Дар ҷаҳони муосир рушди тафаккури техникӣ сарчашмаи муҳимми пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа арзёбӣ мешавад. Намудҳои тафаккури техникӣ зиёд аст. Масалан, тафаккури илмӣ, технологӣ, муҳандисӣ, риёзӣ (математикӣ) ва ғайра. Тафаккури техникӣ низ ҳадди ақал се дараҷа дорад, ки дараҷаи аввал донистан ва фаҳмида тавонистани сохтори таҷҳизоту воситаҳои мошинолот, хонда тавонистани нақшаву деталҳои онҳо мебошад; сатҳи болотар аз ин, назариявӣ-амалӣ, доштани қобилияти лоиҳакашӣ-конструкторӣ, фикр кардан ва тартиб додани моделҳои нави мошинҳову дастгоҳҳои нав аст; сатҳи сеюм, қобилияти ихтироъкорӣ ва конструктории дараҷаи назариявии баланд мебошад. Ба рушди тафаккури техникии инсон ду роҳи асосӣ пешниҳод карда мешавад: якум, азхудкунии илмҳои табиию риёзӣ, аз қабили табиатшиносӣ, математика, физика, биология, химия, информатика, технология ва ғайра; дуюм, рушди бевоситаи тафаккури техникӣ тавассути тарбияи малакаҳои эҷодкорӣ, мунтазам ҳал намудани масъалаҳои мантиқӣ ва муаммоҳои мантиқӣ-техникӣ, таҳияи нақша ва графикаҳо, иҷрои лоиҳаҳои эҷодӣ, таҳияи модел, механизм ва конструктсияҳои содатарин, ҳалли масъалаҳои конструкторӣ ва техникию технологӣ ва ғайра.
Яке аз корҳои самарабахши таълиму тарбия истифодаи технологияи ҳозиразамон, яъне, компютерҳо, воситаҳои сабти овоз, аудио – видео, телевизорҳо ва дастгоҳҳои аккосию барномасозӣ дар раванди таълим мебошад. Фанни физика барои рушди тафаккури техникӣ имконоти зиёд дорад.
Рушди тафаккури техникӣ дар дарси физика тавассути машғулиятҳои амалӣ дар кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз, бо истифода аз аёниятҳои зарурӣ, реактивҳо ва маводи кимиёвӣ, намунаи техника ва технологияҳо ба анҷом расонида мешавад. Инчунин, тафаккури техникӣ дар натиҷаи иштироки хонандагон дар корҳои беруназсинфӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои «техникҳои наврас» низ рушд меёбад.
Яке аз роҳҳои таълим ва тарбияи тафаккури техникӣ беҳтар намудани кори таълиму тарбия, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва низоми салоҳиятнокии таълим мебошад. Ҳоло фанни физика дар ҷумҳурӣ бо низоми салоҳиятнокӣ таълим дода мешавад, ки он афзалияти худро нишон дода истодааст. Чоп шудани китобҳои нави дарсӣ, нашри маводи таълимӣ, бозомӯзии омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисос, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба барномаҳои таълимӣ барои иҷрои ин мақсади асосӣ равона карда шудааст. Афсӯс, ки аксаран маводи китобҳои дарсии чопи солҳои пешин аз фанни физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ моҳиятан ҷараёни таълими босалоҳиятро инъикос карда наметавонанд ва мазмунан ба низом тобеъ нестанд. Аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони физика «Роҳнамоҳои фаннӣ» омода шудааст, ки то як андоза мушкили омӯзгоронро осон месозад. Дар ин дастур роҳ, тарз, шакл ва методҳои гуногуни фаъолгардонии рафти таълими физика пешниҳод гардидаанд.
Якчанд намуди фаъолияти омӯзгорони физикаи шаҳри Исфараро пешниҳод менамоем.
