Пас аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки саропо таърихи пешазисломии мардуми моро фаро гирифтааст, дар таърихи адабиёти асримиёнагӣ Хоқонии Шарвонӣ (1126-1197) аз суханваронест, ки дар ашъораш бештар аз ҳама асотири Эрони пешазисломӣ ифода ёфтааст ва ин гувоҳи он аст, ки ӯ аз таърихи Эрони бостон ва шахсиятҳои устураии он огоҳии жарфтаре дорад. Номҳои подшоҳон ва шахсиятҳои устуравие, ҳамчун Ҷамшед, Фаридун, Кова, Заҳҳок, Ковус, Кайқубод, Кайхусрав, Сиёвуш ва подшоҳони таърихӣ чун Анӯшервону Хусрави Парвиз дар сурудаҳои ӯ бозтоби равшан ва возеҳ доранд. Зикри номи паҳлавонони ҳамосӣ, чун Золу Симурғ, Рустаму Афросиёб, Рустаму Суҳроб, Исфандиёру Ораш, Бежану Манижа ва дигарон дар ашъори ӯ назаргир аст. Ин огоҳию ошноиҳо аз фарҳангу асотири пешин боиси пайдоиши истиораву ташбеҳ, кинояву иҳом ва умуман, тасвирҳои зебо дар девони Хоқонӣ шудаанд.
Яке аз беҳтарин қасидаҳои Хоқонӣ «Айвони Мадоин» аст, ки ҳамаи суханшиносону муҳаққиқон онро намунаи олии марсияи иҷтимоӣ шумурдаанд. Ин қасида аз 42 байт иборат буда, дар баҳри ҳазаҷи мусаммани ахраб (мафъулу мафоилун мафъулу мафоилун) иншо гаштааст.
Дар китоби «Адабиёти тоҷик» (Сатторзода А. Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. – Душанбе: «Маориф», 2024) яке аз мавзуъҳо ба Хоқонӣ бахшида шудааст (саҳ.251-260). Муаллифи китоб маълумоти хеле мухтасар, вале пурмаънӣ дар бораи Хоқонӣ ва осор, мақому мартабаи ӯ дар адабиёт дода, сипас қасидаи «Айвони Мадоин»-ро пурра оварда, таҳлил намудааст. Бояд эътироф кард, ки китоби мазкур яке аз беҳтарин китобҳои фанни адабиёт барои мактабҳои миёна ба шумор меравад.
Барои таҳлил ва шарҳи пурраи ин қасида саҳифаҳои зиёде лозим мешавад ва дар ин мухтасар ба қадри имкон кӯшиш мекунем, ки танҳо байтҳоеро шарҳ бидиҳем, ки фаҳмиданашон барои омӯзгорон душворӣ пеш меоранд.
Ҳон, эй дили ибратбин, аз дидаи бар кун, ҳон,
Айвони Мадоинро ойинаи ибрат дон.
Вожашиносӣ: Ҳон – нидо барои огоҳонидан, огоҳ бош, ба ҳуш бош; ибратбин – ибратгир, андарзпазир, он ки ибрат пазирад. Сабақе, ки одамон аз мушоҳида ва мулоҳизаи аҳволи дигарон мегиранд, Панд, намуна, дарси ҳаёт, ба эътибор гирифтани таҷрибаи зиндагии дигарон; Ибар – шакли ҷамъи ибрат, инчунин, шакли ҷамъи абрат (ашк); айвон – кушк қаср, кох; пеши хона, даҳлез; тоқ ва нишастгоҳи бузургон; айвони Мадоин – тоқи Кисро, ки дар Мадоин (Тайсафун) воқеист; Мадоин – номест, ки арабҳо ба маҷмуи ду шаҳр – Тайсафун дар соҳили чапи Даҷла ва Сулукия дар соҳили рости он ва панҷ шаҳри дигар ниҳода буданд ва маҷмуи ин шаҳрҳоро «Мадоини сабъа» мехонданд ва барои осон шудани талаффуз «сабъа»-ро ҳазф карданд ва Мадоин мегуфтанд ва чун тоқи Кисро дар шаҳри Тайсафун бино шуда буд, маҷозан ба Тайсафун «Мадоин» итлоқ шудааст;
Маънӣ: Эй дили ибратбин, аз мушоҳидаҳои худ панд бигир ва вайронаҳои айвони Мадоинро мояи ибрат қарор бидеҳ.
Як раҳ зи лаби Даҷла манзил ба Мадоин кун
В-аз дида дуввум Даҷла бар хоки Мадоин рон.
Вожашиносӣ: Як раҳ – як бор; Даҷла – рӯди бузургест, ки аз доманаҳои ҷанубии силсилаи кӯҳҳо дар шимоли Туркия сарчашма мегирад пас аз тайи мусофирате тӯлонӣ ба Фурот мепайвандад ва Арвандрӯдро ташкил менамояд, сипас ба халиҷи Форс мерезад; дуввум – сифати ададии тартибӣ, ки пеш аз мавсуфи худ омадааст, «дуввум Даҷла» истиора аз ашки фаровон аст.
Маънӣ: Як бор аз роҳи Даҷла дар Мадоин фуруд ой (ва ба ёди гузаштаҳову нопойдории ҷаҳон) ашки бисёр бирез ва Даҷлаи дигаре бар хоки Мадоин ҷорӣ бикун.
Бар Даҷла гирӣ нав-нав в-аз дида закоташ деҳ,
Гарчи лаби дарё ҳаст аз Даҷла закотистон.
Вожашиносӣ: Гирӣ – ашк бирез, феъли амр аз гиристан; нав-нав – паёпай; закот – он чи барои тазкияи (пок кардан, соф кардан) мол, чунонки дар роҳи шаръ муқаррар аст дар роҳи Худо дода мешавад; закотистон – закотгир, ситонандаи закот.
Маънӣ: Бар Даҷла паёпай гиря кун ва аз чашми худ закоташ бидеҳ, ҳарчанд ки лаби дарё аз Даҷла закот мегирад (зеро ки оби Даҷла ба дарё мерезад ва закотдеҳро закот наметавон дод)
То силсилаи айвон бигсаст Мадоинро,
Дар силсила шуд Даҷла, чун силсила шуд печон.
Вожашиносӣ:Силсилаи айвон – ишора ба ҳамон занҷири машҳур ба занҷири адли Анӯшервон аст. Муаллифи «Сиёсатнома» дар бораи додхоҳии пирзане аз зулму ҷабр ба Анӯшервон нақл мекунад ва менависад, ки «Пас бифармуд то силсилае созанд ва ҷарасҳо дар ӯ даровезанд, чунонки дасти ҳафтсола кӯдак ба он бирасад, то ҳар мутазаллиме, ки ба даргоҳ ояд ӯро ба ҳоҷибе ҳоҷат набувад, силсила биҷунбонад, ҷарасҳо ба бонг оянд, Нӯшервон бишнавад, он касро пеш хонад, сухани ӯ бишнавад ва доди ӯ бидиҳад».
Дар силсила шуд – девона шуд, дар гузашта девонаҳоро занҷирбанд мекарданд.
Маънӣ: Чун занҷири айвони Мадоин пора шуд, Даҷла мисли девонаҳо шуд (дар силсила шуд, занҷирбанд шуд) ва монанди занҷир ба худ печон гашт (Даҷла аз гусастани занҷири адолат мутаассир шуд).
Аз навҳаи ҷуғд, алҳақ, моем ба дарди сар,
Аз дида гулобе кун, дарди сари мо биншон.
Вожашиносӣ: Навҳа – зорӣ, нола, гиря кардан ба овози баланд; ҷуғд – бум, парандаест аз радаи шикориёни шабона, ки бо доштани як ҷуфт кокул дар болои гӯшҳо фарқкунанда аст ва бо наҳсиву номуборакӣ машҳур аст, маконаш ҷойҳои харобаву валангор мебошад; алҳақ-фи алҳақиқа – ба ростӣ; гулоб – оби хушбӯ ва муаттар, ки аз гули сурх мегиранд ва қадимиён онро барои дарди сар муфид медонистанд.
Маънӣ: Аз нолаву зории ҷуғд ба ростӣ, ки мо дучори сардард шудаем, ашке аз дида бирез ва гулобе бисоз ва сардарди моро таскин деҳ.
Не Золи Мадоин кам аз пирзани Куфа,
Не ҳуҷраи танги ин камтар зи танӯри он.
Донӣ чи Мадоинро бо Куфа баробар неҳ,
Аз сина танӯре кан в-аз дида талаб тӯфон.
Вожашиносӣ: Золи Мадоин ишора ба ҳамон пиразане, ки тибқи ривоятҳо дар шафати девори қасри Анӯшервон кулбаи найӣ сохта буд ва вақте Анӯшервон азми кандани девор кард, то майдони айвонро васеътар созад, амр кард, ки барои ин пирзан дар ҳар куҷое, ки мехоҳад қасре бисозед, то кулбаашро вайрон кунем. Чун амри шоҳро ба пиразан расонданд, ӯ розӣ нашуд, Анӯшервон маҷбур шуд, он кулбаро даст нарасонад ва деворро каҷ карда, саҳни айвонро фарох бисозад, ки ин ҳам як навъ адолатпеша будани Анӯшервонро бозгӯ мекунад. Пирзани Куфа ишора ба қиссаи тӯфони Нуҳ аст, ки тибқи ривояте тӯфон аз ҳамон танӯр сар зада буд.
Маънӣ: Дар ин байт Хоқонӣ бо овардани қиссаи Золи Мадоину пирзани Куфа Арабу Аҷамро муқоиса карда, сипас меафзояд, ки агар мехоҳӣ шаҳомати қасри Мадоинро дарк кунӣ, бояд дар худ фурӯ биравӣ, яъне, гузаштаи худро шиносӣ ва аз ҳасрату ғами гузаштаи худ аз дидагон ашки тӯфонмонанд бирезӣ.
Ин ҳаст ҳамон даргаҳ, к-ӯро зи шаҳон будӣ,
Дайлам малики Бобил, ҳинду шаҳи Туркистон.
Вожашиносӣ:Дайлам ва ҳинду дар байти боло ифодагари маънии нигаҳбону ғулом аст, Бобил, Бобулистон – номи қадимаи Ироқ.
Маънӣ: Айвони Мадоин ҳамон даргаҳест, ки замоне шоҳони Бобилу Туркистон дарбону ғуломонаш буданд.
Ин ҳаст ҳамон суффа, к-аз ҳайбати ӯ бурдӣ,
Бар шери фалак ҳамла шери тани шодурвон.
Вожашиносӣ:Суффа-айвони сақфдор; шери фалак- бурҷи асад, ки дар минтақатулбуруҷ миёни бурҷи саратон ва бурҷи сунбула воқеъ аст; шодурвон- саропарда, ки дар гузашта пеши дари хона ва айвони подшоҳон ва амирон меовехтанд; шери тани шодурвон – ишора ба сурати шер дар рӯи саропардаи сулолаҳои сосонӣ.
Маънӣ: Ин ҳамон суффаест, ки замоне шоҳони Сосонӣ нишаста фароғат мекарданд ва аз сурати шере, ки дар саропардаи онҳо кашида шуда буд, ҳатто шери фалак (бурҷи асад) метарсид.
Аз асб пиёда шав, бар натъи замин неҳ рух,
Зери пайи пилаш бин шаҳмот шуда Нӯъмон.
