Сифати таълим дар мадди назар

Чунонки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28.12.2024) зикр гардид, имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамоянд. Дар робита ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, як қатор озмунҳои ҷумҳуриявиро роҳандозӣ намуда истодааст.

Соли ҳафтум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо дастгирию пуштибонии Роҳбари давлат баргузор мегардад ва мо шоҳиди он ҳастем, ки шумораи дӯстдорони каломи бадеъ мунтазам меафзояд.
Ҳамзамон, озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» низ бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону до­нишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо доир мегардад.
Дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар иштирок карда, ғолибон соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардиданд.
Хонандагони муассисаи таълимии мо низ дар ин озмунҳо фаъолона иштирок мекунанд. Масалан, дар озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!» хонандаи синфи 9 «ғ» Оиша Ҷобирова ҷойи 1-ум, хонандаи синфи 8 «г» Раҳмия Назризода ҷойи 2-юм, дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Раҳмия Назризода сазовори ҷойи ифти­хорӣ гардиданд.
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар байни хонандагони синфҳои 11-ум озмун дар мавзуи «Мубориза бар зидди омилҳои коррупсионӣ» роҳандозӣ гардида, мақоланависи беҳтарин Сафина Раҳмонова аз тарафи маъмурият бо диплом ва 1000 сомонӣ мукофотонида шуд.
Хонандагони муассиса дар олимпиадаҳои фаннӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.
Пешвои миллат хотирнишон карданд, ки «ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеа­ро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад ва сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат ин эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад».
Имрӯз вазифаи мо – омӯзгорон, пеш аз ҳама, дар қалби ҷавонону наврасон бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватан­парастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад. Ҷавонону наврасон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.
Руқия РАҶАБОВА,
омӯзгор, раиси иттифоқи касабаи МТМУ №94-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе