS дар идоракунии маориф бориз мебошад ва он метавонад раванди таълимро такмил бахшида, ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат кунад.

  1. Идоракунии осони маълумот

EMIS ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумоти васеи таълимиро осон мекунад. Он зарурати истифода аз коғаз ва навиштани дастиро аз байн мебарад ва ба муассисаҳо имкон медиҳад, то маълумотро рақамӣ ва бехатар нигоҳ доранд. Ин равиши мутамарказ дастрасии осонро ба иттилоот ҳангоми зарурат таъмин намуда, вақтро сарфа мекунад.

  1. Беҳтар кардани қабули қарорҳо

EMIS ба маъмурони маориф тавассути пешниҳоди маълумот дар вақти воқеӣ дар бораи ҷанбаҳои гуногуни таълим қувват мебахшад. Он имкон медиҳад, ки дар асоси маълумот қарор қабул карда шавад, таҳлил ва ҳисоботро дар бораи фаъолияти муҳассилин, иштирок, тамоюлҳои бақайдгирӣ ва истифодаи захираҳо пешниҳод намояд. Ин ба маъмурон имкон медиҳад, ки самтҳои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати таълимро муайян, дахолати мақсаднокро амалӣ намоянд ва барои беҳтар кардани натиҷаҳои омӯзиш қарорҳои огоҳона қабул кунанд.

  1. Мусоидат ба гузаронидани имтиҳонҳо

Дар гузаронидан ва идоракунии имтиҳонҳо EMIS нақши муҳим мебозад. Ин имтиҳонҳо дониш, малака ва фаҳмиши барномаи таълимии муҳассилинро арзёбӣ мекунанд. Системаи зикршуда ташкили ҷадвалҳои имтиҳонҳо, бақайдгирии толибилмон, тақсимоти марказҳои имтиҳонҳо ва саривақт паҳн кардани маълумоти марбут ба имтиҳонҳоро осон мекунад. EMIS идоракунии мунтазами имтиҳонҳо, сабти дақиқ ва натиҷаи холҳои имтиҳонҳоро таъмин мекунад.

  1. Муайян намудани мониторинг

EMIS ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки фаъолияти муҳассилинро самаранок назорат ва арзёбӣ кунанд. Он пешрафти таълимиро пайгирӣ ва самтҳоеро муайян мекунад, ки дар онҳо муҳассилин ба мушкилот дучор омадаанд.

  1. Баланд бардоштани масъулият

EMIS ба шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар системаи маориф мусоидат мекунад. Он ба ҷонибҳои манфиатдор – волидайн, муаллимон ва масъулину роҳбарон имкон медиҳад, ки ба маълумоти дақиқ дастрасӣ пайдо намоянд.

Хулоса

Дар ҷаҳони муосир, ки дар ҳама соҳаҳо нақши технология бештар гардидааст, аз он соҳаи маориф истисно нест. Чун дар соҳаи маориф маълумот фаровон аст, истифодаи имконоти EMIS муҳимму судманд мебошад. Системаи самараноки иттилоотии идоракунии таълим ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки маълумотро барои боз ҳам такмил бахшидани фаъолият ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифода кунанд. EMIS ба маъмурон, муаллимон ва падару модарон имкон медиҳад, ки қарорҳои огоҳона қабул, ҷараёни дарсро дуруст арзёбӣ ва натиҷаҳои омӯзишро беҳтар намоянд.

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»