Чанде пеш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 65-солагии адабиётшинос ва муҳаққиқи номвар, шодравон Муртазо Зайниддинзода таҳти унвони «Масъалаҳои равобити адабӣ ва тарҷума дар замони истиқлол» ҳамоиш баргузор гардид. Дар он адибону пажуҳишгарон ва донишмандони тоҷик иштирок намуда, доир ба фаъолияти эҷодиву пажуҳишӣ ва хидматҳои мавсуф дар таҳкими робитаҳои адабӣ ва муаррифии адабиёти тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ суханронӣ карданд. Ба ин муносибат китоби «Номаи донишварон» (Хуҷанд: Ношир, 2024. – 372 с.) чоп гардид, ки дар он дӯстону ҳамкорон ва адабиётшиносон доир ба хидмати устод М. Зайниддинзода дар таҳқиқи адабиёт, робитаҳои адабӣ ва таълиму тарбия бо ихлосу самимият меҳрномаҳои хешро навиштаанд. Инчунин, китоби дигаре таҳти унвони «Мизони сухан» (Москва, Кетлеров, 2024. – 204 с.) ба табъ расид, ки дар он мақолаҳои дар солҳои охир ба нашр расондаи мавсуф гирдоварӣ шудааст.
***
Фаъолияти устод Муртазо Зайниддинзода серпаҳлую доманадору фарогир мебошад. Мавсуф ҳам дар ҷодаи таҳқиқ, ҳам дар ҷодаи таълим ва ҳам дар ҷодаи роҳбарӣ аз худ нақши бориз гузоштааст. Ҳангоми фаъолият дар факултети журналистика як муддат М. Зайниддинзода декани факултет буд ва ба мо-донишҷӯён аз таърихи адабиёти хориҷӣ дарс мегуфт. Дарсҳои муаллим хеле рангину ҷолиб сурат мегирифтанд. Мавзуъҳои дарсиро моҳирона ба муҳассилин шарҳу тавзеҳ мебахшид ва асарҳои зиёдеро аз адабиёти ҷаҳон медонист. Зимни тадриси мавзуъҳо аз асарҳои адибони ҷаҳон порчаҳо азёд мегуфту ғояи он асарҳоро маънидод мекард. Омӯзиши васеъ аз адабиёти ҷаҳон дошт ва аз ин рӯ, бо ташкил ёфтани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз номинаи адабиёти ҷаҳон чанд сол ҳамчун раиси ҳакамон фаъолият дошт, ки ин аз эътирофи ӯ дар доираи илму адаби кишвар шаҳодат медиҳад.
***
Дар ҷодаи таҳқиқ низ устод М. Зайниддинзода сермаҳсул буда, мунтазам дар саҳифаҳои матбуот нигоштаҳояш доир ба ҷараён ва робитаҳои адабии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ чоп мегардиданд ва дар онҳо нақши адабиёт дар таҳкими дӯстӣ ва тақвияти ҳамкориҳо таҳлилу арзёбӣ мешуданд. Бояд гуфт, ки ҳар гоҳ сухан аз пайванди адабии мардуми тоҷик бо дигар кишварҳо, хусусан, адабиёти тотор равад, номи устод Муртазо Зайниддинзода дар қатори беҳтарин пажуҳишгарон қарор мегирад. Таҳқиқу баррасии робитаҳои адабии халқи тоҷик бо дигар миллатҳо аз муҳимтарин мавзуъҳои адабиётшиносӣ маҳсуб ёфта, дар таҳкими ҳавзаҳои адабии кишварҳо, дӯстӣ ва муаррифии адабиёти оламшумули тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Дар зимн, баррасии робитаҳои адабии тоҷику тотор аз муҳимтарин таҳқиқоти мавсуф ба ҳисоб меравад ва ӯ асарҳои зиёдеро дар ин самт таълиф кардааст. Китобҳои «Қаюм Носирӣ. Абуалӣ Сино», «Ёде аз бузургон», «Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар баробари ин, ӯ мақолаҳои зиёде доир ба робитаҳои адабӣ эҷод намудааст, ки омӯзиши онҳо барои аҳли илму адаб ва пажуҳишгарон муфид хоҳад буд. Дар умум, хидмати устод М. Зайниддинзода дар таҳкиму тақвияти робитаҳои адабии кишварҳои хориҷӣ мондагор аст.
***
Китоби нави устод М. Зайниддинзода «Мизони сухан», ки навиштаҳои солҳои охири муаллифро дар бар мегирад, дар шинохти бештари адибону олимони номвар ва робитаҳои адабӣ сарчашмаи муътамад маҳсуб меёбад. Дар китоби мазкур мақолаҳои «Шеъри ҳунар ва истеъдод», «Ғазал пир нашудааст», «Зуҳури фарҳанги ҳиндӣ ва густариши робитаҳои адабӣ», «Дилдодаи мизони сухан», «Дар паноҳи руҳи бузургон», «Осори чеҳраҳои адабиёти ҷаҳон дар тарҷумаи Сотим Улуғзода», «Нақши мунаққид дар тағйироти сифатӣ пайдо кардани асари бадеӣ», «Болиғназар», «Тақдири таърихи «Дафтари Маобит»-и Мусо Ҷалил», «Назаре ба саргаҳи равобити халқҳои тоҷику белорус», «Бозтоби чеҳраи Асрорӣ дар ашъори шоирони тоҷик», «Ёди ёри меҳрубон», «Ҳодии ҳақсиришт», «Чеҳраи пурҷило», «Вафодори сухан», «Дӯстони беғаразу бекинаем», «Тарғибгари дӯстиву рафоқат», «Фазилати суннати дерин» ва «Суруди дилангези дӯстӣ» фароҳам оварда шудаанд. Мазмуну муҳавои нигоштаҳои муаллиф гуногун буда, дар онҳо вобаста ба масъалаҳои адабиётшиносӣ, офариниши симои муҳаққиқону олимони номвар, вижагиҳои тарҷумаи бадеӣ ва равобити адабӣ сухан меравад.
***
Муаллиф дар мақолаи «Осори чеҳраҳои мондагори адабиёти ҷаҳон дар тарҷумаи Сотим Улуғзода» марҳала ба марҳала тарҷумаҳои осори адибони номвари ҷаҳонӣ ва маҳорати тарҷумонии устод С. Улуғзодаро барои хонанда равшан намудааст. Ба тарҷума рӯ овардани нависандаи забардаст ва аввалин тарҷумааш дар ҳаммуаллифӣ аз ҷониби адибони маъруфи замон, аз ҷумла, устод Айнӣ баҳои баланд гирифта, ин омил шавқу рағбати ӯро ба ин пешаи мушкилписанд бештар кардааст. Маълум аст, нахустин асаре, ки С. Улуғзода тарҷума кардааст, ҳикояи қиссамонанди М. А. Алексеев «Сом ва Дик» мебошад, ки он соли 1929 бо ҳамқаламии донишҷӯйи факултети шарқшиносии Донишгоҳи Тошканд – Понов аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудааст. Маҳз ҳамин тарҷума нависандаро барои тарҷумаҳои бештар шавқманд намуд ва дар ин ҷода аз муваффақтарин тарҷумонҳо гардид. Баъдан романи «Ғурмагас»-ро бори нахуст бо номи «Занбӯр» аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд ва ин амал ӯро ҳамчун тарҷумони баркамол ба аҳли адаб муаррифӣ кард. Дар баробари ин, дар нашри минбаъдаи романи «Ғурмагас» аз муаллиф хоҳиш карда мешавад, ки бори дигар ин романро бознигарӣ намояд. Нависанда баъди беш аз 50 соли нахустини тарҷума заҳмати хешро дар ин самт баҳогузорӣ ва дар сарсухани соли 1982-и романи «Ғурмагас» чунин менигорад: «Тарҷумаи тоҷикии роман нахустин бор соли 1931 ба алифбои арабӣ бо номи «Занбӯр» чоп шуда буд. Баъд аз он роман ду карат нашр шуд, лекин ҳар ду дафъа ҳам бе иштироки мутарҷим дар тасҳеҳ ва таҳрири нави он. Вақте нашриёти «Маориф» барои нашри чаҳорум тайёр кардани романро аз ман хоҳиш кард, ман баъди 50 сол тарҷумаи худамро аз нав хонда баромада дидам, ки дар он вақт камтаҷрибагии мутарҷими навҷавон, забони русиро ва ҳатто забони адабии худамро ҳам пухта надонистани ӯ ва инчунин, ҳанӯз такмилнаёфта будани услуби таҳрири ӯ ба тарҷума акси худро бекаму кост зада будааст. Ғайр аз инҳо, аз чӣ сабаб бошад, ки баъзе порчаҳои роман аз тарҷума афтода мондааст».
Дар ин миён, муаллиф аз маҳорати тарҷумонии С. Улуғзода сухан ба миён гузошта, хидмати ӯро дар тарҷумаи беҳтарин асарҳои адабӣ муайяну мушаххас кардааст. С. Улуғзода ҳам дар тарҷумаи назм, ҳам наср ва ҳам драматургия дасти тавоно дошта, намунаи беҳтарин асарҳои ҷаҳониро барои хонандаи тоҷик тарҷума ва пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, асарҳои Этел Лилиан Войнич «Ғурмагас», А. Островский «Гунаҳкорони бегуноҳ», Билл Белосерковский «Ҳаёт даъват мекунад», Галдони «Хизматгори ду хоҷа», «Ҳамлет»-и Шекспир, «Дон Кихот»-и Сервантес «Тил Уленшпигел»-и Шарл де Костерро тарҷума кардааст. Воқеан, хидмати С. Улуғзода дар тарҷумаи беҳтарин асарҳои ҷаҳонӣ шоистаи таҳсину омӯзиш мебошад ва дар ин ҷода нависандаи дақиқназар маҳорату малакаи баланд доштаву китобҳоро тарзе тарҷума кардааст, ки хонанда ҳадафи адибонро дарку маърифат менамояд ва гумон мекунад, ки он бо забони тоҷикӣ таълиф шуда бошад, ки ин аз муҳимтарин вижагии тарҷума маҳсуб меёбад. Муаллиф барои муқоиса тарҷумаи русии асарҳои тарҷуманамудаи нависандаро ба таври намуна овардаву дар ин замина маҳорати тарҷумонии нависандаро барои хонанда нишон медиҳад. Ин нуктаро дар хулосаи муҳаққиқ М. Зайниддинзода ба дарустӣ метавон дарёфт намуд: «Сотим Улуғзода дар таърихи тарҷумаи тоҷик шахсияти тавоно ва ҳунармандест, ки тавоноии ҳам нависандаи бузург ва ҳам тарҷумони асилро дошт ва дар ин замина хидмати бесобиқаеро анҷом дод. Намунаҳои классикии наср ва драматургияи ҷаҳонӣ ба туфайли истеъдод ва хидмати фидокоронаи ӯ моли адабиёт ва забони тоҷикӣ шуданд».
***
Мавзуи равобити адабии мардуми тоҷик ба дигар халқҳо аз муҳимтарин пажуҳишҳои устод М. Зайниддинзода ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, ки дар тарғиби адабиёти тоҷик дар арсаи ҷаҳон ва ҳамкориҳои адабӣ хидмати устод мондагор аст ва дар ин боб нигоштаҳои зиёде ба табъ расондааст. Аз ҷумла, дар китоби «Мизони сухан» чанд мақолааш оварда шудааст, ки ба равобити адабии мардуми тоҷик бо дигар халқҳо, аз қабили беларус, ӯзбек ва қазоқ бахшида шудаанд. Дар мақолаҳои мазкур муаллиф ҳангоми муайян намудани равобити адабӣ ва дӯстии адибони халқҳои мавриди назар заминаи ташаккули онҳоро бо далелҳои илмӣ мушаххас менамояд ва андешаҳояшро бо овардани абёт ва иқтибосҳо аз асарҳои илмию адабӣ тақвият мебахшад. Муаллиф мавзуи равобити адабии мардумони тоҷику қазоқро дар заминаи омӯзиши асарҳо ва таъсирпазирии адабиёти тоҷик ба адибони қазоқ мавриди таҳлил қарор додааст. Ба ин маънӣ, муҳаққиқ зикр менамояд, ки намунаи равшани таъсирпазирӣ достонҳои «Искандар», «Масъуд» ва «Панднома»-и Абай аст, ки дар пайравии «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус таълиф шудаанд. Ҳамкории мутақобилан судманди адибони тоҷику қазоқ дар эҷодиёти адибони ҳар ду миллат ба таври чашмрас намудор мегардад. Ба таъкиди муҳаққиқ, нависандаи номдори қазоқ Мухтор Авезов аз дӯстдорони адабиёти тоҷик буда, бо шоиру нависандагони тоҷик дӯстиву ҳамкории самарабахш доштааст. Дар зиндагиномаи ин адиби забардаст, аз меҳру муҳаббати ӯ ба устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ ва дигар адибони тоҷик сухан меравад.
Ташаккулу таҳаввули ин равобитро метавон дар чопи асарҳои адибони тоҷик бо забони қазоқӣ дар Қазоқистон ва тарҷумаи асарҳои адибони қазоқ дар Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ин ҳамкориҳо дар муаррифии адабиёти тарафайн мусоидат бинмудааст.
Бояд қайд кард, ки равобити адабии халқҳои тоҷику беларус, асосан, дар замони Шуравӣ ба вуҷуд омадаву тадриҷан густариш ёфтааст. Дар зимн, равобити халқҳои тоҷику ӯзбек, ки заминаи таърихии он аз Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ оғоз меёбад, дар замони истиқлол вусъат ёфтааст. Имрӯз ба таври чашмрас осори адибони тоҷик бо забони ӯзбекӣ ва осори адибони ӯзбек бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр мегарданд.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки раванди ташаккули робитаҳои адабии мардумони тоҷик бо кишварҳои хориҷӣ дар замони истиқлол ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, ҳамкориҳо дар ин самт ба таври мудовим идома дошта, пайваста ҳамоишҳои муштарак баргузор ва асарҳои адибони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ва асарҳои адибони хориҷӣ дар мамлакат чоп ва дастраси хонандагон мегарданд. Ба ин мазмун, китоби «Мизони сухан»-и устод Муртазо Зайниддинзода барои аҳли илму адаб ва шинохти бештари равобити адабӣ бо кишварҳои хориҷӣ муҳимму муфид мебошад.
***
Дарвоқеъ, хидмати устод Муртазо Зайниддинзода доир ба шинохти масъалаҳои адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, робитаи адабию тарҷумаи бадеӣ, масъалаҳои гуногуни назму наср, ҳунари эҷод, нақши пайвандҳои адабӣ дар таҳаввули адабиёти халқҳо, бозтоби шахсият ва мақоми донишмандону муҳаққиқон, адибону мутарҷимон, ки дар рушди адабиёту фарҳанги миллӣ хидмати арзанда кардаанд, бориз аст.
…Агар риштаи умри устод М. Зайниддинзода бармаҳал канда намешуд, барои илму адаби тоҷик хидматҳои бештареро анҷом медод. Аммо умр вафо накард, вале хидматҳои ин донишманди тавоно дар таълиму тарбия ва пажуҳишҳои арзишмандаш дар рушди илми тоҷик ӯро дар қалби аҳли илму адаб ва шогирдону дӯстон то абад зинда нигоҳ медорад.
Эҳсон САФАРЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»