Усули омӯзиши проблемавӣ. Омӯзиши проблемавӣ усули омӯзишиест, ки тавассути ба вуҷуд овардани вазъиятҳои проблемавӣ ва ташкили дурусти фаъолияти хонандагон дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли проблемаи пешниҳодгардида ба роҳ монда мешавад. Ин усулро дар ҳама марҳилаҳои омӯзиш истифода бурдан мумкин аст. Хонандагон дар раванди таҳлили маводи назариявӣ ва мушоҳидаҳо бояд мустақилона хулосабарорӣ намуда, таърифи мафҳумҳо ва қонунҳои физикиро шарҳ дода, муносибати байни бузургиҳоро ошкор карда тавонанд.
Усули лоиҳа. Дарси лоиҳавӣ усули навест дар педагогикаи миллӣ ва мо ҳоло аз он самаранок истифода мебарем. Коркарди супоришҳои лоиҳавӣ аз якчанд зина иборат аст: коркарди супориши лоиҳавӣ (интихоби мавзуъ, зермавзуъ, таъсиси гурӯҳҳои эҷодӣ, омода намудани мавод, муайян кардани шаклҳои баёни ҷамъбастӣ), коркарди лоиҳа, ороиши натиҷаҳо, муаррифӣ ва арзёбӣ. Дар ҳақиқат, ин усул аз оғоз истифодаи муҳити зистро чун озмоишгоҳе, ки ҷараёни маърифат дар он сурат мегирад, пешбинӣ менамояд. Хонандагон баъди ба охир расидани ҳар боб ё мавзуи калон кори лоиҳавӣ иҷро мекунанд. Онҳо доир ба мавзуъҳои омӯхташуда ва аҳаммияти физика дар пешрафти илму техника, татбиқи физика дар соҳаҳои мудофиаи мамлакат, иқтисодиёт, тиҷорат, тиб, технологияи иттилоотӣ, кайҳоншиносӣ, химияву биология маводи зиёдеро ҷамъ меоваранд. Инчунин, онҳо аз фаъолияти олимони машҳур гузоришҳои ҷолиби диққат пешниҳод мекунанд. Иҷрои ин корҳо дар ниҳоди хонандагон эҷодкорӣ ва масъулиятшиносиро тарбия намуда, алоқамандии физика ва техникаро ба ҳаёти ҳаррӯза нишон медиҳад.
Ташкили корҳои фардӣ ва гурӯҳӣ. Таълими тафриқавии физика аз усулҳои муҳимтарини таълим ба ҳисоб меравад, ки мо дар фаъолияти худ аз он васеъ истифода мебарем. Дар он шаклҳои кори инфиродӣ, кори ҷуфтӣ, кори гурӯҳӣ ва қайди хусусиятҳои фардии хонанда истифода мешавад. Дар синфе, ки муаллими ботаҷриба дарс мегузарад, мушоҳида кардан мумкин аст, ки хонандагон ҳамроҳи муаллимашон чӣ тавр гиреҳи масъаларо мекушоянд: ба далелҳои пеш омӯхтаашон такя мекунанд ва хулоса мебароранд.
Кор бо китоб ва технологияҳои иттилоотӣ. Яке аз вазифаҳои муҳимми омӯзгор аз он иборат аст, ки хонандаро бо китоб, маълумотномаҳо, интернет ва дигар манбаъҳои илму дониш шинос намояд ва кор карданро омӯзонад.
Ҳалли масъалаҳо. Фанни физикаро бидуни ҳалли масъалаҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро бо воситаи масъалаҳо тамоми ҳодисаҳо, равандҳо ва қонуниятҳои табиӣ шарҳу эзоҳ дода мешаванд. Ҳалли масъалаҳо тафаккури фикрӣ – техникӣ ва маҳорату малакаи амалии хонандагонро тақвият мебахшад. Масъалаҳоро дар ҳар гуна машғулиятҳо бо мақсади гуногун, аз ҷумла, барои гузориши проблема ва ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ, ташаккули маҳорату малакаи амалӣ, санҷиши савияи дониш, такрори мавзуъҳои гузашта, мустаҳкамкунии дониш ва ғайра мавриди истифода қарор додан мумкин аст. Дар таълими физика тақрибан сеяки вақти ҷудогардидаро барои ҳалли масъала истифода мебаранд. Мо бояд ба он муваффақ шавем,ки оянда хонандагон худашон масъалаҳоеро тартиб диҳанд, ки моҳияти техникӣ дошта бошанд. Агар хонанда як масъаларо бо якчанд роҳ ҳал намояд, беҳтар аз он, ки сад масъаларо бо як роҳ.
Озмоишҳои хонагӣ. Озмоишҳои хонагӣ аз фанни физика яке аз намудҳои фаъолияти таълимии хонандагон ба шумор меравад. Таҳти мафҳуми озмоишҳои хонагӣ чунин таҷриба ва мушоҳидаҳоеро фаҳмидан лозим аст, ки онҳоро хонандагон дар хона (ҳангоми тайёрӣ ба дарс) аз рӯйи супоришоти омӯзгор, ки ба маводи барномаи таълимӣ мувофиқ аст, иҷро менамоянд.
Усули «Эврика». Истифодаи усули «Бозиҳои дидактикӣ» бо номи «Эврика» дар рушди тафаккури техникӣ манфиатбахш аст. Хонандагон дар натиҷаи баҳсу мунозира ва озодона баён кардани фикру ақидаи худ доир ба ин ё он ҳодисаи физикӣ ба хулосаи дуруст меоянд.
Ҳалли кроссворд. Ёфтани муаммоҳои дар кроссворд пешниҳодшуда, барои фаъол гардонидани қобилияти фикрии хонандагон ва такрори мавзуъҳои гузашта омӯхтани мавзуи нав, ёрирасон аст.
Истифодаи адабиёти бадеӣ, илмию оммавӣ ва эҷодиёти шифоҳии халқ. Дар дарсҳои физика истифодаи пораҳо аз адабиёти бадеӣ, илмию оммавӣ ва эҷодиёти шифоҳии халқ доир ба ҳаёт ва фаъолияти олимон, ихтироъкорон, таърихи кашфиёти бузурги техникӣ, ҳодисаҳои табиат, сохтмони иншооти бузург, намоиши видеофилмҳо ва барномаҳои телевизион, барои бештар аз худ кардани мавзуъҳо ба хонандагон ҳамчун воситаи ёрирасон хидмат мекунанд.
Ҳамчунин, баргузории ҳафтаҳои фаннӣ физика ва озмунҳо, гузаронидани корҳои хаттӣ ва корҳои лабораторӣ такмилбахши сатҳи таълими физика вобаста ба рушди тафаккури техникӣ хоҳад буд.
Барои беҳтар гардидани таълиму тарбия ва рушди тафаккури техникӣ бояд. 1. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз карда шаванд, зеро илм бе таҷриба ва амалия ҳеҷ аст. 2. Дастурҳои замонавӣ аз тарафи омӯзгорони навовару пешқадам ва олимон ба чоп расонда шаванд. 3. Китобҳои дарсии физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳе ба чоп расонида шаванд, ки моҳиятан рафти таълими босалоҳиятро таъмин карда тавонанд ва мазмунан ба низом тобеъ бошанд. 4. Чопи луғатҳои гуногун, донишномаҳо (қомусҳо), барномаҳои дарсӣ, китобҳои нави илмӣ-оммавии ба шароити замони муосир мувофиқ ба роҳ монда шавад. 5. Омӯзгорони ин фанҳо аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба таври ҷиддӣ гузаранд ва ин курсҳо самарабахш бошанд. 6. Бояд китобҳои судманде оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии нобиғагоне, ба монанди Абумуҳаммади Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Абунасри Форобӣ, Насруддини Тӯсӣ, Абубакри Розӣ, Абуалии Сино, Умари Хайём ва олимони замони муосир ба таври шавқовар ва оммафаҳм навишта, зери силсилаи «Аз ҳаёти одамони наҷиб» ба чоп расонда шаванд. 7. Дар мактабҳои олӣ ба масъалаи тайёр намудани омӯзгорони фанҳои дақиқ аз ҳисоби хонандагони болаёқат дар гурӯҳҳои буҷетӣ барои муассисаҳои таълимӣ бештар эътибор дода шавад.
Бобохон Қаюмов,
омӯзгори физикаи МҒД «Мактаби зеҳнии ТОРУАН»-и шаҳри Исфара, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон