Имконоти фанҳои дақиқ

Имрӯз ҷаҳон дар марҳалаи рушди босуръати илм ва технология қарор дошта, пешрафтҳои илмӣ ва техникӣ тамоми соҳаҳои зиндагиро фаро гирифтаанд ва барои ҷомеа имкониятҳои нав эҷод мекунанд. Дар чунин шароит омӯзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла, математика, физика, химия, биология ва технологияҳои навин, на танҳо дар рушди илм ва технология нақши муҳим мебозад, балки барои пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа низ аҳаммияти аввалиндараҷа доранд. Ин фанҳо барои шакл додани ҷаҳонбинии илмӣ ва фаҳмидани равандҳои табиат асоси бунёдӣ мегузоранд.

Аҳаммияти фанҳои дақиқ дар рушди ҷомеа
Фанҳои дақиқ на танҳо ба касбияти шахс асос мегузоранд, балки дар ташаккули тафаккури мантиқӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва қобилияти ҳалли мушкилот нақши муҳим мебозанд. Ҳар як соҳаи ҳаёт – аз тиб то муҳандисӣ, аз технология то иқтисодиёт – ба донишҳои фанҳои табиӣ ва дақиқ такя мекунад. Масалан, математика асоси тамоми илмҳои дақиқ ба шумор рафта, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодӣ, муҳандисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ истифода мешавад. Пешрафтҳо дар соҳаи робототехника, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ асосан ба донишҳои математика ва информатика вобастаанд. Ин равандҳо барои рушди иқтисоди рақамӣ ва саноатикунонии муосир аҳаммияти ҳалкунанда доранд. Физика ва кимиё ба фаҳмиши қонунҳои табиат ва истифодаи онҳо барои эҷоди технологияҳои муосир, дар мубориза бо мушкилоти экологӣ, аз қабили гармшавии глобалӣ ва коҳиши манбаъҳои табиӣ мусоидат мекунанд. Пешрафтҳо дар соҳаи генетика, дорусозӣ ва технологияи тиббӣ, ки барои беҳтар кардани сиҳатии инсон ва табобати бемориҳои гуногун равона шудаанд, бидуни омӯзиши амиқи биология ва кимиё ғайри­имконанд.
Дар асри XXI бозори меҳнат бештар мутахассисони дорои донишу малакаҳои фаннӣ ва техникиро талаб мекунад. Муҳандисон, барномасозон, тадқиқотчиёни соҳаи биотехнология ва мутахассисони соҳаи энергетикаи алтернативӣ аз ҷумлаи касбҳои серталаботи имрӯза ба ҳисоб мераванд.
Ҳамин тавр, омӯзиши фанҳои дақиқ имкон медиҳад, ки насли ҷавон ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад.
Чораҳо барои рушди омӯзиши фанҳои дақиқ
1. Таълими муосир. Муассисаҳои таълимӣ бояд барномаҳои таълимиро бо технологияҳои инноватсионӣ мутобиқ созанд ва дарсҳоро шавқовару роҳандозӣ намоянд.
2. Таъмини омӯзгорон. Омӯзгорони фанҳои дақиқ бояд доимо малакаву дониши худро такмил диҳанд ва аз усулҳои ҷадиди таълим бархурдор гарданд.
3. Рушди манбаъҳо. Мактабҳо ва донишгоҳҳо бояд бо таҷҳизоти лабораторӣ, китобҳо ва барномаҳои электронӣ таъмин шаванд.
4. Ҳавасмандгардонӣ. Барои толибилмон ва донишҷӯёне, ки дар фанҳои дақиқ муваффақ мешаванд, стипендияҳо ва имтиёзҳо муқаррар карда шаванд.
Омӯзиши фанҳои дақиқ танҳо як ихтисос нест, балки талаботи муҳимми ҷомеаи муосир аст. Барои кишварҳое, ки мехоҳанд дар рушди илм ва иқтисод пешсаф бошанд, таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ на танҳо муҳим, балки зарур аст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аст, ки ба омӯзиши ин фанҳо аҳаммият диҳад ва дар рушди онҳо саҳм гузорад.
Хулоса, эълони Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби Пешвои миллат қадами муҳимми стратегӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, илму маориф ва ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ин ташаббус ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар рушди кишвари худ саҳм гузоранд ва ба сатҳи ҷаҳонӣ бароянд. Омӯзиши фанҳои дақиқ яке аз асоситарин омилҳои пешрафти ҳар як миллат аст. Ҷавонони донишманд ва соҳибис­теъдод, ки оид ба фанҳои дақиқ маълумоти фарогир доранд, метавонанд ояндаи кишварро бештар равшан созанд. Ҷомеаи босавод ва пешрафта танҳо дар заминаи омӯзиши илмҳои дақиқ ба вуҷуд омада метавонад.
Шамс ҚУРБОНОВ,
омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ-риёзии Коллеҷи тиббии ноҳияи Б. Ғафуров