АЗ ПЕШРАФТИ ИЛМУ МАОРИФ ТО САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

Муқаддима

Мусаллам аст, ки ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод мегардад, ки ба тақвияти фаъолият ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ такони ҷиддӣ мебахшад. Дар Паёми навбатии Сарвари давлат (28.12. 2024) тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода шуданд. Дар Паём, аз як тараф, дар бораи дастовардҳои кишвар дар давоми як сол маълумот ироа гардида бошад, аз тарафи дигар, вазифаҳои муҳим барои рушди минбаъдаи мамлакат муайян карда шуданд. Аз ин рӯ, метавон Паёмро барномаи амал барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва заминаи асосии расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат маънидод кард. Чунки Паём таҳлилу таҳқиқ ва баррасиву дурнамои тамоми соҳаҳоро фаро мегирад.

Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тадриҷан дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад ва тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба марҳалаи нави рушд ворид гардид, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуд ва даромади буҷети давлатӣ бамаротиб афзоиш ёфт. Ин ҳама собит менамоянд, ки иқтисодиёти кишвар бомаром рушд мекунад. Тоҷикистон дар арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар қатори амнтарин давлатҳои ҷаҳон қарор дорад ва моро мебояд дар роҳи таҳкими истиқлолу ваҳдат ҳамвора талош намоем.

Нақши технология дар замони муосир

Дар асри технология он давлате қудратманду тавоност, ки аз технологияи пешрафта ва васоити иттилоотии навин бархурдор бошад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар Паём ба масъалаи истифодаи васеи технология ва рақамикунонии иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва таъкид намуданд: «Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд».

Ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки ба ин масъала аз зовияи фаротар ни­гоҳ кунем ва тавре дар раванди давлатдорӣ ва рушди иқтисоди миллиямон онро истифода кунем, ки омили асосии устувории давлат ва зиндагии шоистаи мардум гардад. Вобаста ба ин масъала, Сарвари давлат дар панҷ соли оянда вазифаҳои мушаххасро пешниҳод намуданд, ки амалӣ намудани онҳо метавонад давлати моро ба низоми электрониву рақамӣ ва истифодаи самараноки технология дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ворид созад. Аз ҷумла, иҷрои фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G), инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати корбурди технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдги­рии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот ва ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дониста шуданд.

Бояд қайд кард, ки барои расидан ба ҳадафҳои зикршуда, аз як тараф, ба омода намудани кадрҳои баландихтисосу ҳирфаӣ ниёз ба миён ояд, аз ҷониби дигар, таъсиси ихтисосҳои замонавӣ зарурат пайдо мекунад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат дастур доданд, ки «…дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад». Дар баробари ин, дар муассисаҳои таҳсилоти олии кас­бӣ таъсис додани ихтисос ва кафедраву факултетҳо ба мақсад мувофиқ бу­да, ин амалкард дар самти тайёр намудани мутахассисони варзидаи самти технологияи навин мусоидат хоҳад кард.

Саноатикунонии босуръати кишвар

Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон тадриҷан навгониҳои зиёде дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт амалӣ гардида, бунёди корхонаҳои саноатӣ бомаром идома дорад. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ба мамлакати саноатӣ табдил дода шавад ва маҳсулоти он дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазир гардад. Зарур аст, ки дар бунёди корхонаҳои саноатӣ аз технологияи муосир истифода гардад ва маҳсулоте коркарду истеҳсол шавад, ки аз як тараф, арзон, аз ҷониби дигар, дорои сифати баланд бошад. Маълум аст, ки имрӯз дар дунё рақобат дар бозори фурӯши маҳсулот дар авҷ буда, ин моро муваззаф мегардонад, ки дар заминаи омӯзиш ва эҳти­ёҷот корхонаҳои нав бунёд ва маҳсулоти ватаниро ба фурӯш барорем. Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи захи­раҳои табиӣ мебошад ва коркарду истихроҷи онҳо кишвари моро ба давлати тараққикардаву пешрафта дар арсаи ҷаҳон табдил медиҳад. Бинобар ин, бояд бунёди корхонаҳо дар доираи захираҳои табиӣ ба роҳ монда шавад, ки манфиатбор хоҳад буд. Хушбахтона, дар мамлакат бунёди корхонаҳо бомаром идома дорад ва он рӯз дур нест, ки маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳон рақобатпазир гардад. Вобаста ба ин масъала, дар Паём таъкид шуд: «Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст». Ин нишондод аз суръати рушди иқтисоди миллӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад ва тақвият бахшидани ин самт ба ҳамаи соҳаҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Рушди маориф – калиди муваффақият

Шоистаи таъкид аст, ки дар Паёмҳои Пешвои миллат соҳаи маориф ҳамеша дар меҳвар қарор дорад ва баҳри рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар Паёми навбатӣ низ соҳаи маориф дар авлавият қарор дода шудааст. Маълум аст, ки омили пешравию шукуфоии ояндаи кишвар ба маориф иртиботи ногусастанӣ дорад. Зеро он кишваре ба саодату хушбахтӣ ва комёбиҳо ноил мегардад, ки ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва шароити мусоиди омӯзишу таълимро барои муҳассилин фароҳам меорад. Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ маорифро ҳамчун соҳаи калидӣ эълон намуда, барои баланд гардидани маънавиёти аҳли ҷомеа ҳамаҷониба талош менамоянд. Аз ин рӯ, мехоҳем ба чанд нуктаи муҳим ва корҳои назаррас, ки дар кишвар анҷом дода шудааст, мурур кунем.

Маблағгузории соҳа ва вусъати бунёди мактабҳо

Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф густариш ёфт, ки заминаи асосии пешрафти соҳа мебошад. Чунки асоси пешравӣ ва рушди соҳа тадриҷан зиёд намудани маблағгузорӣ ба он ба ҳисоб меравад. Ин ҳолат аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ба соҳаи ҳаётан муҳим шаҳодат медиҳад ва аҳли маорифро ба таълиму тарбия дилгарм менамояд.

Дар баробари ин, бунёди муассисаҳои таълимӣ вусъат пайдо намудаву ҳамасола теъдоди зиёди мактабҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Мусаллам аст, ки яке аз омилҳои баланд гардидани сатҳу сифати таълим шароити мусоид ба ҳисоб меравад ва дар кишвар ҷиҳати омӯзиш ва таълиму тарбия шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат ҳангоми сафар ба шаҳру навоҳии мамлакат бевосита чанд муассисаи нави таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо аҳли маориф мулоқоту суханронӣ анҷом медиҳанд. Дар баробари ин, ҳамасола даҳҳо муассисаи нави таълимии муҷаҳҳаз дар гӯшаву канори мамлакат бунёд ва ба ихтиёри хонандагон вогузошта мешаванд. Дар се соли охир дар кишвар 1500 муассисаи таълимӣ сохта шудааст, ки далели равшани ин гуфтаҳост. Дар ҷумҳурӣ ба масъалаи фарогирии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад, чунки маҳз заминаи асосии шавқманд намудан ба омӯзиш дар кӯдакистон гузошта мешавад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паём масъулинро вазифадор намуданд, ки «… дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».

Дастгирии омӯзгорон

Масъалаи дигаре, ки ба рушди соҳаи маориф мусоидат мекунад, дастгирии иҷтимоии омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора талош менамояд, ки шароити иҷтимоӣ баҳри фаъолияти бавусъату самарабахши омӯзгорон ҳамаҷониба таъмин карда шавад. Аз ин рӯ, ҳамасола музди меҳнати кормандони соҳаи маориф баланд бардошта мешавад. Дар баробари ин, онҳо бо қарзҳои имтиёзноку заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин, бо мукофотҳои соҳавию давлатӣ қадрдонӣ мегарданд. Дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки «…дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд». Дар баробари ин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 «маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад; маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад».

Қабули санадҳои меърию ҳуқуқӣ

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия ва аз рӯйи низоми муайян ҷараён гирифтани ин раванд мусоидат мекунанд, қабули қонун, барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ вобаста ба соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Маҳз ҳуҷҷатҳои муҳим метавонанд, ки соҳаи маорифро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созанд ва дар ҷаҳони муосир рақобатпазир гардонанд. Стратегияву барномаҳои давлатӣ соҳаи маорифро ба низоми нави маорифи ҷаҳонӣ мутобиқ месозанд ва имкону шароит фароҳам меоранд, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ тадриҷан такмил ёбанд, сатҳу сифати таълим боз ҳам баланд бардошта шавад. Оид ба ин масъала дар Паём таъкид гардид: «Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд».

Ҳамчунин, вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо техникаву технологияи навини таълим, кабинетҳои фаннӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёди арзишманд анҷом дода шудааст, ки ба рушду пешрафти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Илм – неруи пешбар

Илм неруи тавонову пешбари ҷомеаву давлат буда, он метавонад кишварро ҳамаҷониба рушду такомул бахшад. Аз ин рӯ, дар мамлакат ба ин соҳаи ҳаётан муҳим диққати махсус дода мешавад. Зеро оянда ҷаҳонро илм идора мекунад ва таҳаввулоту дигаргуниҳои илму технология моро водор мекунад, ки диду фаҳмиши худро дар роҳи омӯзиши илм фаротару амиқтар намоем. Ин масъала дар Паёми Пешвои миллат ба таври махсус таъкид гардид ва вазифаҳои мушаххас дар самти таҳқиқи илмҳои бунёдӣ ба миён гузошта шуданд. Торафт мавқеъ пайдо намудани зеҳни сунъӣ, ки фаъолияти одамонро бамаротиб осон кардааст, нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ дар ин самт метавонад таҳаввулоти ҷиддиро дар ҳама соҳаҳо ба вуҷуд орад. Бинобар ин, аз зинаҳои аввали таҳсил ба масъалаи кашфу ихтироъ, ҳисси кунҷковии кӯдакон ва наврасон, рушди лаёқати онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро ҷаҳонро онҳое идора хоҳанд кард, ки дар самти зеҳни сунъӣ ба дастовардҳо ноил мегарданд. Заминаи асосии ихтироъкорию навоварӣ аз зинаҳои аввали таҳсил оғоз меёбад ва маҳз аз таълиму тадриси дуруст ва мактабу маорифи пешрафта мутахассисони варзидаву тавонову ҳушманд ба камол мерасанд. Ба ин мазмун, Пешвои миллат таъкид карданд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад».

Вазъи ноороми ҷаҳон ва ифтихори ватандорӣ

Мусаллам аст, ки вазъи ҷаҳон сол то сол муташанниҷ мегардад ва ин раванд моро водор месозад, ки ҳар чи бештар муттаҳид гардем ва дар таҳкими сулҳу субот ва истиқлоли миллӣ саҳми шоиста гузорем. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷанги сард миёни давлатҳои алоҳида ба миён омадаву дар гӯшаву канори ҷаҳон вазъияти ноором ҳукмрон аст ва ҳазорон нафар одами бегуноҳ қурбони муноқишаву ҷангҳои манфиатҷӯёнаи абарқудратҳо мегарданд. Ин ҳолат моро водор мекунад, ки бештар ҳушёру зирак бошем ва аз як сӯ, арзишҳои давлатдориямонро ҳифз намоем, аз сӯйи дигар, рушди иқтисоди миллиро устувор гардонем. Дар Паёми Пешвои миллат масъалаи мазкур дар авлавият қарор дошта, ба таври мушаххас мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтааст. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «…нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем».

Хатарҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ рӯз то рӯз бештар мегардад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки ба масоили худшиносиву худогоҳии миллии наврасон ва тарбияи эҳсоси ватандӯстии ҷавонон диққати махсус зоҳир намоем. Дар ин самт рисолати устодону омӯзгорон ва аҳли маориф бояд бештар гардад, то истиқлолу ваҳдат ва сулҳу субот дар кишвар боз ҳам таҳким ёбад. Зеро дар ҷаҳони муосир маҳз он давлат пойдору устувор мегардад, ки наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа худшиносу худогоҳ ва арҷгузор ба арзишҳои миллию давлатӣ бошанд. Аз ин ҷост, ки дар Паём Сарвари давлат ин масъаларо дар авлавият қарор дода, аҳли ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавононро ҳушдор медиҳанд, ки бештар биомӯзанд ва аз донишҳои муосир бохабар гарданд ва ба доми фиреби гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гирифтор нашаванд. Ба ин мазмун дар Паём омадааст: «…ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд».

Хулоса

Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи дурнамои рушди кишвар ба пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Дар Паём, дар баробари бозгӯйии дастоварду комёбиҳо, масъалаҳои муҳимме ба миён гузошта шуданд, ки иҷрои онҳо кишвари моро ба марҳалаи нави рушд ворид мекунад. Дар Паём таълиму тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони варзидаву забондону суханвар ва ихтироъкору навовар рисолати асосии аҳли маориф ва муассисаҳои таълимӣ ҳисобида шуда, дар ин замина аҳли маориф водор мешаванд, ки дар доираи он фаъолияти хешро тақвият бахшанд, дар таълиму тарбия масъулияти бештар эҳсос кунанд ва мутахассисони варзидаро ба камол расонанд. Дар зимн, ба масъалаи рушди тафаккури техникии наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, дарсҳоро рангину ҷолибу шавқовар ба роҳ мондан талаби замон аст. Инчунин, ҳангоми пажуҳишҳои илмӣ мавзуъҳоеро мавриди омӯзиш қарор бояд дод, ки натиҷаҳои онҳо дар раванди истеҳсолот татбиқшаванда ва дар самти технологияи инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ судманду самаровар бошанд.

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»