Не-не, ки чу Нуъмон бин пилафкани шоҳонро,
Пилони шабу рӯзаш гашта ба пайи даврон.
Эй бас шаҳи пилафкан,к-афканда ба шаҳ пилӣ,
Шатранҷии тақдираш дар мотгаҳи ҳирмон.
Вожашиносӣ: Натъ – бисот ва фарши чармин ва маҷозан ба маънои фарши густарданӣ, чун натъи шатранҷ, натъи хоб ва амсоли ин; рух – яке аз муҳраҳои шатранҷ, ки ба шакли рухи мурғи мавҳум сохта мешуда ва ба ду интиҳои сафи аввал ниҳанд ва ба чаҳор сӯи руқъа то ҳама ҷо рост раванд, ду муҳраи сафед дар шатранҷ, ки шакли устувона доранд; Нуъмон – Нуъмон ибни Мунзар, маъруф ба Нуъмони саввум аз подшоҳони оли Лахм ё мунозараи Ҳира дар даврони ҷоҳилият ва муосири подшоҳони Сосонӣ. Нуъмон (585-613 м.) дар замони Ҳурмузи Анӯшервон ва бо фармони ӯ ба соли 593 мелодӣ ба подшоҳии Ҳира расид ва то замони Хусрави Парвиз салтанат дошт. Хусрави Парвиз бар ӯ ғазаб кард ва ӯро дар Хонақайн ба зиндон партофт ва навиштаанд дар он зиндон аз тоъун мурд. Баъзе гуфтаанд, ки Хусрави Парвиз ӯро зери пои фил афканд ва ба лагади пилон ҳалок шуд (Шарҳи луғот ва таъбироти девони Хоқонӣ, саҳ. 1545).
Дар тавзеҳи Мирҷалолиддини Каззозӣ омадааст, ки «Хусрав Анқафир – духтари Нуъмонро, аз ӯ ба занӣ хоста буд. Анқафир, ки тарсо шуда буд аз рафтан ба машкуии шоҳӣ сар бартофт ва ба дайре паноҳ бурд ва ба шумори роҳибагон даромад… ва саранҷом Нуъмон ҷон бар сари он ниҳод» (Гузориши душвориҳои девони Хоқонӣ, саҳ. 484); ҳирмон – ноумедӣ.
Маънӣ: Вақте аз канори Даҷла савори асп мегузарӣ, замоне биист, аз асп пиёда шаву рӯятро ба замин бинеҳ. Он гоҳ мебинӣ, ки Нуъмон ибни Мунзар чӣ тавр зери пои фил ба ҳалокат расидааст. Яъне, гардиши рӯзгор (пилони шабу рӯз) бисёр шоҳони зӯру тавоноеро, мисли Нуъмони Мунзар кушта, аз байн бурдааст ва шатранҷии сарнавишт онҳоро дар мотгаҳи ноумедӣ қарор додааст.
Кисрову турунҷи зар, Парвизу беҳи заррин,
Барбод шуда яксар, бар хок шуда яксон.
Вожашиносӣ: Кисро – шакли арабишудаи Хусрав аст; турунҷи зар – меваи заррин, турунҷи заррини Хусрави Парвиз аст, турунҷе, ки аз зари дастафшор сохта буд ва ҳар гоҳ мехост бо андак зӯри даст нарм мешуд (Зиёуддини Саҷҷодӣ. Фарҳанги луғот ва таъбирот бо шарҳи эълом ва мушкилоти девони Хоқонӣ.- Теҳрон,1374, саҳ. 254); беҳ – навъе аз меваҳои хушбӯи себмонанди обӣ (Фарҳанги забони тоҷикӣ, саҳ. 180).
Маънӣ: Хусрави Парвиз бо турунҷи зару беҳи зарринаш дигар нест, ҳама ба хок яксон шудааст.
Парвиз кунун гум шуд, з-он гумшуда камтар гӯ,
Заррин тара ку бар хон? Рав камтараку бархон.
Вожашиносӣ:Мирҷалолиддини Каззозӣ дар шарҳи ин абёт менависад: «Яке аз шигифтиҳои Хусрави Парвиз хони заррин будааст, ки ҳама он чи дар он ниҳода мешудааст, низ аз зар будааст, монанди тараи зарин… миёни «камтар гӯ» ва «камтараку» ҷиноси мураккаби мафруқ метавонем ёфт, бадеъиёни куҳан дар миёна коф ва гоф ҷудоӣ намениҳоданд, «тара ку» низ бо «тараку» ҷиносе аз ҳамон гуна метавонад дошт» (Гузориши душвориҳои девони Хоқонӣ. — Теҳрон, 1385, саҳ. 485).
Аз хуни дили тифлон сурхоби рух омезад,
Ин Золи сапедабрӯ в-ин моми сияҳпистон.
Вожашиносӣ:Сурхоб — гулгуна, моддаи сурхранг, ки занон ба гунаи худ мемоланд; Золи сапедабрӯ-истиора аз дунё ба эътибори куҳнагӣ ва ҳамчунин, метавонад ба маънои рӯз бошад; моми сияҳпистон- зане, ки фарзандаш зинда намемонад ва низ зане, ки ҳар тифлро шир диҳад, бимирад, истиора аз дунё ба эътибори шумӣ, наҳсӣ ва фарзандкушии он. Хамчунин, ба маънои сиёҳӣ ва торикӣ, яъне, шаб. Яъне, шабу рӯз, ки айёмро ташкил медиҳад. Гардиши фалак.
Маънӣ: Гардиши фалак ҳатто ба тифлон ҳам раҳм намекунад, онҳоро кушта, аз хунашон рухсораҳои худро ранг месозад.
Гар зоди раҳи Макка тӯша-ст ба ҳар шаҳре,
Ту зоди Мадоин бар туҳфа зи пайи Шарвон.
Ҳар кас барад аз Макка субҳа зи гили Ҳамза,
Пас ту зи Мадоин бар тасбеҳи гили Салмон.
Вожашиносӣ: Зод – зода, ба маънии маҳсулот; тӯша – дар ин ҷо ба маънии ҳадия, раҳовард; тасбеҳ аз гили Ҳамза – ишора ба Ҳамза — амаки паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки дар 57-солагӣ ба шаҳодат расид. Ва гӯянд, ки аз хоки гӯри ин шаҳид бори аввал духтари паёмбари ислом тасбеҳ месохт. Гӯри Салмони Форсӣ дар наздикии харобаҳои айвони Мадоин қарор дорад ва дар асри нуздаҳи мелодӣ деҳкадаи хурде дар муқобили он бино карданд, ки он Салмони пок ном гирифтааст.
Маънӣ: Яъне, агар дигар ҳоҷиён ҳамчун раҳовард ба сифати туҳфа тасбеҳ аз Арабистон биёранд, ман аз гили Салмони Форс тасбеҳ мебарам, ки ҳамчун форс дар тарвиҷу тарғиби дини ислом ӯ ҳам нақши беандоза дорад.
Бингар, ки дар ин қитъа чӣ сеҳр ҳамеронад,
Маҳтуки мусаббаҳдил, девонаи оқилҷон.
Вожашиносӣ: Сеҳр рондан — соҳирӣ кардан, киноя аз овардани каломи фасеҳ ва устувор; маҳтук-беақл, маҷнун; мусаббаҳдил-дили равшан, соҳиби дили пок.
Маънӣ: Дар ин байт Хоқонӣ аз сари фахр худро ба маломатиён монанд мекунад, ки зоҳирашонро дар маломат мондаанд, то ботинашон саломат бошад. Ва қасидаашро қитъа гуфта, ҳамчун намунаи сеҳр онро ситоиш кардааст.
Боймурод ШАРИФЗОДА