ИФОДАГАРИ ТАМАННИЁТИ НЕК

Сада ҷашни қадимаи халқи тоҷик ва мардуми Шарқ буда, садсолаҳост, ки зиндагии мардумро файзу фараҳ мебахшад. Гузаштагонамон ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро «Ҷашнҳои чоргона» номидаанд, ки хусусиятҳои фарқкунанда доранд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2018 ҳар сол 30 январ дар ҷумҳурӣ иди Сада таҷлил мегардад.

Дар ДДХ ба номи академик Б. Ға­фуров бахшида ба идҳои мардумӣ конфронси илмӣ, сабқатҳои адабию варзишӣ ва вохӯриҳо баргузор мегарданд. Профессори ДДБ ба номи Н. Хусрав, доктори илмҳои физика-математика Абдулҳай Комилӣ мегӯяд: — «Сада чун маросими зироаткорон дар «Авасто», асарҳои Абурайҳони Берунӣ, «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврӯзнома»-и шоир ва файласуф Умари Хайём ва дигарон зикр шудааст». Мардумшиноси машҳури рус Н.А. Кисляков навиштааст: «Идҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз бузургтарин идҳои Эрони қадим ба шумор рафта, бо расму русуми ҷолиб гузаронида мешуданд. Иди Сада, аз рӯйи гуфтаи Муҳаммад Наршахӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурай­ҳони Берунӣ ва Байҳақӣ, сад рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил мешуд.

Номзади илмҳои таърих, профессор Усто Ҷаҳонов мегӯяд, ки Садаро сад шабонарӯз пеш аз Наврӯз ҷашн мегирифтанд, ки он мутобиқи солшумории нав ба 30-31-уми январ рост меояд. Аммо тоҷикони Вахё ва дигар маҳаллаҳои ин минтақа онро таҳти номи Ҳут мутобиқи солшумории нав 28 феврал ҷашн мегиранд ва он нишонаҳои Садаи қадимро нигоҳ доштааст.

Бино ба ақидаи мардумшинос М. Раҳимов, омодагӣ ба ҷашни Ҳут пешакӣ сар шуда, ҳанӯз фасли тирамоҳ соҳибхоназанҳо барои омода сохтани таоми маросимӣ ба дохили «рӯғанчима» (кӯза барои нигоҳдории равған) равғани зард гузошта, болояшро бо хамир рӯйпӯш ва болои хамирро бо лой андова мекарданд. Кӯзаҳоро то фарорасии ид нигоҳ медоштанд ва дар рӯзи иди Ҳут ба шавҳаронашон медоданд. Мардҳо кӯзаро ба аловхона (ҷойи баргузории иду маъракаҳо ва ҷамъомади ҳаррӯзаи мардҳо, ки масъалаҳои рӯзро муҳокима мекарданд) мебурданд.

Дар рӯзи фарорасии Ҳут ҳар хонавода то 50-100 дона чапотӣ (нони маросимӣ ҳисобида мешуд) омода карда, онро ба аловхона равон мекард. Баъзе аз сокинони дигари деҳа ҳамро­ҳашон шир, ҷурғот, намак, инчунин, дегу табақу коса ва пиёлаву чумча мегирифтанд. Мардҳо дар аловхона таоми маросимии «руғанҷӯшӣ» омода карда, дар зарфҳои ширу ҷурғотдошта нон реза карда, аз болояш равғани зарди доғшуда мерехтанд ва якҷоя тановул мекарданд. Ҳамин гуна таомро дар аловхона се рӯз пайи ҳам омода месохтанд. Ба ғайр аз ин, ҳар хонадон ба қадри тавон таоми дигар низ пухта, онро ба аловхона равон мекард.

Сарватмандон гӯсфанд ё буз забҳ карда, онро яклухт пухта, ба ин макон меоварданд. Одатан чунин рӯзҳо дар аловхона хӯроки зиёд ҷамъ мешуд ва онро тақсим мекарданд. Дар омода ва тақсими таоми идона мардони калонсол иштирок мекарданд, зеро занҳо идро дар хонаҳояшон истиқбол мегирифтанд. Дар давоми се рӯзи таҷлили иди Ҳут дар аловхонаҳо пайваста гулхан меафрӯхтанд. Дар гирду атрофи он барои ҷӯшонидани чой чойҷӯшҳои калони мисин ва чӯянӣ мегузоштанд. Ду-се мард масъули чойкашӣ мешуданд ва ин масъулиятро тамоми рӯз ба дӯш мегирифтанд. Сипас, дар атрофи гулхан хурсандиву шӯхӣ, сурудхонӣ, мусиқинавозию рақсу бозӣ карда, масхарабозҳо бо рақсҳои ҳазломез саҳначаҳо намоиш медоданд.

Хуллас, маросиме, ки дар иди Ҳут дида мешавад, ба иди Сада монанд аст. Сурудҳои ба ҷашни Ҳут бахшида, ки иди зироаткорон аст, одамонро аз наздикшавии фасли баҳор ва айёми омода намудани асбоби деҳқонӣ ба киштукор огоҳ менамоянд. Вале баъзан дар моҳи феврал, хусусан, дар охири Ҳут, деҳқононро сардиҳои зиёди ғайричашмдошт интизор аст. Бо мақсади он ки табиат ба ҳоли деҳқон раҳм кунад ва сардиҳо тезтар ба анҷом расанд, мардум боз дар аловхона ҷамъ шуда, дуои хайр хонда, чорвоеро забҳ мекарданд.

Дар равғане, ки ҳанӯз фасли тирамоҳ дар «рӯғанчима» гузошта, барои Ҳут нигоҳ медоштанд, таоми ширрӯған омода карда, онро бо ча­потӣ истеъмол мекарданд. Аз ин ҳама маълум мешавад, ки Сада иди тоисломӣ аст, зеро дар он давра чорабиниву иду ҷашнҳо дар аловхона бо пухтани намудҳои гуногуни таомҳо, сурудхониву рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхиҳо баргузор мешуд… Сада муаррифи тамаддуни волои маънавии халқи тоҷик ва таҷассумгари ҳаёти рангину орзую омоли мардум мебошад.

Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров